Дар як номаи саркушода, ки дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук нашр шудааст, аз раиси ҳизби наҳзати исломии Тоҷиистон (ҲНИТ) Муҳиддини Кабирӣ хостаанд, ки ӯву ҳизбаш аз Ислом бо аҳдофи сиёсӣ истифода накунанд. Дар ин нома, ки ба иддаои муаллифонаш, аз номи “8657 нафар донишҷӯёни муассисаҳои олии вилояти Суғд” мебошад, аз ҷумла омадааст: “Ҳар ҷое як террор, куштор ва ё ҳодисаи таркишу харобкорӣ ба вуқуъ меояд, ҳатман дар он ҷо изи ислом ва мусулмон дида мешавад. Шумо шояд ҷавоб диҳед, ки ин инъикоси яктарафаи ҳодиса аз ҷониби расонаҳо аст. Лекин ҳодисаҳои чанд моҳи охир баёнгари он ҳастанд, ки дар ҳақиқат исломи сиёсӣ барои ҷомеа хатарофар аст. Бубинед дар ҳодисаҳои «Баҳори Араб»-ро, ки ба мардуми ин Тунис, Миср, Либия ва дигар кишварҳои ин минтақа чи қадар харобӣ овард ва ё ҳамсоякишвари мо Афғонистонро, ки зиёда аз 35 сол боз дар вазъияти носубот ва беамнӣ қарор дорад. Ин ҳама натиҷаи сиёсӣ гардидани дини ислом аст.”
Муаллифон дар идомаи нома ҲНИТ ва ҷонибдоронашро айбдор мекунанд, ки роҳи нодурустеро интихоб кардааст, ”зеро ҳизби динӣ ин суйистифода аз боварӣ ва эътиқодоти мардум аст. Чун дин ё эътиқоди мардум ба сиёсат омехта гардид, арзиши асли он, ки тарбият ва ахлоқ аст аз байн меравад ва эътиқод василаи сиёсат табдил мешавад.”
Ба ин далел ва ҳамчунин бо ишора ба ҳодисаҳои хунини солҳои 90 дар Тоҷикистон, муаллифон аз Муҳиддини Кабирӣ ба унвони раси ҲНИТ талаб кардаанд, ки “Шумо ва ҷонибдоронатон аз сиёсӣ кардани дину эътиқод даст кашед.” Онҳо навиштаанд, “барои Тоҷикистон на ҳизби динии сиёсӣ, балки донишманду мутахассис зарур аст.”
Ин нахустин мавриди тақозои бардоштани сифати “исломӣ” аз номи ҲНИТ нест ва бисёриҳо дар ин “номаи саркушода” ҳам идомаи маъракаи ҳамоҳангшуда алайҳи ин ҳизби мухолифро мебинанд. Аммо Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон рӯзи 8 январ дар нишасти хабарии ин кумита дар робита ба муроҷиати донишҷӯёни суғдӣ ба раиси ҲНИТ гуфт: “Ҳар як шаҳрванд, аз ҷумла ҷавон мавқеъи ҷамъиятӣ ва сиёсиашро худ мустақилона интихоб мекунад. Ин шумора - 8 ҳазор ҷавон - кам нест ва агар онҳо мавқеи ҷамъиятӣ ва сиёсии худро интихоб карда бошанд, аз мо танҳо як кор - эҳтиром гузоштан ба мавқеи ҳар як шаҳрванд - лозим аст. Мавқеъгирии ҳар ҷавонро ман эҳтиром мекунам.”
Дар тобистони соли 2014 дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониён бори аввал масъалаи бардоштани сифати “исломӣ” аз номи ҳизби наҳзатро устоди донишкадаи исломӣ Раҳим Каримов, маъруф ба Мулло Абдураҳим, ки дар поёни солҳои 90 аз номи ҳамин ташаккули сиёсӣ ба мақоми раиси Кумитаи гумрук таъин шуда буд, садо дод. Мулло Абдураҳим бо ишора ба собиқаи ширкати худаш дар ҷанги шаҳрвандӣ ва паёмадҳои ҷангҳои мазҳабӣ дар кишварҳои дигари мусалмонӣ гуфта буд, Ислом ба ҳизб зарурат надорад ва фурсате расида, ки ҲНИТ сифати “исломӣ”-ро аз номи худ бардорад. Айни тақозо дар ин мулоқот ва як силсила ҷаласоти баъдӣ аз номи дигар рӯҳониёни расмии Тоҷикистон садо дода буд.
Ин мавзӯъ ҳамин тавр, пайваста дар матбуоти расмии Тоҷикистон матраҳ мешавад ва ахиран аз сӯи як гурӯҳи пажӯҳишгарони Фарҳангистони улум матлабе ба ин мазмун нашр шуд ки: “Аз номи Худо ва мусалмонон истифода бурдан ин худ як хатар аст. ... ки ин ҳама ҷомеаи моро ба сӯйи инқилоби исломӣ таҳрик медиҳад.”
Худи намояндагони ҲНИТ то ҳол дар посух ба чунин тақозоҳо мегӯянд, вуҷуди як ҳизби мазҳабӣ дар арсаи сиёсии Тоҷикистон аз шурути қарордоди сулҳест, ки ба ҷанги панҷсолаи шаҳрвандӣ дар соли 1997 хотима гузошт ва набояд шурути он сулҳ ба чунин сурат бозбинӣ шавад. Муҳиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ дар посух ба чунин даъвоҳо гуфта буд, ки гирифтани сифати “исломӣ” аз номи ҳизби онҳо чизеро тағйир намедиҳад, чунки зарурат ба як ҳизби сиёсии исломӣ дар кишвар дар ҳар шароите боқӣ мемонад.
ҲНИТ баъд аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ дувумин ташаккули сиёсии бузурги Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар порлумон 2 вакил дорад. Ин ҳизб, ба гуфтаи масъулонаш, беш аз 44 000 узв дошта, ҳанӯз дар миёнаи солҳои 70, вақте Шӯравӣ побарҷо буд, ба сурати пинҳонкорӣ ба фаъолият шурӯъ кардааст. ҲНИТ бори аввал дар соли 1991 сабти ном шуд, вале соли 1993, баъди шикасташ аз нирӯҳои Фронти халқӣ, аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон шуд.
Дар соли 1998 бар асоси сулҳи байни ҳукумат ва Иттиҳоди нирӯҳои мухолифин, ки дар меҳвараш ҲНИТ қарор дошт, ин ҳизб дигарбора иҷозаи расмии фаъолият дар Тоҷикистонро ба даст овард. ҲНИТ дар интихоботҳои порлумонии солҳои 2000, 2005 ва 2010 ширкат варзида, ҳарсе дафъа соҳиби ду курсии вакилӣ шудааст. Дар интихоботи президентии соли 1999 аз номи ин ҳизб вазири вақти иқтисод Давлати Усмон ва дар интихоботи соли 2013 ҳомии ҳуқуқ Ойниҳол Бобоназарова номзад шуда буд, вале 210 000 имзои лозим ба тарафдорӣ аз Бобоназароваро ҷамъ оварда натавонистанд ва номзадии ӯ то марҳалаи сабти ном нарасид.