Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди президент бо миллионҳо доллар маҷмааи "махфӣ" месозад


Отабек Умаров дар соли 2007 бо Шаҳноза, духтари хурдии Шавкат Мирзиёев, издивоҷ кард
Отабек Умаров дар соли 2007 бо Шаҳноза, духтари хурдии Шавкат Мирзиёев, издивоҷ кард

Отабек Умаров, домоди Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, дар як маҳаллаи гаронарзиш дар Тошканд ба миллионҳо доллар маҷмааи истиқоматӣ месозад. Таҳқиқи бахши узбекии Радиои Озодӣ нишон дод, ки барои иҷрои ин тарҳи “махфӣ” тақрибан бист хона вайрон карда шудааст.

"Ҳоло барои худ қаср месозад"

Манбаъҳои сершумор ва аз ҳам ҷудо тасдиқ карданд, ки Отабек Умаров, муовини раиси Хадамоти амнияти президенти Узбекистон, ба сокинон фишор овардааст, то хонаву дари худро барои сохтмони “бинои дараҷаи олӣ” холӣ кунанд. Ин сохтмон дар якуним гектар қомат хоҳад афрохт. Баҳояш тақрибан бист миллион доллар арзёбӣ мешавад.

Бунёди маҷмааи истиқоматии боҳашамат дар Тошканд аломати он аст, ки Отабек Умаров сарвати зиёде дорад. Дар ҳоле ки ӯ як ходими давлатист ва ба назар мерасад маошаш чандон калон нест.

Шавкат Мирзиёев дар соли 2016, пас аз марги Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешин ва худкомаи Узбекистон, ба қудрат расид. Вай ваъда дода буд, ки дар ин кишвари сераҳолии Осиёи Марказӣ шаффофият ва ислоҳоти бештар меорад, аммо таҳқиқоти пайиҳами Радиои Озодӣ нишон дод, ки наздикони Мирзиёев аз муомилаҳои пурдаромад ва ношаффофи давлатӣ фоида мегиранд.

Отабек Умарови 40-сола намоёнтарини онҳост. Ӯро дар миёни элитаи сиёсӣ ва иқтисодии ҳукумати Узбекистон "шахси муҳим ва паси парда" медонанд. Кишваре бо 37 миллион нуфус ва ғанӣ аз газ.

Отабек Умаровро "шахси муҳим ва паси парда" дар миёни элитаи сиёсӣ ва иқтисодии Узбекистон медонанд
Отабек Умаровро "шахси муҳим ва паси парда" дар миёни элитаи сиёсӣ ва иқтисодии Узбекистон медонанд

Домоди Мирзиёев аз рӯйи вазифааш мансабдори сатҳи миёна аст ва ба ҷуз аз маош расман даромади дигар надорад, вале пайваста соату мошинҳои гаронбаҳояшро дар шабакаҳои иҷтимоӣ намоиш медиҳад.

Маҷмааи нави истиқоматии вобаста ба ӯ дар ноҳияи Мирзо Улуғбек, дар шимоли шарқи Тошканд, сохта мешавад. Дар маконе, ки хонаи пешинааш ҷойгир аст. Умаров соли 2007 дар онҷо бо Шаҳноза, духтари хурдии Шавкат Мирзиёев, издивоҷ кард.

Бар асоси навори моҳвораӣ, ки Радиои Озодӣ санҷид, аз соли 2018 ба ин сӯ камаш 20 хонаи атрофи ин манзил вайрон карда шуда, як майдони васеъ ба вуҷуд омадааст. Ҳоло мошинҳои сементбар дар онҷо равуо доранд ва таҷҳизоту дастгоҳҳои дигари сохтмонӣ кор мекунанд.

Як мансабдори пешини шаҳри Тошканд, ки бевосита бо қазия ошност, гуфт, Умаров тақрибан панҷ сол пеш бо пешниҳоди хариди хонаҳои гирду атроф “нақшаи бузург”-и худро ба роҳ андохт. Ба қавли ӯ, соҳибони хонаҳо имкони радди ин пешниҳодро надоштанд.

"Баъд аз харидан, ҳамаи хонаҳоро вайрон кард. Арзиши ҳар кадоме аз онҳо аз ним миллион то якуним миллион доллар аст. Ҳоло барои худ қаср месозад," – гуфт ин мансабдори собиқ. Вай аз тарси қасосгирии хонаводаи президенти Узбекистон нахост, ки номаш фош шавад.

Радиои Озодӣ ба чанд ширкати хонафурӯшӣ дар Тошканд тамос гирифт ва арзиши амволи ғайриманқулро дар ноҳияи Мирзо Улуғбек пурсид. Нархи 100 метри мураббаъ манзил дар онҷо ҳудуди 100 000 доллар гуфта мешавад.

