Ҳарчанд вай аз ягон ҳизбу ҷунбиши мушаххас ном набурд, аммо гуфт, онҳо қабл аз эълони расмии оғози маъракаи интихоботӣ ба таблиғоти интихоботӣ даст задаанд. Ғайбулло Афзалов аз ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ хост, ки пеши роҳи нақзи қонуни интихоботро бигиранд.
Вай афзуд: «Интихобот ҳанӯз шуруъ нашудааст, аммо баъзе ҳизбҳо ситодҳо ташкил дода, аллакай барои интихобот мафкураи одамонро гиҷ карда истодаанд. Қонуни интихоботро вайрон карда истодаанд. Тибқи қонун маъракаи интихобот ва умури ташвиқоту тарғиботӣ танҳо се моҳ қабл аз замони интихоботи президентӣ бояд оғоз ёбад. Хоҳиш мекунам аз тамоми мақомоти ҳифзи тартибот, раисони ҷамоатҳо, ки аз қонуншиканӣ ҷилавгирӣ намоед. Ҳама ҳизбҳо ҳаққи ширкат дар интихоботро доранд, аммо дар чаҳорчӯби қонун.»
Раиси вилояти Хатлон ҳамзамон аз масъулони Ҳизби халқии демократӣ даъват кард, ки дар ғафлат набошанд ва аз дигар ҳизбу ҳаракатҳо ақиб намонанд. Ғайбулло Афзалов, ки дар рӯ ба рӯйи сокинони ноҳияи Ҷиликӯл суҳбат мекард, ҳамчунин ба онҳо хитоб намуд, ки фирефтаи «ваъдаҳои хушку холӣ»-и аҳзоби сиёсии мухолиф нашаванд:
«Ҳушёр бояд бошем. Ба дасисабозию сафсатаи касе бояд бовар накунем. Аз рӯйи таҷрибаи зиндагие, ки доред, ба худатон таҳлил кунед, ки ба кадом кор даст задан бар суди мост ё хайр. Гапу ваъдаҳои хушку холӣ ба ҳеҷ кас даркор нест. Чаро мо ваъдапардозӣ намекунем? Чунки «дурӯғгӯӣ торикии имон аст» гуфтаанд. Мо ба андозаи тавонамон реалӣ баҳо медиҳем ба вазъ ва он кореро ваъда медиҳем, ки имкони ҳаллаш дар шароити феълӣ мавҷуд аст. Мо намехоҳем, ки эътимоди мардумро аз даст диҳем. Медонем, ки шумо ба мо бовар доред, дастгирӣ мекунед ва мо ҳам ҳама талошро барои беҳсозии вазъи мардум ба харҷ медиҳем.»
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба иддаои Қамариддин Афзалӣ, раиси созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар минтақаи Қӯрғонтеппа, фаъол шудани кори аҳзоби сиёсӣ дар соли интихоботи раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҳама манотиқи кишвар амри маъмулист ва набояд мояи нигаронии мақомоти давлатӣ бошад. Ба таъкиди вай, таъсиси ситодҳои интихоботии аҳзоб мухолифи қонуни интихоботи президент нест, балки мақомоти давлатӣ бояд алоқаманди ширкати баробари ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ бошанд.
Қамариддин Афзалӣ гуфт: «Онҳо, ки худ узви ҲХДТ ҳастанд, аз имконоти зери дасташон хеле хуб истифода мекунанд ба фоидаи ҳизбашон. Аз рӯйи қонун ҳокимиятҳои маҳаллӣ барои ҳамаи ҳизбҳое, ки дар вазорати адлия ба қайд гирифта шудаанд ва дар чаҳорчӯби қонуни аҳзоби сиёсӣ фаъолият мекунанд, бояд имконоти мусовии ширкат дар маъракаҳои сиёсиро фароҳам оваранд. Мутаассифона, чӣ кор кунем, ки дар чунин як шароит кору зиндагӣ дорем.»
Дар ҳамин ҳол, таҳлилгарон ба фаъолияти кунду номуассири аҳзоби сиёсӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон ишора мекунанд. Сайраҳмон Назриев, коршиноси маҳаллӣ, мегӯяд, сарфи назар аз ин ки то замони баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ камтар аз 9 моҳи дигар боқӣ мондааст, бахши аъзами аҳолии вилояти Хатлон аз фаъолиятҳои аҳзоби сиёсӣ ҳанӯз ҳам бехабаранд.
«Табиист, ки ҳизбҳои сиёсӣ дар пешорӯи интихоботҳо фаъол мешаванд. Аммо дар вилояти Хатлон мо ҳоло ҳис намекунем, ки ягон ҳизби сиёсӣ ба корзори интихоботӣ пардохта бошад. Ҳизбҳо пассиванд, бо мардум кор намекунанд. Шояд ҳоло омодагӣ мебинанд ба интихобот, аммо, бешак, ҷомеа вуҷуд ва таъсири кори ҳизбҳоро умуман эҳсос намекунад», - афзуд С. Назриев.
Танҳо намояндагони ҳизбҳои халқии демократӣ ва наҳзати исломӣ дар вилояти Хатлон саргарми фаъолият буда, ба интихоботи президентӣ омодагӣ мегиранд. Аммо ҳизбҳои сотсиал-демократ, сотсиалистӣ, демократ, коммунист, аграрию ислоҳоти иқтисодӣ натанҳо фаъолияти муассир, балки ҳатто дафтари корӣ ва баъзеашон роҳбари созмони минтақавӣ ҳам надоранд. Ахиран, Дилбар Солиева ҳам аз раҳбарии созмони хатлонии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон даст кашида, ба узвияти ҲХДТ пайваст.