Иқтисоддонҳо инро паёмади хушксолӣ дар бархе кишварҳои ҷаҳон ва уфти башиддати ҳосили имсолаи ғалла бахусус дар Қазоқистон - таъминкунандаи асосии бозори Тоҷикистон медонанд. Пас Тоҷикистон бояд дар чунин шароит чӣ кунад? Ва ваъдаи расидан ба амнияти ғизоӣ, ки як нуқтаи муҳимаш таъмини бозор бо гандуми ватанӣ буд, оё кай иҷро хоҳад шуд?
Воҳима аз Русия сар шуд...
Парвози нархҳо дар бозорҳои Тоҷикистон инбор низ чун ҳамеша дар арафаи иди Фитр ба нуқтаи авҷи аълояш расид. Исмат, як сокини ноҳияи Ҳисор мегӯяд: “Дар Ҳисор рӯзи ид имсол чунон вазнин шуд, ки як кило шафтолу аз 7 сомонӣ ба 25 сомонӣ расид. Себе, ки 3 сомонӣ нарх дошт, 12 сомонӣ шуд. Халтаи ордро ҳам аз аз 148 то 150 сомонӣ мефурӯшанд.”
Аммо мардумро дар Тоҷикистон бахусус афзоиши ҳангуфти нархи орд сахт нигарон мекунад, чунки як ғизои асосиаш ҳамин, ба истилоҳ, “чою чапотӣ” боқӣ мемонад. Соҳиб Амиров, як тоҷири умдаи орд мегӯяд, аз 1 август дар бахши кишоварзӣ ҳам ҷорӣ шудани муқаррароти минтақаи ягонаи иқтисодии Қазоқистону Русияву Беларус ва нархи гандуму ордашро баробари Русия кардани қазоқистонро як далели асосии чунин талотуми нарх дар бозор медонад:
“Воҳимаи асосӣ аз Русия сар шуд. Вилоятҳое, ки гандумаш аз хушксолӣ сӯхт, ба кашондани гандум аз Қазоқистон шурӯъ карданд. Ва ҳоло нархи гандум дар ҳамон ҷо 35-40 000 танга шудааст, яъне қариб 270 доллар. Агар нархи кашон-кашону гумруку дигару дигарро замм кунед, то инҷо 360 доллар мешавад ҳар тонна. Ҳол он ки пеш аз афзоиши якбораи нарх 245-250 доллар буд. Бубинед, якбора 50 фоиз боло рафт нарх.”
Вақте Чин ба бозор даромад...
Муҳаммад Расул, тоҷири дигари тоҷик, ки низ аз Қазоқистон орду гандум ворид мекунад, гуфт, дар як фурсати нозуке, ки ҳосили порсола тамом мешуду ҳосили нав ҳанӯз дар саҳро буд, Чин низ аз Қазоқистон орду гандуми зиёд кашонд. Ба гуфтаи ин соҳибкор, дар натиҷа, нарх дар Қазоқистон чунон боло рафт, ки соҳибкорони тоҷик як муддат аз воридоти орду гандум худдорӣ карданд ва ин боиси камчин шудани ин ду маҳсулоти муҳим дар Тоҷикистон шуд.
Муҳаммад Расул мегӯяд : “Мо дар ҳамон давраи нозук барои 6 вагон орд пул додем, ки ҳар халтааш то Ҳисор 137 сомонӣ тамом шуд. Аммо 2 ҳафтаи охир нархҳо дар Қазоқистон пойинтар рафтанд ва шояд ҳар халта аз 128 то 130 сомонӣ тамом шавад. Мо болои ҳар халта аз 80 сент то 1,20 доллар ҳаққи худро мемонем ва нархи як халтаи орд дар бозори яклухт шояд аз 135 то 137 сомонӣ шавад.”
Хушксолӣ дар Қустанай
Тоҷикистон солона ба тақрибан 2 миллион тонна маҳсулоти ғалладона ниёз дорад, ки танҳо зери 1 миллионаш аз ҳисоби тавлидоти дохилӣ ба даст меояд. Душанбе боқии эҳтиёҷоти худро аз ҳисоби воридот таъмин мекунад, ки тақрибан 95 дарсадаш аз Қазоқистон аст. Соли гузашта, барои мисол, ба Тоҷикистон аз Қазоқистон 438 000 тонна фақат гандум ворид шудааст. Бино ба оморҳо, ҳар моҳ ба ин кишвар аз Қазоқистон 28 000 тонна орду 37 000 тонна гандум ворид мешавад. Бо ин ҳол, пешбинии коршиносон нисбат ба дурнамои нархҳо чандон хушбинкунанда нест. Қазоқистон соли гузашта зери 25 миллион тонна гандум ҷамъ оварда буд, ки ҳосили бесобиқа буд. Аммо вазорати кишоварзии Қазоқистон ба иллати хушксолӣ ҷамъи ҳосили имсолаи гандумро зери 13 миллион тонна тахмин мезанад.
Муҳаммад Расул, тоҷири орду гандум мегӯяд, хушксолӣ бахусус ба вилояти Қустанай сахт асар кардааст: “Манбаъи асосии ғаллаи Қазоқистон Қустанай аст, вале имсол дар Қустанай ба маҳзи хушксолӣ гандум нашуд. Агар Афғонистону Чин ба маҳзи баландии нархи гандуми Қазоқистон дубора ба Ҳинд рӯ гардонанд, шояд нарх боз то 100 ё 105 сомонӣ пойин биояд, вале ҳоло ки дарав нав шурӯъ шудааст, ахборе надорем, ки нарх меғалтад.”
