Маргу мири занон дар Афғонистон ҳангоми таваллуди кӯдак яке аз омори баландтарин дар ҷаҳон мебошад. Дар аҳди "Толибон" вазъ боз ҳам бадтар шудааст. Дар ин кишвар ҳар ду соат як зан ҳангоми ба дунё овардани кӯдак ҷон медиҳад.
Яке аз чунин ҳодисаҳо моҳи декабри 2024 дар вилояти Бодғиз рух дод. Фаришта, як сокини деҳае дар Бодғис, гуфт: “Хоҳарам ҳангоми таваллуд ҷон дод, тифлаш ҳам фавтид”. Дар ин минтақа, ба гуфтаи Фаришта, ҳеч дармонгоҳ ё таваллудхонае нест ва баъди марги хоҳари 20-солааш се кӯдаки дигари ӯ ятим мондаанд.
Омори Созмони Милал баёнгари он аст, ки дар Афғонистон аз ҳар 100 ҳазор таваллуд 638 мавриди марги занҳо рӯй медиҳад, вале омори воқеӣ метавонад дигар бошад. Дар бисёр ҳолат ингуна ҳодисаҳо сабт намешаванд. СММ мегӯяд, як сабаби асосии боло будани омори маргумир дар камбуди мутахассисон ва вазъи бади низоми беҳдоштии Афғонистон мебошад.
Соли 2000-ум, дар давраи аввали ҳукмронии "Толибон" дар Афғонистон, ба ҳар 100 ҳазор таваллуд дар ин кишвар 1346 ҳодисаи марги занон рост меомад. Соли 2020 ин омор ду баробар кам шуда 629 ҳолатро ташкил дод. Як сабабаш дар ёриҳои фаровони ҷомеаи байнулмилалӣ ба Афғонистон буд. Вале баъди соли 2021, пас аз ба сари қудрат баргаштани "Толибон", вазъ дубора бад шуд.
Низоми беҳдоштӣ дар Афғонистон давоми бист сол асосан бо ёрии хориҷӣ кор мекард, вале баъди омадани "Толибон" ёриҳои берунӣ ба ин кишвар маҳдуд гашт. Баъзе аз созмонҳои ёрирасон ҳамоно дар Афғонистон ба кори худ идома медиҳанд, вале шумори онҳо ночиз мемонад.
Моҳи январ ҳукумати ИМА ба вазъи бе ин ҳам риққатбори башарии Афғонистон зарбаи сахттаре зад ва ҳама ёриҳои башардӯстонаро ба ин кишвар муваққатан боздошт. СММ ҳисоб кардааст, ки бо сабаби набудани ёриҳо аз Амрико дар солҳои 2025-2028 эҳтимоли то 1200 ҳолат афзудани маргу мири занон вуҷуд дорад.
Ба изофаи ин, манъи таҳсилу кори занон имконияти кори онҳоро ба вижа дар бахши тандурустӣ аз байн бурдааст. Масалан, моҳи декабр "Толибон"-и ҳоким дар Афғонистон ба занҳо таҳсил дар риштаи тибро ҳам манъ кард, дар ҳоле ки онҳо метавонанд касби доя, ҳамшира, духтури дандон ё кор дар озмоишгоҳҳои тиббиро ёд гиранд.
Том Флетчер, муовини дабири кулли СММ дар масъалаҳои гуманитариву ёриҳои изтирорӣ, гуфт, ки ин монеаҳо беш аз 36 ҳазор доя ва 2800 ҳамшираро аз кор бекор намуд.
"Толибон" парвои саломатии зан надорад
Як дояе аз Кобул, ки ба шарти фош нашудани номаш бо Бахши афғонии Радиои Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, "аъзои "Толибон" мисле ки чунин мушкил надоранд, аслан парвои саломатии занро надоранд."
Ин зан беш аз бист сол дар як беморхонаи давлатии Кобул кор кардааст. Ӯ мегӯд, ҳоло як мушкили занон набудани маълумот дар бораи саломати зани ҳомила мебошад. Ба қавли ӯ, сабаби боло будани мизони маргу мири занон ҳангоми таваллуд дар Афғонистон на танҳо дар камбуди беморхона ё зоишгоҳҳо мебошад.
Ӯ гуфт, зани мунтазири таваллуди фарзанд бояд пайваста зери назорати пизишкон бошад ва бахусус дар моҳҳои аввал сари вақт аз муоинаи тиббӣ гузарад.
"Вале дар Афғонистон дар бисёр ҳолатҳо, ҳатто дар шаҳрҳои калон, занҳо танҳо ҳангоми таваллуд бори аввал ба беморхона муроҷиат мекунанд," -- гуфт ин корманди собиқи тиб.