Нирӯҳои тарафдори Русия рӯзи 22 март “Славутич” – флагмани нирӯҳои баҳрии Украинаро, ки дар бандари Севастополи Қрим дар муҳосираи киштиҳои Русия қарор дошт, ишғол карданд. Як шоҳиди айнӣ, ки ба далоили амниятӣ аз ифшои номаш худдорӣ мекунад, ҷараёни тасарруфи киштии “Славутич”-ро, ки баъди он Украина амалан бе флоти ҷангӣ монд, дар як блог барои Радиои Озодӣ тасвир кардааст:
Алвидоъ, “Славутич”. Қиссаи тасарруфи киштии ҷангии Украина
Севастопол, 23 март. “Серҳий, Серҳий! Дар кобина бимон ва дар ҷоят бош! Ва дарро кушо, вагарна ин аблаҳҳо хоҳ-нохоҳ онро мешикананд,” – дод мезад дар телефонаш як марди зоҳиран аз 30-сола боло.
Як марди дигар бо табъи тира гуфт: “Ман имрӯз мисли кӯрмуш аз киштӣ фирор кардам.” Ӯ алакай масти лояқил буд ва вақте киштии буксир ба “Славутич” пайваст, хеле нороҳат шуд. Дар саҳни киштӣ як идда мардони тануманд ба назар мерасид. Ин соати панҷуними субҳи шанбе, 22 март буд.
Чанд соат пеш аз он, вақте шунидам, ки дар ҷараёни рӯз ба киштии “Славутич” ҳамла мешавад, дар як теппаи воқеъ байни деворҳои ду иншооти низомӣ камингоҳи хубе барои мушоҳида интихоб кардам.
Барои расидан ба маҳалле, ки “Славутич” лангар партофта буд, бояд ба паром менишастам. Паром “Юпитер” ном дошт. Мапде ки дар қафои ман менишаст, тавассути телефон масъалаи ба Симферопол ба кумаки нирӯҳои милиса фиристодани афродеро маслиҳат мекард. Касе аз он тараф ба ӯ занг зад. Ман аз ин занг такон хӯрдам. Ба ҷои мусиқӣ аз гӯшии телефони ӯ садои таркиш ва тирандозии автомат меомад ва ҳам ин амр, ки “Ҳама худро ба замин партоед, вагарна ман мепаронам!” Аммо ин мард бепарво телефонашро гирифт ва посух дод, ки “Салом, Катя!”
Дар киштии “Славутич”, ки байни ду киштии Русия дармонда буд, ҳанӯз парчами Украина пар меафшонд. Дар саҳни киштӣ чанд нафар дида мешуд. Маълум буд, ки онҳо бо асбобу анҷоми худ тарки киштӣ мекунанд. Либоси мулкӣ дар тану халтаҳои пластикӣ дар даст. (Аз чӣ бошад ки бисёриҳо дар инҷо халтаҳои сиёҳ бо тамғаи "BMW" доштанд).
Дар теппае, ки ман барои мушоҳида камин гирифтам, ҷуфти миёнсоле пайдо шуд. Онҳо ҳам ба сӯи “Славутич” нигоҳ мекарданд. Аз онҳо пурсидам, ки касеро дар киштӣ мешиносед? “Мешиносем,” – нимғурма посух дод мард, ки шими камуфляж дар тан дошт. Ва афзуд: “Ба ин мардум хиёнат карданд. На амре шуд, на фармоне, танҳо таҳдиди додгоҳ дар Украина.”
Ин мард рафт, то бубинад, ки ягон роҳи расидан ба киштиро пайдо кунад. Вале рафтораш таваҷҷӯҳи маллоҳони Русияро, ки он минтақаро посбонӣ мекарданд, ҷалб кард ва онҳо нишон доданд, ки ин имконро барояш нахоҳанд дод.
