Сухангӯи Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон Соҷида Чоколоева рӯзи 2 сентябр ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ин 4 нафар рӯзи 1 сентябр дар ноҳияи марзии Бодканд дастгир шуданд. Ба гуфтаи Соҷида Чоколоева, аз ин афрод дар маҷмӯъ 5 камони шикорӣ, аз ҷумла 3 камони сочмаӣ, як камони шикории навъи "Вепр" ва як карабини низ шикории навъи "Тигр" мусодира шудааст, вале на камонҳои снайперӣ, ки қаблан гуфта мешуд.
Қаблан гузориш шуда буд, ки рӯзи 1 сентябр дар ҳудуди рустои Оқ-Чечеки ноҳияи Бодканди Қирғизистон 4 шаҳрванди Тоҷикистонро бо силоҳ дастгир кардаанд. Гуфта мешавад, ин афрод ба хотири шикор ба қаламрави Қирғизистон рафтаанд.
Мақомоти Қирғизистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир атбоъи Тоҷикистон ба убури ғайриқонунии марз ва шикори ғайриқонунӣ айбор мешаванд. Ин парвандаро Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон таҳқиқ мекунад.
Хонум Чоколоева гуфт, ҳамаи боздоштшудаҳо аз ноҳияи Конибодом буда, зоҳиран аъзои як хонаводаанд, чунки "исми хонаводагии ҳамаи ин 4 нафар ва нишоние, ки сабти ном шудаанд, як аст." Ба гуфтаи ӯ, ин афрод зоҳиран ба хотири шикор омада будаанд, зеро ҳангоми боздошт аз онҳо чанд кабк низ кашф ва мусодира кардаанд.
Вале мақомоти тоҷик ҳанӯз хабари боздошти 4 шаҳрванди ин кишвар дар ҳудуди вилояти Бодкандро тасдиқ ё рад накардаанд. Шавкат Мамадҷонов, раиси ҷамъияти шикорчиҳои вилояти Суғд ба Озодӣ гуфт, вай аз хабари боздошти 4 шаҳрвандони тоҷик бо силоҳи шикорӣ дар ин маҳал огоҳӣ надорад.
Вай гуфт, дар наздики ин маҳал саёдони тоҷик низ шикоргоҳ доранд ва барои шикори кабку заргӯш ва бузи кӯҳӣ мераванд. Аммо ба сайд моҳи октябр, ки мавсими тирамоҳии шикор оғоз меёбад, иҷозат дода мешавад. Шавкат Мамадҷонов афзуд: “Мо дар бораи шикоргоҳи Сиёҳкӯҳ, дар наздики Оқ - Чечек қарори расмии ҳукуматамонро дар даст дорем. Аммо қирғизҳо мегӯянд, ки ин замини онҳост. Яъне байни замину осмон. Сарҳад маълум нест ва ягон аломат ҳам гузошта нашудааст.”
Деҳаи Оқ – Чечек, дар марзи байни ноҳияи Бодканд ва мавзеъи Ниёзбеки қисмати ҷануби шарқии Конибодом ҷойгир аст. Ноҳияи Бодканд яке аз се ноҳияи вилояти Бодканди Қирғизистон бо ноҳияҳои Исфара ва каме Конибодоми вилояти Суғди Тоҷикистон ҳаммарз аст.
Марзи миёни Қирғизистон бо Тоҷикистон дар минтақаи Бодканд дар чанд моҳи ахир шоҳиди чандин мавриди ихтилофу муноқишаҳои марзӣ будааст.
Ҳафтаи гузашта хабаргузории Интерфакс ба нақл аз мақомоти сохторҳои қудратии Қирғизистон хабар дода буд, ки субҳи 29 август дар қаламрави вилояти Ботканди ин кишвар як гурӯҳи ношиноси чатрбозон фуруд омадааст.
Ин хабар боиси роҳандозии амалиёти ҷустуҷӯӣ дар ҳарду ҷониби марз шуд.
Ҷониби Тоҷикистон ҳамон рӯз эълон кард, ки дар қаламраваш асаре аз ин гурӯҳи чатрбозон пайдо накардааст. Лоиқ Маҳкамов, раиси ҷамоати Ворух рӯзи 29 август ба Озодӣ гуфт, ки марзбонон ва пулиси ин минтақа дар 2 нақлиёт ба таҳқиқи ҳақиқати ин хабар ва ҷустуҷӯи чатрбозони фурудомада ба маҳали ҳодиса рафтанд, аммо он ҷо ягон чатрбоз ё каси дигари бегонаро пайдо накарда баргаштанд.
Сухангӯи марзбонони қирғиз Соҷида Чоколоева рӯзи 2 сенгтябр ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди Қирғизистон низ натиҷае надод ва рӯзи 31 август қатъ карда шуд.
Моҳи августи соли гузашта низ дар бархе расонаҳои интернетӣ хабари пайдо шудани гурӯҳи номаълуми ҷангандаҳо дар минтақаи кӯҳии ноҳияи Лайлак, ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон ба нашр расид. Вале мақомоти сарҳадбонии қирғиз пас аз таҳқиқ он хабарро радд карданд.