Раисҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе дар нишасти хабарӣ гуфт, ки "акнун вазифаи ниҳодҳои масъул, пайдо кардани ҷасадҳо аст, зеро касе зинда намондааст".
Ӯ афзуд, "ин шаби тира ва ҷонгудоз дар пойтахти кишварамон ва дар таърихи миллатамон буд. Як фоҷеаи бисёр калон. Мо ҳамчун як миллат, сӯгвори ҷонҳои арзишманде ҳастем, ки ногаҳонӣ аз байни мо рафтанд".
Ҳавопаймои мусофирбари "American Airlines", ки аз аёлати Канзас дар роҳ ба Вашингтон буд, 60 мусофир ва 4 ҳайати парвоз дошт. Ин ҳавопаймо ҳангоми наздик шудан ба Фурудгоҳи миллии Рейгар бо чархболи низомӣ, ки ҳомили се сарбоз буд, бархӯрд ва дар ин ҳодиса дар умум 67 нафар ҷон бохтанд.
Ин пурталафоттарин сонеҳаи ҳавоӣ дар Амрико аз соли 2001 ба ин тараф ба шумор меравад.
Шабакаи телевизионии CNN шоми панҷшанбе ба вақти Амрико, ба нақл аз чандин манбаи огоҳ гузориш дод, ки то кунун ҷасадҳои беш аз 40 нафар аз ҷонбохтагони ин ҳодиса аз дарёи Потомак пайдо шудааст.
Фармондори аёлати Канзас гуфт, ки Ҳайати миллии бехатарии боркашонӣ ва дигар мақомот мунтазир ҳастанд, то пеш аз нашри шахсияти қурбониён, ба хонаводаҳои онҳо иттилоърасонии дуруст сурат бигирад. Вай сипас афзуд, ки интизор меравад рӯйхати мусофирони ҳавопаймо то нимаи рӯзи ҷумъа нашр шавад.
Ҳайати миллии бехатарии боркашонӣ, ки раҳбарии таҳқиқот дар бораи ин ҳодисаро бар ӯҳда дорад, мегӯяд, ки умедвор аст гузориши ибтидоиро давоми 30 рӯз омода кунад.
Коршиносон ба ин боваранд, ки халабонҳои ҳам ҳавопаймои "American Airlines" ва ҳам чархболи низомӣ таҷрибаи парвозҳо дар ҳолатҳои печида ва душворро доштаанд ва раиси Иттиҳоди назораткунандагони равуои ҳавоии Амрико низ гуфтааст, ки ҳанӯз ҳадсу гумон дар бораи сабабҳои ҳодиса зуд аст.
Бо ин ҳол, Доналд Трамп дар нишасти хабарии рӯзи панҷшанбе ҳукумати Ҷо Байденро ба коҳиши стандартҳои ҳавонавардӣ муттаҳам кард ва суқути ҳавопайморо натиҷаи "маҷмӯае аз тасмимҳои нодуруст", донист. Аммо вазири боркашонӣ дар ҳукумати Ҷо Байден ин иттиҳомотро рад кард.
Гуфтугӯ