Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир: "Ҳадаф аз либоси ягонаи мактабӣ, аз байн бурдани нобаробарист"


Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, давоми 8 соле, ки дар мактабҳо либоси ягонаи мактабӣ ҷорӣ аст, нобаробарӣ байни хонандаҳои дорову нодор то андозае аз байн рафта ва адолати иҷтимоӣ таъмин шудааст.

Вазири маорифи Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадаф аз ҷорӣ кардани либоси ягона дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, таъмини адолат ва аз байн бурдани нобаробарӣ байни хонандагони дорову нодор буд. Бо таъкиди ин нуқта Нуриддин Саидов вазири маорифи Тоҷикистон, рӯзи 12 май дар нишасте дар робита ба сару либоси мактабӣ гуфт, дастурамалӣ либоси ягонаи мактабӣ 8 соли қабл, замоне қабул шуд, ки дар мактабҳои Тоҷикистон бо пӯшиши сару либос кӯдакон ба табақаи бой ва камбағал ҷудо шуда буданд ва ин боис ба сар задани ихтилофу нофаҳмиҳо мешуд. Як ҳадафи дигари тасвиби ин дастурамалро вазир, ҷилавгирӣ аз фарҳанги бегона, ки зери падидаи сатру ҳиҷобӣ исломӣ дар кишвар паҳн шудааст, унвон кард.

Дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои хонандаҳои мактабҳои миёнаи Тоҷикистон дар соли 2007 ва либос барои омӯзгорон соли 2009 ба тасвиб расидааст. Нуриддин Саидов вазири маориф мегӯяд, Тоҷикистон дар миёни ҳамсоякишварҳо нахустин шуда ин иқдомро рӯи даст гирифт ва ҳоло аз ҷониби ҳамсояҳои худ, барои омӯзондани ин таҷриба пешниҳодҳо мегиранд. Ҳарчанд ба қавли ӯ дар аввал барои ин иқдомашон хуб “гап” ҳам шунидаанд. “Ин дастурамал боиси ҳангомаву ҳаёҳуи зиёди расонаҳо шуда буд. Инҷо сухан дар бораи гӯё маҳдуд кардани озодиҳои инсон ва поймол кардани демократия меравад. Аммо ҳоло аллакай дигар кишварҳо ҳам ин корро шурӯъ карданд. Ва ин ба хотири ҳифзи арзишҳои миллӣ ва зебоипарастӣ ҷорӣ шудааст.”

Бо ташкили як ҳамоиш ва намоишгоҳи либосҳои намунавии мактабӣ, ки рӯзи 12 май дар Донишгоҳи технологӣ бо ширкати як ҳайат аз ҳукумати кишвар ва раҳбарони мактабҳову ширкатҳои саноатӣ баргузор шуд, мақомот хостанд, то беш аз 2 миллион хонандаву омӯзгори кишвар аз ҷониби ширкатҳои ватанӣ бо либосӣ дарсӣ таъмин шаванд. Марҳабо Ҷабборӣ, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар ин ҳамоиш аз сокинон даъват кард, ки бештар либосҳои дӯхтаи ширкатҳои ватаниро харидорӣ кунанд. Чун ба гуфтаи ӯ, талаботи зиёд ба моли ширкатҳои ватанӣ моликонашонро водор мекунад, дар фикри беҳтар кардани сифат ва ташкили ҷойҳои кории бештар бошанд.

Ҷабборӣ афзуд, "тибқи маълумоти мо, 127 корхона ва коргоҳи дӯзандагӣ дар кишвар фаъол аст. То имрӯз 395 муассисаи таълимӣ бо ин корхонаҳо шартнома дорад ва барои беш аз 300 ҳазор хонанда либос пешниҳод кардаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар кишвар 3845 мактаб аст. Ҳоло танҳо 5 дарсади хонандаҳо бо либосҳои мактабии корхонаҳои дохилӣ таъминанд."

Ин даъватҳо дар ҳолест, ки бо гузашти 8 сол аз ҷорӣ шудани либоси ягонаи мактабӣ, баҳсҳо миёни мактабу хонандаҳо ва омӯзгорон ҳанӯз идома доранд ва дар оғозу анҷоми ҳар соли таҳсил ин баҳсҳо авҷ мегиранд. Дар аксар мактабҳои шаҳр ва навоҳии кишвар, масъулони макотиб бо ширкатҳои дузандагӣ шартнома баста, ба хонандагон бо як нархи муайян, либоси мактабӣ пешниҳод мекунанд. Аммо ғолибан волидону толибилмон аз шакли дӯхту сифати ин либосҳо розӣ нестанд.

Насиба, ки имсол яке макотиби миёни дар шаҳри Душанберо хатм мекунад, мегӯяд, дар аввали соли таҳсил иҷборан бо ҳудудан 200 сомонӣ мактаб барояш либос фурӯхт, вале соли таҳсил тамом шуду ӯ боре ҳам ин либосро ба бар накард. “Маҷбур шудам боз либос харам. Фиреб карданд, гуфтанд маҷбурӣ аст, мехаред, харидем, вале қариб 80 дар сади хонандаҳо ба либосҳои дигар, доману куртаи сафеду сиёҳ аммо бо дӯхти мухталиф ба дарс омаданд. Ин либосҳое, ки ба мо додан безеб дӯхта шудаанд ва матоаш ҳам бесифат аст.”

Дар зимн Нуриддини Саид ба мудирони мактабҳои миёнаи кишвар ҳушдор дод, ки ба харидуфурӯшӣ либоси мактабӣ машғул нашаванд: “Агар шунидам, ё ягон шикоят амад, ки раҳбари мактаб ё раҳбари шӯъбаи маориф, ба харидуфурӯши сару либос машғул аст, як рӯз кор кардан намемонам. Ин барои ба вуқӯъ омадани фасод асос мегузорад. Вазифаи директор фақат аз бастани қарордод миёни мактаб ва истеҳсолкунанда бо хоҳиши волидон ва назорати ин раванд аст. Аз волидон пул ҷамъ накунед."

Вазири маориф ба ҳифзи арзишҳои миллӣ дар либосдорӣ даъват кард.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:34 0:00

Вазир ҳам бо таассуф аз сифати пасти либосҳои ширкатҳои ватанӣ ёдоварӣ намуд. Ӯ гуфт, ҳоло сокинон бештар либосҳои дӯхтаи ширкатҳои хориҷиро интихоб менамоянд ва аз масъулони коргоҳҳои дӯзандагии ватанӣ хост, "либоси хонанда бояд, мустаҳкам босифат ва ранги диққатҷалбкунанда дошта бошад. Мутаассифона таҷрибаи баъзе мактабҳое, ки аз маҳсулоти истеҳсолкунандагони ватанӣ харидаанд, нишон дод, ки ранги либосҳо тез хира мешавад. Дигар ин ки нархи маҳсулоти дохилӣ аз хориҷӣ фарқи чандон надорад."

Дар 3845 мактаби Тоҷикистон зиёда аз як миллион хонандаҳо ба таълим фаро гирифта шудаанд. Барои осонии кори ширкатҳои саноатӣ ва корхонаҳои дӯзандагӣ ва бозоргир будани сару либосе, ки дар дохил омода мешавад, мақомоти маорифи Тоҷикистон пешниҳодҳои худро, ки дар пайи як таҳлил дар муассисаҳои таълимӣ ба даст овардаанд, ба ин корхонаҳо ироа карданд.

XS
SM
MD
LG