Зан бо эҳтиёт аз ман пурсид ки: “Шумо журналистед?” Ман тасдиқ кардам ва пурсидам, ки метавонад пеши микрофон сӯҳбат кунад? Ӯ рад кард ва ин чизе бароям ғайримунтазира ҳам набуд. Вале мо сӯҳбатро идома додем. Ӯ гуфт, ки “эйфория алакай гузашт. Мардум ҳоло дарк карда истодаанд, ки дигар хешу табори худро аёдат карда наметавонанд, шояд ҷанг шавад. Ман зидди Русия нестам. Вале онҳо набояд Қримро ба чунин сурат мебуриданд. Як моҳ пеш ҳатто касе фикр намекард, ки Қрим бояд бахши Русия бошад. Вале кор то ба раъйпурсӣ кашид. Бовари кас намеояд, ки мардум дар як муддати кӯтоҳ битавонанд назари худро чунин тағйир диҳанд.”
Ӯ пеши мард рафт ва чизе гуфт. Мард ба дунбол зуд пеши ман омад ва гуфт: “Шумо метавонед дар ин бора бинависед ё нанависед, вале ман ба шумо як чиз мегӯям: Украиниҳо талош карда буданд, то маро ҳамчун афсари флоти Шӯравӣ ба тарафи худ гардонанд. Вале касе касеро паст намезад ва касеро зери мили туфанг рӯи хок намеафканданд.” Ҳоли ин марди зоҳиран корзада бад ба назар мерасид.
Ман пурсидам: “Чаро киштиҳоро нирӯҳои “худдифоъ”-и Севастопол тасарруф мекунанд, на нирӯҳои Русия?” Ӯ хандид: “Чунки дар чунин сурат гӯё “шаҳрвандони норозӣ” киштиҳоро ғасб мекунанд, на душман. Ва шумо дар воқеъ наметавонед алайҳи онҳо тир кушоед. Вале дар дохили ин гурӯҳҳои худдифоъ ҳамеша нирӯҳои вижаи Русия ҳам ҳастанд. Шумо инро метавонед аз тарзи гашти онҳо дар саҳни киштӣ бубинед. Ман ҳоло барои Украина афсӯс мехӯраму барои Русия шармам меояд.”
Чор соат баъд, вақте ман хостам ба нуқтаи мушоҳидагоҳам дар теппа баргардам, ин дигар имкон надошт. Дидбонҳо маро роҳ надоданд.
Як марде ки дар паҳлуям буд, гуфт: “Рафтем ба пеши пирс.” Ман аз пасаш рафтам. Ҳамроҳи мо як марду зани тақрибан 40-сола бо як духтари ҳудудан 12-сола ҳам рафтанд. “Писари ман ҳам дар ин ҳамла ширкат дорад. Ӯ дар ҳамла ба киштии “Тернопил” низ ширкат дошт,” – боифтихор ба ман хабар дод зан. Онҳо дастгоҳи аксбардорӣ дар даст хеле истоданд. Вале духтарак зиқ шуд ва марро ҳам ларзааш гирифт ва онҳо рафтанд.
Аз саҳни пирс “Славутич” дида мешуд, вале хеле аз дур. Соати панҷи шом мардум ҷамъ шудан гирифт. Моҳигире, ки бо вуҷуди сайди кам майли сӯҳбат дошт, гуфт: “Капитани “Славутич” якрав аст. Мегӯяд, ки таслим намешавад, тир хоҳад кушод. 40 дарсади ҳайат алакай киштиро тарк кардааст. Баъзе аз онҳо, ки қарордодӣ буданд, ҳатто худро ба об ҳаво дода, то соҳил шино карданд. Онҳоро модаронашон гирифта, ба хона бурданд. Аксари онҳо аз Қриманд.” Моҳигир мақомоти Киевро наҳ мезад ва дар бораи нирӯҳои украиние, ки ба тарки Қрим бартарӣ доданд, қиссаҳои мудҳиш мегуфт.
