Ба навиштаи хабаргузории давлатии Чин, то кунун ҳалокати 53 нафар дар ин зилзила тасдиқ шудааст. Даҳҳо тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.
Маркази зилзилашиносии Амрико нерӯи ин зилзиларо 7,1 дараҷа гуфтааст. Бархе расонаҳо шиддати ин зилзиларо 6,8 дараҷа навиштанд.
Маркази зилзилашиносии Чин мегӯяд, ки заминларза ҳудуди соати 9-и субҳи сешанбе ба вақти маҳаллӣ рух дод ва маркази он дар умқи 10-километрии замин дар атрофи шаҳри Тингрии минтақаи Шигатсе будааст.
Хабаргузории давлатии Чин дар дақиқаҳои аввал шумори қурбониёнро 38 нафар гузориш дода буд.
Ба гузориши ин хабаргузорӣ, мақомоти давлатӣ дар талошанд, ки бо масъулини шаҳрҳои ҳамсоя дар тамос шаванд ва мизони хисороти ҷониро муайян намоянд.
Ҳамчунин ба навиштаи хабаргузории "Ройтерз", ин зилзила дар Катманду, пойтахти Непал, ки дар 400-километрии маркази заминларза аст, низ эҳсос шуд ва мардум аз хонаҳояшон ба берун баромаданд.
Шигатсе ба таври суннатӣ қароргоҳи Панчен Лама, дувумин мақоми муҳим дар будизми тибетӣ аст ва шумори сокинони ин минтақа ҳудуди 800 ҳазор нафар мебошад.
Ба гузориши "Ройтерз", пас аз зилзилаи аслӣ, чандин пасларза дар ин минтақа рух додааст.
Дар видеоҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, аз ҷумла чандин бино ва мағозаи вайроншуда дида мешаванд.
Гуфтугӯ