Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 ВИДЕО: Таронаҳои тоҷикӣ дар иҷрои овозхонҳои хориҷӣ


Далери Назар
Далери Назар

Ҳунармандони тоҷикро ҳамеша айбдор мекунанд, ки моли дигаронро месароянд. Маълум мешавад, таронаҳои тоҷикӣ низ аз сӯи овозхонҳои афғону эронӣ, узбаку турку озарӣ ва ҳатто рус иҷро мешавад.

Дар шабакаи Ютюб таронаи пуршӯҳрати “Ай ёрум, биё!”-и овозхони фақид Муборакшоҳи Мирзошоҳ нашр шудааст, вале дар иҷрои овозхони ҷавони эронӣ Умеди Ҷаҳон. “Ай ёрам, биё!” зоҳиран “мева”-и сафари ҳунарии як сол пеши Умеди Ҷаҳон ба Тоҷикистон аст, чунки ӯ талош кардааст, ин таронаро бо ҳамон сабки хоси Муборакшоҳ иҷро кардаву банди “Ай Бадахшонуме...”-ро ҳам ҳифз кардааст.

Гузашта аз ин, Умедии Ҷаҳон як банди дигар – “Қади пастатба мурам...”-ро ба тарзи хоси хондани таронаҳои мардумӣ дар водии Зарафшон сурудааст.

Ин таронаи маъруфи Муборакшоҳро дар соли 2009 гурӯҳи эронии “Киоск” ҳамроҳ бо Мӯҳсини Номҷӯ бо як лаҳни ғайриоддие иҷро карда буданд ва созандаи клипаш Мустафо Ҳиравӣ дар Ютюб бо эътирофи инки асли тарона аз Тоҷикистон ва моли тоҷикҳост, гуфтааст, ки дар сохтани клипаш хеле фаровон аз филми низ пуршӯҳрати “Рангҳои анор”-и коргардони маъруфи арманӣ Сергей Параҷонов истифода бурдааст.

Иҷрои таронаҳои тоҷикӣ аз сӯи овозхонони кишварҳои дигар дар солҳои охир бештар мушоҳида мешавад. Аз ин миён таронаи “рекордсмен” шояд “Чак-чаки борони баҳор”-и Далери Назар бошад, ки беш аз ҳар таронаи дигар аз сӯи овозхонони хориҷӣ иҷро шудааст.

Соли гузашта шабакаи ҷаҳонии Интернетро Ҷӯрабек Ҷӯраеви 4-сола аз Узбакистон бо хондани “Чак-чаки борон” такон дод.

“Чак-чаки борон”-ро дар иҷрои Ҷӯрабек аз 28 июни соли 2003 ба ин сӯ дар Ютюб алакай 267 ҳазор нафар тамошо кардаанд. Ва ин танҳо як нашри онро. Ҷамъи онҳое ки “Чак-чаки борон”-ро дар Интернет дар иҷрои ин овозхони 4-сола дидаанд, бино ба ҳисобҳо, кайҳо аз марзи 1 миллион гузаштааст ва Ҷӯрабек Ҷӯраев баъди ин тарона он қадар шӯҳрат ёфт, ки ровии машҳур Андрей Малахов ҳатто ӯро ҳамчун як падидаи сол ба барномаи солинавии “Пусть говорят”-аш дар телевизиони ОРТ-и Русия даъват кард.

Хабари яке аз бозсароиҳои ин шоҳкории Далери Назар ғайричашмдошт аз Озарбойҷон омад. Интизор Мамедов ва гурӯҳи “Фламенко” “Чак-чаки борон”-ро ба як сабки дигар хондаанд. Падари Интизор, ки қаблан дар гурӯҳи “Шерон” ҳунарнамоӣ мекард, озарӣ, вале модараш аз Испанияанд ва ин аст ки ӯ дар иҷрои таронаҳо ба сабку ба мусиқии испанӣ зиёд такя мекунад ва ба “Чак-чаки борон” низ каме “ҷома”-и испанӣ пӯшондааст.

