Далери Абдулло, сухангӯи IRS, ширкате, ки масъулияти нигоҳубин ва ҷамъоварии пул дар ин шоҳроҳро ба ӯҳда дорад, гуфт, ҳодиса соати 6-и субҳи панҷшанбе рух дод. Ба қавли ӯ, “дар километри 119-уми шоҳроҳ қитъаи кӯҳ лағжида, тақрибан сад метр роҳро вайрон кард.”
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Сухангӯи ширкати IRS гуфт, ин ҳодиса талафоти ҷонӣ надошт, аммо қитъаи роҳ пурра хароб шуда, онро бояд дубора таъмиру мумфарш кунанд.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз ҷои ҳодиса гузориш доданд, ки ҳанӯз хатари нишеб шудани кӯҳпораҳо вуҷуд дорад. Ба гуфтаи онҳо, феълан як хатти гузар барои нақлиёт барқарор шудааст.
Бори аввал нест, ки фурӯравии кӯҳ қисматҳое аз роҳи Душанбе-Чаноқро хароб мекунад. Моҳи июни соли 2018 низ як қисмати роҳи Душанбе-Чаноқ дар ҳудуди ноҳияи Айнӣ пурра фурӯ рафта буд.
Аз ин роҳи 368-километрӣ, ки ширкатҳои чинӣ соли 2010 ба истифода доданд, рӯзона ҳазорон нафар мегузаранд ва ҳазорон тонна бор низ аз марказ ба шимол ва аз шимол ба марказ меравад.
Қатъи ҳаракат дар он аксаран ба иқтисоди осебпазири Тоҷикистон таъсир мегузорад. Аз соли 2010 нигоҳбини роҳ ба ӯҳдаи ширкати Innovative Road Solutions вогузор шуда, ширкат барои ин кор аз ронандаҳо маблағ мегирад. То ба ҳол номи моликони ширкат барои мардуми Тоҷикистон эълон нашудааст ва маълум нест, ки оё ин ширкат бо пулҳои ҷамъовардаи худ танҳо роҳро поккорӣ ва таъмир мекунад ё қарзҳо аз Чинро низ мепардозад. Дар кишвар танҳо намояндагии ин ширкат фаъол аст.