Болат Дуйсенбий, иқтисоддони қазоқ мегӯяд, мақомоти ин кишвар дар ҳоли ҳозир дар як дуроҳа қарор гирифтаанд, ки дар шароити пешомада чиро дар мадди аввал гузоранд – ҳифзи бозори фурӯши орду гандуми худ дар минтақа ё маҳдуд кардани содирот ба хотири ҷилавгирӣ аз бурузи норизоияти мардум дар дохил дар сурати камбуд ё афзоиши нархи орду нон:
“Онҳо бояд чанд моҳ пеш шарикони хориҷии худро огоҳ мекарданд. Хушксолӣ офате нест, ки ногаҳон пеш биояд. Аз қабл маълум буд, ки ҳосил имсол кам мешавад ва Қазоқистон бояд инро барномарезӣ мекард. Ҳоло агар қарордодҳои хориҷиашро иҷро накунад, обрӯи кишвар зарба хоҳад хӯрд. Вале агар давлат фикри обрӯяшро кунад, дар дохил метавонад ба камбуди орду нон ва ба ин далел, ба норозигии мардум ва ҳатто ба ошӯбҳои иҷтимоие гирифтор шавад.”
FAO - идораи ғизо ва кишоварзии СММ мегӯяд, баъди се моҳи коҳиши қиматҳо нархи маҳсулоти ғизоӣ дар ҷаҳон дар моҳи июл 6 дарсад боло рафта, қимати гандум дар ин моҳ 19 фоиз афзудааст. Иқтисоддони аршади ин созмон Консепсион Калпе мегӯяд, хушксолӣ дар кишварҳои ҳавзаи баҳри Сиёҳ вазъи ногувореро дар бозори орду гандум ба бор овардааст, ки кишварҳои аз нигоҳи амнияти ғизоӣ осебпазир ва пойбанди кӯмакҳои хориҷӣ, чун Тоҷикистонро дар вазъи боз ҳам осебпазиртар қарор медиҳад.
Ва он ҳам дар ҳоле ки, ба гуфтаи хонум Калпе, кам шудани ҳосили гандум дасти ҷомиаи ҷаҳонӣ барои ироаи кӯмакҳои ғизоӣ ба кишварҳои фақирро низ кӯтоҳтар хоҳад кард:
“Дар ояндаи наздик гумон аст, ки нархи гандум ба ҳолати чанд моҳ пеши худ баргардад, балки нархҳо ҳамчунон таҳти фишор боқӣ хоҳанд монд. Мо намедонем, ки Украина ё Қазоқистон содироти гандуму ордро маҳдуд хоҳанд кард ё на, вале яқин аст, ки нархҳои боз ҳам баланд хоҳанд рафт. Ва нафақат орд, балки анвоъи дигари ғизо, чун шакару равған ҳам. Ин метавонад тамаркузи кишварҳои дороро ба таъмини бозори дохилӣ бештар кунад ва кишварҳои ниёзманд ба ин далел аз хориҷ кӯмаки хеле камтари ғизоӣ дарёфт кунанд.”
Гандуми тоҷикӣ кай бозоргир мешавад?
Давлати Тоҷикистон як барномаи вижаи таъмини истиқлоли ғизоияшро тасвиб кардааст, ки то соли 2015 ба 1,8 миллион тонна расондани ҳосили ғалладона ва бо гандуми худӣ пур кардани бозори дохилиро ба ҳадаф дорад. Аммо тоҷири орд Соҳиб Амиров ба чанд далел, аз ҷумла нисбат ба гандуми Қазоқистон пасттар будани фисади клейковина ё шираи гандуми маҳаллӣ ва ҳам зарфиятҳои кунунии риштаи кишоварзии Тоҷикистон расидан ба истиқлоли ғизоӣ дар солҳои наздикро баъид медонад.
Дар пайи афзоиши нархи ғизо Душанбе рӯи манбаъҳои алтернативии бозори дохилиаш низ меандешад ва бино ба хабарҳо, бо Покистон, барои мисол, ҷиҳати ворид кардани 30 000 тонна шакар бо нархи арзонтар тавофуқ бастааст. Аммо оё Тоҷикистон метавонад аз орду гандуми Қазоқистон даст шуста, рӯ ба Покистон ё Ҳинд биорад?
Ҳамсӯҳбати мо Муҳаммад Расул гуфт, орди Покистон чунин таҷрубаро соҳибкорони тоҷик доштанд, вале маълум шуд, ки орди Покистон барои пухтани нонҳои тоҷикӣ кор намеояд: “Ду сол пеш мо ҳатто маслиҳат карда будем, ки тавассути Афғонистон аз Покистон орд ворид кунем. Орди Покистон дар сафедӣ сафед аст, лекин тоҷироне, ки аз ин самт орд оварданд, дар фурӯхтанаш мушкил кашиданд. Аз он макарон сохта мешавад, вале дар танӯр намеистад.”
Ба фарқ аз Украина ва Қазоқистон, ки ҳосили имсолаи гандумашон ба иллати хушксолӣ қариб нисф хоҳад шуд, мақомоти Русия мегӯянд, бо вуҷуди 15 дарсад коҳиш ёфтани ҳосил, тавони содироти то 12 миллион тонна гандумро доранд. Аммо соҳибкорони тоҷик мегӯянд, нархи орд дар Русия тақрибан баробари Қазоқистон аст, ки бо изофаи харҷи роҳ ҳар халтааш то Душанбе қариб 150 сомонӣ тамом мешавад ва аз ин рӯ, гумон аст, ки Русия ҳам битавонад ҷои холишудаи Қазоқистонро дар бозори орди Тоҷикистон пур кунад.