Аббос Ароқчӣ, ин матлабро рӯзи панҷшанбе, 27 март ба хабаргузории давлатии Эрон --ИРНА гуфт ва афзуд, ки ин нома як рӯз пештар, 25 март, фиристода шудааст.
Вазири корҳои хориҷии Эрон дар идома гуфт, "ин посухи расмӣ шомили номае аст, ки дар он нуқтаи назари мо дар робита ба вазъияти феълӣ ва номаи Трамп ба таври комил шарҳ дода шуда ва ба маълумоти тарафи муқобил расонида шудааст".
Вебсайти Axios низ ба нақл аз як манбаи огоҳ хабар додааст, ки мақомҳои Умон дар бораи посухе, ки аз Эрон гирифтаанд, Амрикоро огоҳ кардаанд ва дар "рӯзҳои оянда" номаи Эронро ба Кохи Сафед хоҳанд расонд.
Axios навиштааст, ки ин мақом дар бораи муҳтавои посухи Эрон маълумоте надодааст.
Раисҷумҳури Амрико дар оғози моҳи март дар гуфтугӯ бо шабакаи "Fox News" эълон кард, ки номае ба Алии Хоманаӣ фиристодааст ва пешниҳоди гуфтугӯҳои мустақим додааст.
Сипас эълом шуд, ки ин нома аз сӯи Анвар Қарқош, мушовири раиси Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар умури сиёсати хориҷӣ, дар Теҳрон бо Аббос Ароқчӣ супурда шуд.
Як мақоми амрикоӣ ва ду манбаи огоҳ аз муҳтавои номаи раисҷумҳури Амрико, рӯзи 20 март ба Axios гуфтанд, ки Трамп дар ин нома ду моҳ ба Теҳрон барои даст ёфтан ба як созиши нав бо Вашингтон муҳлат додааст.
Раҳбари Ҷумҳурии исломӣ як рӯз баъд аз он, ки Трамп эълон кард, номае барои ӯ фиристодааст, гуфт, ки Эрон бо "кишварҳои зӯргӯ" гуфтугӯ нахоҳад кард.
Пас аз он, раҳбари Ҷумҳурии исломӣ чандин бор пешниҳоди музокира бо Доналд Трампро рад кард ва дар навтарин маврид ҳам рӯзи бистуякуми март хитоб ба Амрико гуфт, "ба ҷойе намерасед ва "силлӣ (шаппотӣ) мехӯред".
Аббос Ароқчӣ 27 март зимни эълони посухи нома ба Доналд Трамп таъкид кард, ки бинобар таҳдидҳои низомии Амрико, бо он кишвар музокироти мустақим намекунанд, аммо музокироти ғайримустақим, ҳамон тавр, ки дар гузашта низ вуҷуд дошт, метавонад идома ёбад.
Вай тавзеҳ дод, ки гуфтугӯҳои ғайримустақими Эрон ва Амрико дар замони президентии Ҳасани Рӯҳонӣ ва Иброҳими Раисӣ "ҳам сурат гирифта буд".
Чанд соат пештар, Камол Харрозӣ, мушовири Хоманаӣ ва раиси Шӯрои раҳбурдии робитаҳои хориҷии Эрон низ гуфт, ки Ҷумҳурии исломӣ омодагӣ дорад "музокироти ғайримустақим" бо Амрикоро оғоз кунад.
Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ дар соли 2015 ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд ва Трамп, ки аз мухолифони ин созишнома буд, дар соли 2018 хуруҷи Амрико аз ин созишномаро эълом кард.
Эрон талош барои даст ёфтан ба силоҳи ҳастаиро рад мекунад, аммо пас аз хуруҷи Амрико аз БАРҶОМ, аз ӯҳдадориҳои худ дар чорчӯби ин созиш канор рафт ва мизони ғанисозии уранюмро ба вижа дар як соли гузашта, ба шиддат афзоиш додааст.
Стив Виткофф, намояндаи вижаи раисҷумҳури Амрико дар умури Ховари Миёна 21 март таъкид кард, ки Доналд Трамп дар талош аст, то бо "эътимодсозӣ", аз даргирии низомӣ бо Эрон пешгирӣ кунад ва Теҳрон ҳам аз тариқи "миёнаравҳо" дар ҳоли тамос бо Амрико аст.
Гуфтугӯ