Сокинони вилояти Дашоғуз (Тошҳавз)-и Туркманистон мегӯянд, афсарони амниятӣ ҷавононеро, ки аз таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ, бахусус Узбекистон ва Тоҷикистон бармегарданд, ба бозпурсӣ мебаранду онҳоеро, ки риш доранд, маҷбур ришашонро метарошанд. Сухан дар бораи онҳое меравад, ки дар давоми панҷ соли охир дар мактабҳои олӣ ва ё миёнаи касбӣ омӯзиш дидаанд. Дар ин бора “Азатлиқ” - Бахши туркмании Радиои Озодӣ хабар додааст.
Раиси радиои “Азатлиқ” Фаррух Юсуфӣ мегӯяд, вуҷуди чунин тафтишот ва даъватҳо барои сӯҳбат ва риштарони маҷбуриро манбаъҳо дар сохторҳои ҳифзи қонуни Туркманистон ҳам тасдиқ кардаанд. Ӯ гуфт: “Кормандони қудратӣ асосан ҷавононеро, ки қаблан дар Тоҷикистон ва Узбекистон таҳсил кардаанд ба бозпурсӣ даъват мекунанд. Аз онҳо умдатан дар бораи ҳодисаҳои Сурия, сарнагун кардани режими Башор Асад ва дигар масъалаҳои марбут бо дину оин ва ибодат суол мекунанд. Ба нақли яке аз донишҷӯён, мавридҳое низ ҷой доштааст, ки онҳоро бо бастаи чопшудаи нусхаи Кодекси ҷиноии Туркманистон задаанд”.
Дар донишгоҳҳои Тоҷикистон садҳо ҷавонон аз Туркманистон таҳсил мекунанд.
Юсуфӣ гуфт, ҷавонҳое, ки риш доранд, “бештар азият мешаванд”. Ӯ гуфт: “Ҳамчунон бозпурсиҳоро бо моҳи шарифи Рамазон вобаста мекунанд. Гуфта мешавад, мақомоти қудратии Туркманистон аз он нигарон будааанд, ки дар Сурия ҷангҷуён аз Узбекистон ва Тоҷикистон фаъол мебошанд”.
Мусоҳибони Радиои “Азатлиқ” гуфтанд, бархе маъмурони амниятӣ “барои исботи он ки онҳо чандон мазҳабӣ нестанд, ба нӯшидани арақ ва хӯрдани гӯшти хук маҷбур мекардаанд”.
Туркманистон кишвари бастатарин дар Осиёи Марказӣ буда, мизони фишору маҳдудиятҳои озодиҳои сиёсӣ ва маданӣ дар ин ҷо бештар аз дигар ҷумҳуриҳои минтақа гуфта мешавад.
Гуфтугӯ