Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти яке аз қаҳрамонҳои филми "Марги сӯдхӯр"


Абдураҳим Қудусов дар филми "Марги сӯдхӯр"
Абдураҳим Қудусов дар филми "Марги сӯдхӯр"

Абдураҳим Қудусов, коргардон ва ҳунарпешаи маъруфи синамои тоҷик дар синни 83 дар зодгоҳаш – шаҳри Исфара аз олам даргузашт.

Абдураҳим Қудусов, коргардон ва ҳунарпешаи маъруфи синамои тоҷик рӯзи 15 апрел дар зодгоҳаш – шаҳри Исфара аз дунё рафт. Абдураҳим Қудусов 83 сол дошт.

Гавҳар Мирҷумъаева, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва ҳамсари Абдураҳим Қудусов, рӯзи 15 апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Абдураҳим Қудусов 10 сол пеш ду дафъа дучори хунрезии мағзӣ (инсулт) шуда, як моҳи охир бемори бистарӣ буд: “Абдураҳим билохира сактаи қалб гирифт ва имрӯз моро тарк гуфт.”

Абдураҳим Қудусов асосан дар риштаи синамо кор мекард ва аз ӯ чанд филми ҳунариву мустанад ва ҳам чанд нақш дар филмҳо ба ёдгор мондааст. Маъруфтарин филмҳои ҳунарие, ки Абдураҳим Қудусов бардоштааст, “Салом, Гулнора Раҳимовна”, “Агар дӯстам дорӣ”, “Дӯстонро намефурӯшанд” мебошанд.

Ӯ ҳамчунин дар филмҳои “Марги сӯдхӯр”, “Ҳеҷбудагон”, “Аспон дар зери моҳтоб” ва “Чашмаи гӯё” нақш бозӣ кардааст, вале маъруфтарин нақши ӯ дар синамо, албатта, Ҳамроҳ Рафиқ дар “Марги сӯдхӯр” (соли 1966, коргардонаш Тоҳир Собиров), яке аз шоҳкорҳои синамои тоҷики асри 20 буд. Ҳамроҳ Рафиқ деҳқонест, ки зери бори фоизҳои миёншикани қарзи Қорӣ-Исмати мулаққаб ба Қорӣ-Ишкамба мемонад ва дар ивази қарзаш Қорӣ-Ишкамбаву ҳамдастонаш ин деҳқони бечораро ба истилоҳи маъруф, пӯст мекананд ва ҳатто хоҳари ӯро ба канизӣ гирифта, ин духтари ноболиғро боз ба як сарватманди дигар мефурӯшад.

Абдураҳим Қудусов дар солҳои 80 ба таҳияи филмҳои мустанад машғул шуд ва асосан дар бораи манзараҳои зебои табиати зодгоҳаш – Исфара ва Хуҷанд чанд филм бардошт.

Абдураҳим Қудусов, акси солҳои 80
Абдураҳим Қудусов, акси солҳои 80

Гавҳар Мирҷумъаева, ҳамсари Қудусов мегӯяд: “Охирин филмашро соли 1990 гирифт. Баъди он киностудияи “Тоҷикфилм”, тавре худатон ҳам медонед, хароб шуд ва Абдураҳим Қудусов низ бекор монд. Дар консертҳои расмие, ки ман иштирок мекардам, коргардонӣ мекард.”

Ҷаҳонгир Қудусов, набераи Абдураҳим Қудусов мегӯяд, ки бобову бибиаш дар солҳои 90 аз Душанбе ба Исфара кӯчиданд: “Бобоям инҷо кор накард дигар. Саломатиаш ҳам хуб набуд, ки кор кунад. Аммо бибиам то ҳол ба касби дӯстдоштааш идома медиҳад. Ӯ ҳоло дар ансамблии рақсии “Зумрад”-и Исфара устоди рақс, яъне балетмейстер аст.”

Гавҳар Мирҷумъаева, ки ҳоло 74 сол дорад, дар солҳои 60-80, аз маъруфтарин ситораҳои рақси Тоҷикистон дониста мешуд. Ӯ дар ансамбли овозадори “Лола” мерақсид.

Гавҳар Мирҷумъаева ҳоло нафақахӯр аст, вале мегӯяд, аз касбаш дил канда наметавонад ва ба ҳамин далел, ба тарбияи шогирдон дар ансамбли “Зумрад” давом медиҳад.

XS
SM
MD
LG