Соҳибони хонаҳое, ки вайрон карда шудаанд, ба Радиои Озодӣ маълум аст, аммо ба далели амниятӣ онҳоро фош намекунем. Хешованди яке аз онҳо бе баёни номаш гуфт, “бисёриҳо маҷбур шуданд, ки хонаҳои наву калони худро ба манзилҳои кӯҳна дар минтақаҳои камарзиш ва бидуни гирифтани маблағи иловагӣ иваз кунанд.”

Шавкат Мирзиёев
Шавкат Мирзиёев

Чандин манбаи огоҳ аз ин мавзуъ гузориши мушобеҳеро аз раванди фурӯши хонаҳо ироа карданд. Радиои Озодӣ натавонист ба ҳуҷҷатҳое, ки ин иддаоро тасдиқ мекунанд, дастрасӣ ёбад.

Дар қайди ҳозираи давлатӣ номи соҳибони қитъаҳои замин дар маҷмааи вобаста ба Отабек Умаров нест. Дар сабтҳое, ки пештар Радиои Озодӣ дастрас кард, моликони баъзе аз ин қитъаҳо номбар шудаанд. Аз моҳи июни соли 2022 соҳиби ҳашт қитъа Зафар Мамаҷонов, корманди Федератсияи ҷудои Узбекистон, аст. Иртиботи ӯ бо Отабек Умаров дар таҳқиқоти пешинаи Радиои Озодӣ ошкор шуда буд.

Historical satellite images over several years shows the razing of homes at the secretive Umarov-linked compound in Tashkent. (Google Earth)
лутфан мунтазир бошед
Historical satellite images over several years shows the razing of homes at the secretive Umarov-linked compound in Tashkent. (Google Earth)

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:14 0:00

Дархостҳои хатии Радиои Озодӣ ба Отабек Умаров, Зафар Мамаҷонов, дафтари Шавкат Мирзиёев ва Оҷонси мубориза бо фасоди Узбекистон дар бораи маҷмааи истиқоматӣ то замони нашри матлаб беҷавоб монданд.

Маҷмааи марбут ба Умаров дар маҳаллаи Шортеппаи ноҳияи Мирзо Улуғбеки Тошканд сохта мешавад. Дар онҷо мансабдорони баландпояи давлатӣ ва сарватмандони Узбекистон манзил гузидаанд. Дар ҳоли ҳозир гирди сохтмонро бо девори баланди филизӣ печондаанд. Дурбинҳо ва маъмурони амниятӣ атрофро назорат мекунанд.

Як раҳгузар ба суоли он ки дар паси девор чӣ сохта хоҳад шуд, гуфт, ишора кардан ба ин макон “мумкин нест”. Ва ба суоли “чаро?” посух дод, ки “ин аз домоди президент аст”.

Масҷидро мекӯчонанд, чӣ месозанд?

Дар Шортеппа ва маҳаллаҳои атрфои он як масҷид ҳаст. Онро дар солҳои 1950-ум сохтаанд. Намозгузорон барои расидан то масҷид бояд роҳи дарозеро тай кунанд, ки аз майдони сохтмони вобаста ба Умаров мегузарад.

Тибқи иттилои манбаъҳои гуногун, масҷидро вайрон мекунанд. Масҷиди нав дар масофаи 40 метр дуртар аз маҷмаа бунёд хоҳад шуд. “Худо хоҳад, бунёди масҷиди нав то моҳи Рамазони оянда дар назар аст. То он вақт масҷиди кӯҳна кор мекунад. Сипас вайрон мешавад. Мо намедонем, ки дар замини он чӣ месозанд. Эҳтимол боғ созанд," – гуфт як корманди масҷид.

Мусоҳиби мо нагуфт, ки замини масҷиди кӯҳнаро кӣ хоҳад гирифт. Тибқи маълумоти расмӣ, он дар масоҳати 1288 метри мураббаъ ҷойгир аст ва ба гуфтаи хонафурӯшон арзишаш тақрибан 1 миллион доллар аст.

Ин масҷидро, ки дар наздикии маҷмааи марбут ба Отабек Умаров аст, вайрон мекунанд
Ин масҷидро, ки дар наздикии маҷмааи марбут ба Отабек Умаров аст, вайрон мекунанд

Як сокини маҳаллӣ, ки аз қазия хабар дорад, гуфт, “духтари хурдии раисиҷумҳур дар ҳамсоягии мо зиндагӣ мекунад” ва ӯ бо шавҳараш “масҷиди нав месозанд”. “Барои бунёди масҷиди нав шӯрои маҳалларо каме дуртар, ба як бинои дуошёна, кӯчонданд,” – афзуд ӯ.

Дар ҳақиқат, дар он макон бинокорӣ ҷараён дорад. Бар асоси наворҳое, ки Радиои Озодӣ дид, як ширкати ошное дар ин тарҳ шарик аст.

Мошинҳои борбар, ки дар ин макон кор мекунанд, навиштаи “Hyper Partners” доранд. Номи як ширкати марбут ба Ҳабибулло Абдуқодир. Нақши ӯ дар қочоқ ва шустушӯйи пул дар Осиёи Марказӣ бори аввал соли 2019 дар як таҳқиқоти муштараки Радиои Озодӣ, OCCRP ва нашрияи мустақили Kloop (Қирғизистон) фош шуда буд.