Ин таронаи Далерро овозхони узбак Шоҳсанам Қиличева, ки дар Туркия овозхонӣ мекунад, низ борҳо иҷро кардааст. Юлдуз Усмонова, ситораи шинохтаи эстрадаи Узбакистон дар як консерташ дар Душанбе эътироф кард, ки “Чак-чаки борон” дӯстдоштатарин таронаи ӯст. Юлдуз дар ин консерт “Чак-чаки борон”-ро ҳамроҳ бо худи Далер иҷро кард.

Аз дигар таронаҳои хонандаҳои тоҷик, ки шӯҳраташон тба берун аз Тоҷикистон расидаву аз сӯи овозхонҳои хориҷӣ иҷро шудаанд, метавон боз “Дар ин замона”-и Баҳром Ғафуриро ба ёд овард, ки ба тозагӣ аз сӯи ситораи афғон Валӣ бозсароӣ шуд. “Ай нигори нозанин”-ро ёд дорем, ки ахиран бо илҳом аз сафарҳояш ба Тоҷикистон овозхони эронии муқими Амрико Мансур иҷрояш кард. “Камарборик” бар пояи шеъри Абулқосими Лоҳутӣ ҳам ҳаст, ки баъди чанд даҳсола шӯҳраташ дар худи Тоҷикистон боз чандин хонандаи эронӣ онро хондаанд.

Аз Ҷамшеди Исмоил таронаҳои “Шаб ки хондам номаҳоят...” (шеъри Лоиқ) ва “Эй ҳамватанон, хоки Ватанам зи мурда безор шудааст”-ро дорем, ки овозхони афғон Сиддиқи Шаббоб ба репертуараш ворид кардааст.

Аммо аксари ин бозсароиҳо аз сӯи овозхонҳои ҳамзабони афғону эронӣ ваё хонандагон аз кишварҳои аз нигоҳи фарҳангӣ ба мо наздике, мисли Узбакистон ё Туркияву Озарбойҷон, сурат гирифтааст.

Аз кишварҳои аз нигоҳи забониву фарҳангӣ ба мо дуртар як намуна аз як хонандаи ҳаваскори украинист, ки дар шароити хона ва зери навои гитор боз ҳам “Чак-чаки борон”-и Далерро хондааст. Ва ҳам гурӯҳи "Барака" аз Латвия, ки чандин таронаи овозхонҳои бадахшӣ, аз ҷумла аз Далеру Муборакшоҳ ва аз Нобовар Чаноровро хондааст.

Вале як намунаи барҷастаи таронаи эстрадаи тоҷик, ки аз сӯи як овозхони рус дар сатҳи касбӣ ва бо таҳияи видеоклипаш иҷро шудаву дар Ютюб танҳо як нашрашро 740 000 нафар тамошояш кардаанд, албатта, “Равон шуданд 4 ҷавон”-и ҳамон Муборакшоҳи Мирзошоҳ аст, ки як овозхони рус бо номи пуриддаои NATO хондааст. Ҷамъи онҳое ки ин таронаро дар иҷрои NATO дар нашрҳои мухталиф, аз ҷумла бо титрҳои инглисиву туркӣ ва арабӣ, тамошо кардаанд, аз 1 миллион мегузарад.

Ин бозсароиҳои таронаҳои овозхонҳои тоҷик ақидаи роиҷеро ки гӯё танҳо ҳунармандони тоҷик бе ягон пушт-пушт моли ҳамтоҳои хориҷиашон “аз худ” мекунанд, зери суол мебарад. Яъне маълум мешавад, ки ин роҳ яктарафа набудааст, балки моли хонандагони тоҷик низ дар он тараф харидор доштааст. Мисли “Ай ёрам, биё!”-ву “Равон шуданд 4 ҷавон”-и Муборакшоҳи равоншод, “Чак-чаки борони баҳор”-и Далери Назар... ва боз чандину чандин шоҳкорҳои дигари ҳунармандони эстрадаи тоҷик.

XS
SM
MD
LG