Мутахассиони бахши беҳдоштии Ӯзбакистон ҷасад ва устухонҳои садҳо хари мурдаро, ки аз наздикии шаҳраки Хишрави Самарқанд пайдо шуда буд, оташ заданд. Дар ҳоли ҳозир мақомоти Ӯзбакистон сабаби маргу мири харҳоро таҳқиқ доранд.
Таваҷҷӯҳ ба "қабристони харҳо" баъди он равона шуд, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ сокинони Самарқанд саҳнаҳои даҳшатноки устухону ҷасадҳои харҳоро нашр карданд. Бархе суолгузорӣ карданд, ки мабодо бар хилофи муқаррарот, гӯшти ин ҷонвар, ки ҳаром ҳисоб мешавад, дар ғизо истифода нашуда бошад.
Сокинони Самарқанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, ки 7 декабр мақомот ба маҳали ҳодиса омаданд. 8 декабр ҳокими вилоят дастур дод, ки ҷасади харҳо бартараф ва сабаби пайдо шудани онҳо дар шаҳраки Хишрави таҳқиқ шавад.
Дар ҳоли ҳозир маълум нест, ки оё гӯшти харҳо ба боғи ҳайвоноти маҳаллӣ супорида шудааст ва ё ба нуқтаҳои ғизои умумии Самарқанд. Ин дар ҳолест, ки Тошпӯлод Раҳматуллоев, як блогнависи маҳаллӣ, ки нахустин шуда, дар бораи "қабристон"-и харҳо дар блоги худ хабар дод, мегӯяд, дар Самарқанд боғи ҳайвонот вуҷуд надорад.
Истифодаи гӯшти хар дар ғизо амали нораво буда, барои ин дар гузашта ошхонаҳои хусусӣ муҷозот ва дар матбуот ва мазҳари ом интиқод шудаанд. Фарҳанги мусалмонӣ истеъмоли гӯшти харро ҳаром меҳисобад, ҳарчанд дар гузашта матбуот дар бораи фош шудани қассобхонаҳои махфии машғули куштори харҳо хабар додааст. Замони шӯравӣ ҳам бархе ошхонаҳо ба хотири даромади муфт ва дар таҳияи ҳасибу гӯшти қима махфӣ аз чашми ҷомеа гӯшти харро барои истеъмоли мизоҷон пешниҳод кардаанд.
Моҷарои қассобхонаи гӯшти хар дар Қирғизистон
Соли 2015 матбуот дар бораи моҷарои қассобхонаи гӯшти хар дар Қирғизистон хабар дода буд. Дар деҳаи Манаси вилояти Чуйи ин кишвар қассобхонае ошкор шуд, ки ба забҳи хар машғул будааст. Ин ҳодисаи моҳи феврали он сол тамоми мақомоти Қирғизистонро ба по кард. Бархе аз вакилони парлумони ин кишвар аз муовини нахуствазир ва вазири кишоварзӣ хостаанд, ба парлумон ҳозир шуда, ба суоли онҳо дар ин бора посух гӯянд.
Телевизиони ҷамъиятии Қирғизистон ё ОТРК гуфт, ки дар қассобхона “калламанора”-и хар ва дигар аҷзои буридашудаи бадани онро мушоҳида кардаанд. Рӯзи 27 феврал дар рустои Манас гирдиҳамоии эътирозии сокинон баргузор шуд ва онҳо хостанд, то ҷои забҳи харҳоро бубинанд. Эътирозгарон, инчунин, тақозо карданд, то гӯшти харҳое, ки дар ин қассобхона ҷамъ шудааст, дар пеши назарашон сӯзонда шавад. Баъд аз он фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таҳқиқи ин ҳодиса як кумисюни ҷамъиятӣ ҳам ташкил карданд.
Аммо Алмаз Такирбашев, раҳбари ширкати забҳи ҳайвонот бо номи “Кайтал” баъдан дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек гуфт, онҳо гӯшти харро на барои сокинони маҳаллӣ, балки ба хориҷ содир мекарданд. Ба қавли ӯ, гӯшти харро ширкати хориҷии Solax trading LTD бар асоси қарордоде, ки миёни онҳо 14 декабри соли гузашта имзо шудааст, харидорӣ намудааст. Гӯшти хар, ба гуфтаи ӯ, бештар барои ғизои ҳайвонот дар боғи вуҳуши Ҳонконг таҳия шудааст.
Дар Эрон ҳам будааст...
Дар Эрон ҳам соли 2013 се нафар ба иттиҳоми дуздии хар ва фурӯши гӯшти он ба ресторанаҳои байнироҳӣ дастгир шудаанд. Хабаргузории «Меҳр» моҳи марти он сол хабар дода буд, ки ба идораи пулиси минтақаи Ҳасанободи Қум дар бораи дуздии се хар шикоят омадааст. Маъмурони пулис баъдан соҳиби як қассобхонаро дар ҳоле, ки машғули пора кардани гӯшти хар буд, дастгир ва ба идораи полис интиқол доданд.
Нерӯҳои пулиси минтақа гуфтаанд, ки тавонистанд ду муттаҳамро шиносоӣ карда ва ду хар, ки ҳанӯз кушта нашуда будандро пайдо кунанд. Бар пояи ин гузориш, муттаҳамон гуфтаанд, пас аз дуздӣ ва забҳи харҳо, гӯшти онҳоро ба қассобхона фурӯхта ва қассоб низ онро ба бархе аз ресторанҳои байнироҳӣ барои дуруст кардани кабоби кӯбида, ба фурӯш мерасонд.