Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави Амрико. "Газпромнефт-Тоҷикистон" дар рӯйхат


Як нуқтаи сӯзишвории "Газпромнефт Тоҷикистон" дар канори Душанбе
Як нуқтаи сӯзишвории "Газпромнефт Тоҷикистон" дар канори Душанбе

Иёлоти Муттаҳида "Газпромнефт" ва "Сургутнефтегаз", ду ширкати азими нафтии Русияро таҳрим кард. Ин қарор, ки рӯзи 10-уми январ нашр шуд, зиёда аз 20 корхонаи тобеи онҳо, аз ҷумла “Газмронефт” дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистонро бар мегирад.

Ҷанетт Йеллен, вазири молияи Амрико, таҳримҳои навро “чораи ҳамаҷониба зидди манбаи муҳими даромади Русия” номид. Даромаде, ки барои сармоягузории ҷанги бераҳмонаву ғайриқонунии Русия алайҳи Украина истифода мешавад.

“Ин тадбирҳо таваҷҷуҳи моро барои баҳам задани даромадҳои Кремлин аз ҳисоби энержӣ тавсеа ва тақвият медиҳанд,” -- афзуд ӯ.

Дар рӯйхати таҳримшудаҳо номи 183 киштии нафткаш ҳам ворид карда шудааст, ки барои содироти нафти Русия хидмат мекунанд.

Ширкати "Газпромнефт"-и Русия дар вокуниш гуфтааст, ки ба чунин қарор аз пеш омода буд. Матни вокунишро хабрагузории "Интерфакс" рӯзи 10-уми январ нашр кард.

Масъулони ширкат гуфтаанд, аз соли 2022, замони ҳуҷуми бедалели Русия ба хоки Украина, мавриди таҳримҳои якҷонибаи хориҷӣ қарор дошта, "чунин маҳдудиятҳо аллакай дар кори ширкат ба инобат гирифта шудаанд".

Ҳамзамон ширкат ворид кардани исми дороиҳои онро ба феҳристи таҳримшудаҳо "беасос, ғайриқонунӣ ва мухолиф бо рақобати озод" номидааст.

Мақомот дар Тоҷикистон ё намояндагии ширкати "Газпромнефт-Тоҷикистон" ба қарори нави Вазорати молияи Амрико ҳанӯз вокуниш накардаанд. Маълум нест, ки оё таҳрими охир ба кори “Газпромнефт-Тоҷикистон” ва ё равобити Тоҷикистон бо Иёлоти Муттаҳида чӣ таъсире дошта метавонад.

Тоҷикистон маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка ворид мекунад.

Бино ба маълумоти Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон, дар ин кишвар понздаҳ ширкат бо ворид кардани гази моеъ сарукор дорад ва соли 2023 дар умум 411 ҳазор тонна гази моеъ оварда шудааст. Cаҳми “Газпромнефт-Тоҷикистон” дар соли 2023 беш аз даҳ дарсадро ташкил дод.

XS
SM
MD
LG