Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Панҷ шабоҳати Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон


Путин (аз рост) ва Эрдуғон. 1-уми декабр. Анкара
Путин (аз рост) ва Эрдуғон. 1-уми декабр. Анкара

Ҳарду аз 60 гузаштаанд, кишварҳои бузург ва бонуфузеро дар ҳошияи шарқии Аврупо сарварӣ мекунанд. Аммо монандии президентҳои Русия ва Туркия бо ин тамом намешавад.

Президенти Русия Владимир Путин дар Анкара рӯзи 1-уми декабр бо ҳамтои турки худ Раҷаб Тайиб Эрдуғон сари масъалаҳои сиёсати берунӣ, энержӣ ва тиҷорати эҳтимолии 100-миллиарддолларӣ баҳс карданд. Ин дар ҳолест, ки ду сарвар сари бархе аз масоил, монанди Сурия ва Украина ихтилоиф назар доранд. Путин аз президенти Сурия Башор Асад ҳимоят мекунад, Эрдуғон зидди Асад аст ва дар мавриди Украина раҳбари Туркия аз сарнавишти тоторҳои Қрим баъд аз ишғоли он аз ҷониби Русия нигарон аст. Аммо дар канори ин тафовутҳо Путини 62-сола ва Эрдуғони 60-сола бо ҳам шабоҳатҳои зиёд доранд.

ҲАРДУ НОДОР БУДАНД ВА ВАРЗИШГАР. Путин дар як манзили коммуналӣ дар Санкт-Петербурге, ки он вақт Ленинград ном дошт, ба воя расид ва гуфта мешавад, дар зинпояҳои ин бино каломушҳоро шикор мекард. Ҳамчун ҷавони авбошмаоб Путин бо самбо ва дзюдо машғул шуд, ба камарбанди сиёҳ даст ёфт ва видеои “Омӯзиши дзюдо бо Владимир Путин”-ро нашр кард. Эрдуғон дар ноҳияи пешрафтаи Қосимпошшои Истамбул ба воя расид.

Вай дар ин ҷо шарбат ва ҳалвои кунҷит мефурӯхт ва то ҳанӯз бар сартарошхонаи ин минтақа меравад. Вай 13 сол дар дастаи нимакасбии футболи ин ноҳия бозӣ кард ва ахиран дар як бозии намоишии маъракаи интихоботи президентӣ се тӯб зад.

ҲАРДУ БО ШИОРИ “МИЛЛАТИ БУЗУРГ” ВА СИЁҲ КАРДАНИ ҒАРБ ШӮҲРАТИ СИЁСӢ ЁФТАНД. Эрдуғон ва Путин, ҳарду қонунҳои кишварҳои худро барои боқӣ мондан дар сари қудрат дигар карданд. Ҳарду муддате сарвазир буданд. Путин давраи ҳокимияти худро 15 ва Эрдуғон 11 сол дароз карданд. Эрдуғон, ки ҳизби Адолат ва тараққии ӯ хостори ҳамл кардани мудирияти исломӣ бар низоми дунявист, ишора кардааст, ки дархости узвият дар Иттиҳоди Аврупоро барои таҳкими равобит бо Маскав ва Пекин канор мегузорад. Вай Ғарбро дар робита ба рӯйдодҳои Сурия ва Украин ва ҳамчунин усули бади демократӣ танқид мекунад. Путин аз манфиатҳои Русия ҳамчун пешгирӣ аз вуруди НАТО ба Украин, Ғарбро ангезандаи Ҷанги Нави Сард меномад. Ҳарду дини худ – яке Исломи суннӣ ва дигаре масеҳияти православӣ ё ортодоксро барои таҳкими қудрати худ истифода мекунанд.