Таҳқиқоти Радиои Озодӣ ва шариконаш дар соли 2023 нишон дод, ки “Hyper Partners” ва ширкатҳои дигари Ҳабибулло Абдуқодир бо ҳукумати Шавкат Мирзиёев дар тарҳҳои бузурге, ки аз ҷониби давлат пуштибонӣ мешавад, ҳамкории зич доранд. Манобеи зиёде мегӯянд, тиҷорати Ҳабибулло Абдуқодир дар Узбекистон аз тарафи Отабек Умаров пуштибонӣ мешавад.

Зафар Мамаҷонов, корманди Федератсияи ҷудои Узбекистон ва шарики Отабек Умаров, аз саҳмдорони пешинаи “Hyper Finance Group”, яке аз ширкатҳои марбут ба Ҳабибулло Абдуқодир буд.

"Чаро ин маҷмаа ба мо зарур аст?

Отабек Умаров баъд аз он ки дар соли 2016 муовини раиси хадамоти амнияти президенти Узбекистон шуд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз худ чеҳраи машҳур сохт. Бавижа ба унвони яке аз ҳомиёни варзиши Узбекистон. Ӯ соатҳои гаронқимат меандозад ва дар мошинҳои гаронарзиш мегардад. Лого ё рамзи шахсии ӯ либоси варзишкорони Узбекистонро дар Бозиҳои олимпии Порис зиннат медод.

Бино ба қонун дар бораи хидмати давлатӣ, ки соли 2022 аз сӯйи Мирзиёев имзо шуд, Отабек Умаров аз ҷумлаи ходимони давлатии Узбекистон аст, ки аз пешниҳоди эъломия дар бораи даромад ва молу мулк озод аст. Онҳое, ки ошкоро дар бораи сарвати Умаров ва хешовандони дигари Мирзиёев ва ё шарикони онҳо гап мезананд, таҳдид, таъқиб ва шиканҷа хоҳанд шуд.

Отабек Умаров (рост) бо ошпази машҳури турк Нусрат Гукче дар Тошканд
Отабек Умаров (рост) бо ошпази машҳури турк Нусрат Гукче дар Тошканд

Як ҳуқуқшинос ва блогнависи тошкандӣ, ки дар бораи сохтмони бинои марбут ба Отабек Умаров дар ноҳияи Мирзо Улуғбек ошкоро ҳарф зад, ҳадафи мақомот қарор гирифт. Шоҳида Саломова моҳи ноябри соли 2022 дар як видеои панҷдақиқаӣ дар Ютуб хабар дод, ки Умаров “ба наздикӣ 20 хонаи гаронбаҳо харидааст”.

“Ҳамаи ин хонаҳо дар паҳлӯи манзиле воқеъст, ки ӯ зиндагӣ мекунад. Ҳамаи ин хонаҳо вайрон карда шудаанд. Барои таҳкурсӣ чуқурии калон мекобанд. Эҳтимол қасри ҷаноби Умаров дар ин ҷо хоҳад буд,” – гуфта буд Саломова дар ин навор.

Ӯ илова кард, ки “чаро дар маркази шаҳр ба мо чунин қаср зарур аст? Ин қадар пулро аз куҷо гирифтед? Ба ин ҷавоб диҳед, ҷаноби Умаров. Ман бисёр таваҷҷуҳ дорам.”

Пас аз як моҳи нашри ин видео, 18-уми декабри соли 2022, Шоҳида Саломова нопадид шуд. Хешовандонаш баъд аз се рӯз фаҳмиданд, ки ӯро пулиси Тошканд дастгир кардааст ва дар боздоштгоҳ нигоҳ медорад.

Шоҳида Саломова, ки ҳамчунин дар бораи робитаи номашрӯи Отабек Умаров матне нашр карда буд, расман ба туҳмати интернетӣ алайҳи як блогнавис ва мунтақиди дигари Мирзиёев муттаҳам шуд. Блогнависи дуюм, Алексей Гаршин, дертар гуфт, ки мақомот аз ӯ барои муҷозоти Саломова истифода мекунанд. Вай, баръакс, хоҳони раҳоии Саломова шуд.

Шоҳида Саломова
Шоҳида Саломова

Додгоҳи шаҳри Тошканд дар моҳи феврали соли 2023 Шоҳида Саломоваро "касалии рӯҳӣ" баровард ва дар бемористон ҷойгир кард. Ҳомиёни ҳуқуқ ӯро қурбонӣ донистанд.

Саломоваро дар моҳи январи соли 2024 ба шуъбаи бемориҳои рӯҳии зери назорати Вазорати корҳои дохилии Узбекистон кӯчонданд. Маълум нест, ки блогер кай раҳо мешавад ва вазъи саломаташ чӣ гуна аст.

XS
SM
MD
LG