Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Google Самарқанду Бухороро ба Узбакистон "баргардонд"


Шабакаи ҷаҳонии ҷустуҷӯии Google, ки шаҳрҳои Бухорову Самарқандро дар радифи Душанбе чун шаҳрҳои асосии Тоҷикистон унвон карда буд, ин "иштибоҳаш"-ро ислоҳ кардааст.

Google навишта буд, ки Тоҷикистон як кишвари мустақили Осиёи Миёна ва яке аз собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравии пешин аст. Пойтахтҳояш Самарқанд, Бухоро ва Душанбе, раҳбараш Эмомалӣ Раҳмон, асъори миллӣ сомонӣ ва забонҳои расмӣ дар ин кишвар - тоҷикӣ, русӣ ва форсӣ мебошанд.

Агарчи Самарқанду Бухоро дар гузашта аз шаҳрҳои бузурги тоҷикон буданд, аммо дар Google дар радифи Душанбе пайдо шудани номи ин ду шаҳр миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои тоҷику узбак баҳси зиёдеро ба миён овард аст. Бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки ҳадаф аз матраҳ кардани ин мавзӯъ, низоъ ва ҷудоӣ андохтан миёни сокинони минтақа аст.

"Иштибоҳ"-и Google
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:04 0:00
Линки мустақим


Низом Қосим, шоир ва узви порлумони Тоҷикистон дар сӯҳбат ба радиои "Озодӣ" гуфт, агарчанде Самарқанду Бухоро дар гузашта шаҳрҳои тоҷикон буданд, аммо имрӯз онҳо берун аз марзи Тоҷикистонанд. Ин аст, ки ба қавли Низом Қосим, мардуми тоҷик на бояд ба чунин баҳсҳо дода шаванд. Зеро эҳтимол дорад ин ба хотири низоъ андохтан миёни ин ду миллат тарҳрезӣ шудааст.

Намое аз шаҳри Бухорои шариф.
Намое аз шаҳри Бухорои шариф.
Низом Қосим мегӯяд, дар ҳоли ҳозир вақти чунин даъвоҳо нест, зеро, «сиёсати берунаи Тоҷикистон ба ҳама кишварҳои олам, ба хусус бо ҳамсояҳо сиёсати дӯстона аст. Ҳамкориҳои хуб дорад. Ин аст, ки гумон мекунам чунин корҳо ба ин сиёсат хала ворид мекунад.»

Яке аз фарҳангшиносони дигари тоҷик, ки нахост номаш гуфта шавад, афзуд, вазъ ба ҳама маълум аст ва ҳоҷати баҳсро намебинад. Гуфтани он, ки Самарқанду Бухоро моли мо буданд, дигар ҳеҷ маъное надорад. Вай гуфт: «Агар гӯям, ки Самарқанду Бухоро қаблан моли мо буд ва онро Узбакистон аз худ кардааст, чизеро тағйир медиҳад? Гуфтани мо чӣ аҳамият дорад. Ин як ҷанги расонаӣ ва иғвое беш нест».

Аммо таърихнигорони тоҷик дар радифи Душанбе гузоштани Самарқанду Бухороро мантиқӣ медонанд, зеро, ба қавли онҳо, ин ду шаҳр, марказҳои фарҳангии мардуми тоҷик буанд ва хоҳанд буд.

Асадулло Муллоҷонов, устоди Донишкадаи молиёти Тоҷикистон мегӯяд, Самарқанд ва Бухоро аз қадимтарин марказҳои илмӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ба ҳудуди Узбакистон шомил кардани онҳо амали русҳое буд, ки талош мекарданд шаҳрҳои таърихӣ ба марзи Тоҷикистон шомил нашаванд. Ин аст, ки ба қавли Асадулло Муллоҷонов, аз нигоҳи таърих он чӣ дар Google гуфта шудааст, мантиқист:

Муҳаммадӣ Ибодуллоев, коршиноси масоили интернетӣ.
Муҳаммадӣ Ибодуллоев, коршиноси масоили интернетӣ.
“Агар аз нуктаи назари таърих нигарем, дар Google радифгузории Самарқанду Бухоро дуруст аст. Боз махсусан Самарқанд. Агар мо ба ҷойгиршавии таърихи Осиёи Марказӣ назар кунем, Самарқанд нисбат ба Бухоро боз бештар рабт дорад ба Тоҷикистон. Чун минтақаҳое, ки шомили Самарқанд буданд, ба хусус Зарафшон, имрӯз шомили Тоҷикистон аст. Водии Зарафшон ҳам ҷузъи Самарқанд аст.”

Дар ҳамин ҳол, ба қавли корбарони интернет ин гуна маълумотҳоро худи Google паҳн намекунад. Муҳаммадӣ Ибодуллоев, корманди Ассосиятсияи дастраскунандагони интернет мегӯяд, ки Google як шабакаи ҷустуҷӯй аст. Бинобар ин дар Google пайдо шудани чунин маълумот ҷои тааҷҷуб надорад. Зеро ин шабака маълумотро на худаш, балки мувофиқи иттилооти дигар сомонаҳо ҷо мекунанд. Бинобар ин, эҳтимол ин маълумот аз ягон сайти таърихи дар он ҷо пайдо шудааст.

Пайдо шудани Самарқанду Бухоро дар радифи Душанбе дар Google дар расонаҳои узбакӣ низ сару садои зиёдеро ба миён овард. Хабаргузории 12news.uz менависад, ки шабакаи ҷустуҷӯии Google дар саҳифаи худ дар робита ба шомил будани Самарқанду Бухоро ба Тоҷикистон тағйирот ворид кард. Ин хабаргузорӣ мегӯяд, Самарқанду Бухоро шаҳрҳои бузурги Узбакистон мебошанд.
XS
SM
MD
LG