ҲАРДУ ҚАСРҲО ДОРАНД. Қасри нави Эрдуғон, ки ба ҷойи як боғе дар Анкара сохта шуд ва 150 000 метри мураббаъ буда, ҳазор хона дорад, мояи танқидҳои сахти ӯ шуд. Ин қаср бо фаршим мармар ва низоми муосири амниятияш 615 миллион доллар нарх дорад, аммо тарафдоронаш мегӯянд, он шукуфоии кишвар ва аҳамияти Эрдуғонро дар бозсозии Туркия нишон медиҳад. Ба фарқ аз ӯ Путин на дар пойтахт, балки гӯшаи хилвате дар соҳили Баҳри Сиёҳ бо харҷи 1 миллиард доллар қасре сохт, ки шабеҳи Кохи зимистонаи шоҳонаи Петербург аст. Он садҳо хона, казино, ҳавзҳои шиноварӣ ва фурудгоҳҳои чархбол дорад. Кремл ҳама гуна пайванд байни Путин ва ин қасрро, ки меъмори итолиёвии он – Лафранко Кирилло дар моҳи август шаҳрванди Русия шуд, рад мекунад.

Қасри Эрдуғон
Қасри Эрдуғон

ҲАРДУ ТАЗОҲУРОТИ МАРДУМИРО САРКӮБ КАРДАНД. Солҳои 2011-12 ҳазорон нафар аз шаҳрвадони Русия аз талоши Путин барои даври савуми раёсат эътироз карданд. Баъд аз интихобот Путин салоҳиятҳои нави худро барои саркӯб кардани ҷомеаи шаҳрвандӣ, матбуоти ғайридавлатӣ ва ширкаткунандагони тазоҳуроти майдони Болотная истифода кард. Зиёда аз 400 нафар боздошту латукӯб шуданд ва даҳҳо нафар дар маҳбас интизори ҳукми додгоҳанд. Дар Туркия, тарҳи вайрон кардани Боғи Ғозии Истамбул, ки Эрдуғон пеш гузошт,дар солҳои 2013-14 зиёда аз 3 миллион нафарро ба майдонҳо кашонд. Норозиён, киЭрдуғонро барои худкомагӣ ва ҳамла ба усули дунявӣ низ танқид мекарданд, бо истифода аз зӯр ва мошинҳои обпош ронда шуданд. Даҳҳо нафар ба ҳалокат расид ва зиёда аз 5500 нафар ҷазо гирифт. Ҳам дар Русия ва ҳам дар Туркия ин саркӯб барои сокит кардани мухолифони сиёсӣ истифода шуд. Путин акнун интизори давраи чаҳоруми раёсатҷумҳурист ва Эрдуғон дар моҳи август ба аввалин президенте табдил ёфт, ки бо райъи мардум ба қудрат расид.

Қурбонии саркӯби тазоҳурот дар Боғи Ғозии Истамбул
Қурбонии саркӯби тазоҳурот дар Боғи Ғозии Истамбул

ҲАРДУ ЗАНПАРАСТ НЕСТАНД. Эрдуғон ҳафтаи гузашта гуфт, модар будан дар шариати исломӣ вазифаи асосии занон аст ва баробарии мардум зан зидди қонуни табиат хоҳад буд. Ин бори аввал нест, ки раҳбари турк мехоҳад, ақидаи муҳофизакоронаи динии худро бар аҳолии зани кишвари хеш бор кунад. Вай ҳамчунин эълом доштааст, ки зани турк бояд се фарзанд дошта бошад ва талош кард, фигона ё абортро дар кишвар маҳдуд намояд. Путин, дар навбати худ, дар баҳс сари евро бо сарвазири Олмон Ангела Меркел ба худ иҷоза дод, аз латифаи ношоям ёдоварӣ кунад. Вай гуфт: “Бо ин ҳамхобагиҳои шаби арӯсӣ кӯдак таваллуд намешавад.” Дар посух ба суханони вазири пешини умури хориҷии Амрико Ҳилларӣ Клинтон, ки Путинро ба Ҳитлер монанд кард, вай гуфт, “бо занон баҳс кардан бефоида аст.” Баъд аз талоқ додани занаш Путин боре гуфт: “Ба ҳар касе, ки ақаллан ду ҳафта бо Людмила (ҳамсари собиқаш) зиндагӣ карда тавонад, бояд ҳайкал гузошт.”

Муаллифон -- Дейзӣ Синделар ва Салими Аюбзод

XS
SM
MD
LG