Эмомалӣ Раҳмон, ки дар интихоботи президентии рӯзи 11-уми октябр мақоми худро ҳифз кард, баъд аз маросими савгандёдкунӣ бояд ҳукумати феълиро ба истеъфо фиристад. Оё дар Тоҷикистон тағйироти ҷиддиро дар ҳукумати нав интизоранд?
Аз охирин тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон вақти зиёде нагузаштааст. Дар оғози имсол вазири кишоварзӣ, раисони Кумитаи забон ва истилоҳот ва Кумитаи ҷавонон ва варзиш нав шуданд.
Моҳи май вазири тандурустии кишвар ҳам иваз шуд. Абдуҳалим Ғаффорзода, вакили порлумони кишвар ва яке аз номзадҳо ба мансаби раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, “ҳукумати феълӣ хеле муассир аст ва агар талаби сарқонун намебуд, барои тағир додани ҳайати ҳукумат зарурате набуд”.
Вай кори вазирони ҳукумати Тоҷикистонро сутуд ва гуфт, “ҳамаи онҳо вазифаи худро содиқона анҷом медиҳанд” ва ба эҳтимоли зиёд “аксарият дар ҳукумати нав бимонанд”.
Абдуҳалим Ғаффорзода ҳамчун намунаи дурусти таъйини кадрҳо дар мансабҳои раҳбарӣ аз Рустами Эмомалӣ, писари президенти Тоҷикистон, мисол овард ва гуфт: “Агар дар шаҳр Рустами Эмомалиро раис намегузоштанд, мардум тассавур мекунад, ки шаҳр бесоҳиб мемонд. Вале дар ин муддат он қадар тағйироте ба вуҷуд омад, ки ҳоло ҳама шоҳиди онем. ”
Вале Абдумалик Қодиров, таҳлилгари тоҷик, аз кори ҳайати феълии ҳукумат розӣ нест. Ба гуфтаи ӯ, ин гурӯҳи мансабдорон натиҷаи сиёсати нодурусти кадрӣ аст ва ҳама тасмимҳо танҳо аз ҷониби як нафар гирифта мешаванд.
Қодиров бовар дорад, ки ин бор низ ҳамон чеҳраҳо дар мансабҳои раҳбарии ҳукумат хоҳанд монд. “Тақрибан 10 сол пеш, президент Раҳмон дар яке аз ҷаласаҳои худ гуфт, “бачаҳо, дар ҷайби ман дигар ягон кадр намондааст.” Аз ҳамон замон чизе тағйир наёфтааст. Кадрҳо яксонанд, фақат ҷояшон тағйир меёбад. Онҳоро аз як ҷо ба ҷойи дигар мегузаронанд”, -- шарҳ дод ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Набудани кадр ё мутахассисон ба ин маънӣ нест, ки дигар умуман кадри нав нест, балки ин ба наҳваи таҳияи нухбагони сиёсии кишвар вобаста аст. Меъёри асосӣ, ба гуфтаи таҳлилгар, садоқат ба як нафари мушаххас аст.
Абдумалик Қодиров афзуд, “мутаассифона, дар интихоби кадрҳо сатҳи касбияти онҳо ба назар гирифта намешавад. Баръакс, ба он таваҷҷуҳ мешавад, ки то куҷо шахс ба “боло” ва ё онҳое, ки дар “боло” ҳастанд садоқат дорад.”
Бо ин ҳама, ҳукумати Тоҷикистон, бо шумули сарвазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, вазирон, раисони кумитаҳои давлатӣ, то ташкили кабинаи нав дар курсиҳои худ мемонанд ва ба фаъолият идома медиҳанд.
Ҳам ҷонибдорони ҳукумат ва ҳам коршиносони мустақил, аз тағйир ёфтани кабина ҳам дигаргунии зиёдеро интизор нестанд. Ба пешбинии онҳо, ягона тағйироте, ки дар ин самт хоҳад шуд, ҷойивазкунии ҳамон чеҳраҳои пешина ва аз як мансаб ба мансаби дигар кӯчидани онҳост.