Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50/50. Фоида аз таваққуфгоҳҳои пулакӣ дар Душанбе ба куҷо меравад?


"Панҷоҳ дар панҷоҳ тақсим мешавад"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:50 0:00

Видеоро дар ин ҷо бинед

Даромад ё фоида аз таваққуфгоҳҳо (ҷойи ист)-и пулакии мошинҳо дар шаҳри Душанбе, бар асоси ҳуҷҷатҳо, миёни ҳукумат ва сармоягузорони тарҳ панҷоҳ бар панҷоҳ тақсим мешавад.

Ин тарҳ аз сӯйи ширкати “Нет Солюшенс” ва “Душанбе Сити Бонк” амалӣ мегардад. Онҳо ҷузъиёт намедиҳанд. Рӯшан нест, ки чаро ҳукумат маҳз бо ин ширкатҳо қарордод кард ва он ҳам бидуни озмун ё тендер ва омӯзиши вазъи молии сокинону меҳмонони шаҳр. Дар ҳоли ҳозир ҷараёни сабтиноми IMEI-ро дар Тоҷикистон низ “Нет Солюшенс” бар уҳда дорад. Ҳаққи хидмати онро “Душанбе Сити Бонк” қабул мекунад.

"Баъзе аз ронандаҳо то 20 ҷарима доранд"

Зафар Раҷабов, ронандаи таксӣ, намедонад, ки пули истифода аз таваққуфгоҳҳо ба куҷо меравад. Ӯро бештар пайдо шудани хатҳои кабуд дар кӯчаҳои пойтахт эҳтиёткор кардааст. Зеро, агар ҳаққи онҳо, яъне 3 сомониро барои як соати ист напардозад, 24 баробар бештар ё 72 сомонӣ ҷарима хоҳад супурд.

“Маро то ҳол ҷарима набастаанд. Пайваста месанҷам, ки ҷарима дорам ё не. Бачаҳое ҳастанд, ки бисёр доранд. Хатҳоро сарфаҳм намераванд. Баъзе аз ронандаҳои таксӣ 10, 15, қариб 20 ҷарима доранд,” – нақл кард ӯ.

Ба фарқ аз Зафар, Лутфуллоҳ Расулзода, ронандаи дигари таксӣ, мегӯяд, то замони огоҳ шудан аз тартиби пардохти ҳаққи таваққуфгоҳи пулакӣ, чанд бор ҷарима супурд: “Тибқи қонун, таваққуфгоҳ бояд дар хати якуми ҳаракати нақлиёт набошад. Бояд берунтар аз хат бошад, то роҳ холӣ монад. Дар мо чунин кардаанд, ки дар ҳудуди роҳ аст."

Лутфуллоҳ мегӯяд, супоридани пул ба таври онлайн душвории дигар аст, чун аксар ронандагон ҳанӯз ба он сарфаҳм намераванд. Ба назари ӯ, ҳамчунин гоҳе бебарқиву интернети суст сабаб мешавад, ки охирин муҳлати ҳаррӯзаи пардохт, яъне соати 12-и шаб мегузарад ва дар натиҷа соҳиби мошин ҷарима мешавад.

Таваққуфгоҳҳои пулакиро дар шаҳри Душанбе бар асоси созишномаи ҳукумати Тоҷикистон ва консорсиуми сармоягузорон таъсис додаанд, ки аз ширкатҳои "Нет Солюшенс" ва "Душанбе Сити Бонк" иборат аст. Маблағи татбиқи тарҳ то 10 миллион доллар пешбинӣ шудааст. Яке аз ҳадафҳои он коҳиши танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт гуфта мешавад.

Тибқи созишнома, даромад аз пардохти ҷаримаҳои вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва сармоягузор баробар тақсим мешавад. Аммо ҳаққи таваққуфгоҳҳои пулакӣ ва ҷаримаҳои онро ҳукумати Душанбе ва сармоягузор панҷоҳ дар панҷоҳ тақсим мекунанд.

"Ин ба чӣ оварда мерасонад?"

Новобаста аз муроҷиати Радиои Озодӣ то лаҳзаи таҳияи гузориш намояндагони “Нет Солюшенс” ва “Душанбе Сити Бонк” ҳозир нашуданд, ки ҷузъиёти бештар диҳанд. Ин ҳам рӯшан нест, ки чаро ҳукумат маҳз бо ин ширкатҳо қарордод баст ва озмун ё тендер миёни ширкатҳо ба таври шаффоф сурат гирифтааст ё не.

Фозилҷон Фатҳуллоев, коршиноси иқтисодӣ, рӯзи 1-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тарҳ вазъи молии мардумро ба назар нагирифтааст.

“Агар нархи як соати таваққуфгоҳ 3 сомонӣ не, ҳадди ақал 1 сомонӣ ё 50 дирам мебуд, барои мардум мушкили изофӣ эҷод намекард. Ин ба чӣ оварда мерасонад? Аз як тараф хуб аст, ки ронандаҳо дар ҳар ҷой намеистанд. Аз тарафи дигар, дар он ҷое, ки дурбин нест, мардум мошини худро гузоштан мегиранд. Боз як мушкили дигар пайдо мешавад,” -- шарҳ дод Фозилҷон Фатҳуллоев.

Бино бар қоидаҳои истифода аз таваққуфгоҳҳои пулакӣ, маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2, сӯхторнишонҳо, милиса ва ёрии таъҷилӣ метавонанд аз он бепул истифода баранд.

Маблағҳои зиёде, ки тарҳи нав меорад, бо чӣ ҳадафҳо истифода хоҳанд шуд? Пурсише, ки ба он дар Раёсати БДА-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ва Вазорати нақлиёт, ки масъули назорату танзим ва нигаҳдории роҳҳо ҳастанд, посух надоданд.

XS
SM
MD
LG