Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурбониёни "облава". Баъд аз артиш дубора ба мактаб


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бо вуҷуди ин ки қонун ҷалби мактабиён ва донишҷӯёни то 21-соларо ба хидмати ҳарбӣ манъ мекунад, даҳҳо нафар аз ҷавонон шикоят мекунанд, ки "облава" онҳоро аз маълумоти миёна маҳрум кардааст.

Дар ҳоле, ки ҳамсинфҳои Муҳаммадалӣ Ҳусейнзода, соли дувуми таҳсил дар донишгоҳро хатм мекунанд, ӯ танҳо акнун сару либоси мактабӣ харида, омодаи мактабхонӣ мешавад. Сабаби таъхир ин аст, ки дар давраи таҳсил дар мактаби миёна Муҳаммадалӣ дар қатори даҳҳо ҷавони дигар ба хидмати ҳарбӣ ҷалб шудаанд ва номаи камол нагирифтаанд. Акнун чунин ҷавонон бояд дар мактаби шабона таҳсил кунанд.

Муҳаммадалӣ, ки ба гуфтаи волидонаш ҳангоми таҳсил дар синфи 11 маҷбуран ба артиш бурда шуд, ҳоло соҳиби билети ҳарбист, аммо шаҳодатномаи хатми мактаби миёнаро, ки роҳи ӯро ба дарёфти касб ва ҷойи кор боз мекунад, надорад. Мақомоти маориф дархости Муҳаммадалиро барои дарёфти номаи камолот ҳамчун имтиёз ба як сарбози собиқ рад кард, аммо дар иваз ӯро ба мактаби шабона номнавис намуд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон зимни як барнома аввалин бор онҳоеро, ки мисли Муҳаммадалӣ ба далели хидмати ҳарбӣ аз номаи камол маҳрум шудаанд, ба таҳсил фаро мегирад. Бино ба маълумоти ин ниҳод, беш аз сад ҷавон дар мактабҳои шабона давоми 20 рӯз барномаи синфҳои болоии 10 ё 11-ро аз бар хоҳанд кард.

Ба гуфтаи Муқаддас Касирова, раҳбари мактабҳои шабонаи назди Вазорати маориф ва илми кишвар, дарсҳо барои сарбозони собиқ дар вилояти Суғд аллакай шурӯъ мешаванд ва "ҳамин тавр дар ҳамаи ноҳияҳои дигар ҳам қарор аст, мактабҳои шабона чунин ҷавононро ба омӯзиш фаро гирад.”

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ин иқдоми вазорат дар посух ба муроҷиати волидон ва худи ҷавонон пиёда мешавад. Аммо дар робита ба ин, ки ин хонандаҳо чӣ тавр аз пушти мизи мактабӣ ба қисмҳои ҳарбӣ афтодаанд ва чаро вазорат натавонистааст, сари вақт онҳоро ба мактаб баргардонад, намояндагони вазорати маориф чизе гуфтан нахостанд. Пештар бархе аз онҳо гуфтаанд, ки қисме аз ин ҷавонон баъд аз хатми синфи 9 дигар нахостаанд, таҳсилро идома диҳанд ва чун синнашон ба 18 расида буд, бо хоҳиши худ ба хидмати ҳарбӣ рафтаанд.

Чунин тафсир падару модаронро қонеъ намекунад. Аксарияти онҳо иддао доранд, ки писаронашон маҷбуран ва бо шеваи "гирудор" ё "облава" ба артиш ҷалб шуда, аз идомаи таҳсил маҳрум гаштаанд. Аз ҷумла Ҳусейн Ғайбуллоев, падари, Муҳаммадалӣ, мегӯяд дар ин бора то президент ва вазири дифоъ шикоят бурда, хостори баргардонидани писараш ба мактаб шудааст: “16 майи соли 2013 нисфи шаб 12 нафар ба хонаамон зада даромаданд ва гуфтанд писаратонро бояд ба хизмат барем. Бо вуҷуди баҳсу талошҳои мо ӯ ва 3- 4 ҳамсабақашро ба хизмат бурданд,”

Дилафрӯз Самадова
Дилафрӯз Самадова

Қонун барои афроди то 21 сола, ки дар мактаб ё донишгоҳ таҳсил мекунад, ҳаққи ба таъхир гузоштани мӯҳлати хизматро додааст. Яъне “ҷалби маҷбурии хонандагони то 21-сола ба артиш амали ғайриқонунист,” -- мегӯяд, Дилафрӯз Самадова, ҳуқуқшиноси Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ.

Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, дар даъвати ахири тирамоҳӣ, дар ҷараёни "гирудор"-и ҷавонон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Қӯрғонтеппа 9 донишҷӯ ба хидмат бурда шуданд ва донишҷӯён ҳам дар ин мавсим аз омадан ба дарс метарсиданд. Омӯзгорони коллеҷ мегӯянд, қаблан барои ҳимоя аз донишҷӯёни худ бо намояндаҳои комиссариати ҳарбӣ баҳс мекарданд, аммо ҳоло дигар ҳамкорӣ доранд.

Соли 2012 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд барои ҳифзи магистрҳои худ ба онҳо иҷоза дода буд, то анҷоми мӯҳлати даъват ба артиш ба дарс ҳозир нашаванд. Соли 2014 масъулони Донишкадаи улуми иҷтимоии Русия, воқеъ дар минтақаи Бодканди Қирғизистон аз ҷалби иҷбории донишҷӯёни худ ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон шикоят кардаанд.

XS
SM
MD
LG