Дар ҳамин асно киштии буксир ба “Славутич” пайваст. "Сар шуд,” – нидо кард ба ман бо телефон ба “Серҳий” занг мезад. Як зан ба шиорзанӣ пардохт ки: “Русия! Русия! Таслим шавед!” Яке аз мардони дар саҳни пирс истода бо телефон ба кадоме занг зад: “Шумо онҷо чӣ ҳол доред?”
Аз “Славутич” садои ҳушдор омад, ки буксир ғайриқонунӣ амал мекунад. Таронаи “Варяг”- таронаи маъруфи ҷанги 110 сол пеши Русияву Ҷопон садо медод. Касе дар пирс писханд зад, ки “онҳо то ҳол ҳатто як таронаи худашонро насохтаанд.”
Марде ки қаблан мисли кӯрмуш фирор карданаш аз киштиро эътироф карда буд, қариб ашк мерехт. Ӯ ки Микола ном дошта, то субҳи имрӯз мичмани “Славутич” будааст, ба шиква даромад: “Ман ариза додам ва имрӯз аз кор рафтам. Вале аз дасти ман чӣ меомад? Ба зидди кӣ бояд меҷангидам? Барои чӣ бояд меҷангидам? Ман 4 ҳафта дар ин киштӣ будам. Ман куҷо бояд мерафтам? Ба Украина? То ки маро 5 ё 7 сол зиндон кунанд? Модарам маъюб аст, фарзандам дар Севастопол ба мактаб меравад. Ман оила дорам. Ман чигуна ба онҳо кумак мекардам? Мегуфтам, ки то замони озод шуданам аз зиндон мурнтазир шавед?”
Ман пурсидамаш, ки чаро мутмаин аст, ки зиндонаш мекунанд? Ӯ гуфт: “Се нафаре ки дар Херсон тарки хидмат карданд, боздошт шудаанд. Ин маълумот тафтишшуда аст. Ман ягон мухолифате ба Украина надорам ва то соати 11 субҳи имрӯз ба Украина вафодор будам. Вале ҳамсарам занг заду гуфт: “Роҳи джигар нест.” Ин аст ки ман имрӯз нӯшидам. Ва фардо барои хидмат ба “Славутич” бармегардам, вале акнун ҳамчун нафари Русия.”
Вақте ки Микола бо истифодаи фаровон аз алфози кӯча дарди дил мекард, аз киштӣ садои путк меомад, ки бо он дари кобинаи капитанро зада шикастанд. Садои таркиш ҳам ба гӯш расид. Касе шарҳ дод, ки “онҳо аз норинҷак ҳам истифода мебаранд.”
Манзарае, ки дар саҳни киштӣ мушоҳида мешуд, ба ҳамлаи роҳзанон монандӣ дошт. Як киштии хурди пур аз нирӯҳои мусаллаҳ дар атрофи “Славутич” мегашт. Ин ҳамон нирӯҳое буданд, ки гӯё дар ин ҳама ба истилоҳ “намоиши норозигии мардум” дахолат накардаанд.
Ҳаво босуръат торик мешуд. Ҳамлагарон хостанд, то прожекторҳоро рӯшан кунанд. Чанд тир ба ҳаво кушоданд, вале рӯшан набуд, ки кӣ тир андохт. Танҳо як чиз рӯшан буд: Ҳама чиз тамом шудааст. Парчами Украина, охирин парчами ин кишвар дар соҳили Севастопол ғайб зад. Онро билофосила канданд.
Дар байни онҳое ки ҳамларо тамошо мекарданд, як зани 20-сола ҳам буд, ки ҳарфе намезад.
Ба киштӣ ҳамла шуд ва ҳайаташ ягон имкони фирор надошт. Ҳаво сард мешуд. Алакай торик шуда буд, вале ин зан чашмашро ҳеҷ аз “Славутич” намеканд. Ман ҳатто напурсидамаш, ки ӯ дар ин киштӣ ягон ошное дошт ё чӣ?