Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"300 ҳазор доллари ман куҷо шуд?"


Дар акс: Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллӣ ва Солеҳамо Самадова, сокини шаҳри Душанбе
Дар акс: Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллӣ ва Солеҳамо Самадова, сокини шаҳри Душанбе

Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, мегӯяд, пули муштариёни бонкҳои муфлисшударо "марҳила ба марҳила медиҳанд", аммо санаву омори дақиқеро ба забон наовард. Баъзе аз амонатгузорон, аз ҷумла Солеҳамо Самадоваи 76-сола аз Душанбе шикоят доранд, ки аз масъулон фақат "пул нест" мешунаванд.

Чаро бо гузашти ҳашт сол аз муфлис ва баста шудани "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк" ва "Тоҷпромбонк"-у "Фононбонк" мушкили баргардондани пули муштариён ҳал нашуд?

"Қариб 400 миллион сомонӣ кам шуд"

Раиси Бонки миллӣ рӯзи 7-уми август ҳангоми нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, "то охири моҳи июни соли 2024 маблағи амонатгузорон дар "Тоҷиксодиротбонк" 212 миллион сомонӣ кам шудааст."

Фирдавс Толибзода афзуд: "Аз пули амонатгузорони "Агроинвестбок" 195 миллион сомонӣ кам шуд. Бақия пулҳои мондаи муштариён дар "Тоҷпромбонк" ҳам дар доираи 30 миллион сомонӣ аст. Мудирони махсус дар мавриди баргардондани қарзҳо кор мекунанд."

Ӯ шарҳи бештар надод, ки чӣ қадар аз амволи ин бонкҳоро фурӯхтанд ва чанд муштарии дигар то ҳанӯз натавонистаанд пули худро пас бигиранд.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз муштариён нигарон ҳастанд, ки талошҳои чандсолаи онҳо барои гирифтани пулҳояшон аз бонкҳои муфлисшуда бенатиҷа мондааст. Солеҳамо Самадоваи 76-сола аз ҷумлаи онҳост ва мегӯяд, ҳашт сол боз барои гирифтани пулҳои мондаи худ дар "Тоҷпромбонк", яке аз бонкҳои муфлисшуда, сарсону саргардон аст.

Ин зан нақл кард, ки ба умеди ба даст овардани фоида ҳавлии падарӣ ва дороиҳои дигарашро фурӯхта, 300 ҳазор долларро дар ин бонк амонат гузошта буд, вале "аз он мондаву аз ин ронда шуд".

"Фақат мегӯянд, ки пул нест"

"Як дафъа 17 ҳазор сомонӣ доданд. Дигар 400, 300, 200, 100 сомонӣ медоданд, ҳар моҳ. Намедонам, шояд дар умум 100 ҳазор сомонӣ баргардонда бошанд. Ин чӣ мешавад? Қариб 300 ҳазор доллари ман куҷо шуд? Чаро то ҳол пуламро намедиҳанд? Ба ҳар куҷое муроҷиат кардем, фақат мегӯянд, ки пул нест. Аз фикру саргардониҳои зиёд бемор шудам," – афзуд Солеҳамо Самадова, сокини шаҳри Душанбе.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, пас аз муфлис шудани бонк як хонаро бар ивази қисме аз пулҳояш ба ӯ дода буданд, вале он ҳам баҳсӣ аст, чун нафари дигар иддаои соҳибии онро дорад.

Видеоро дар инҷо бинед:

"Фақат мегӯянд, ки пул нест"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

Мушкили бозпас гардондани пули амонатгузорон дар соли 2016 доғ шуд. Дар он замон "Тоҷпромбонк"-у "Фононбонк" ва сипас "Тоҷиксодиротбонк"-у "Агроинвестбонк", ки баъзе аз онҳо бонкҳои низомсоз ба шумор мерафтанд, бо мушкили пардохтпазирӣ дучор ва муфлис эълон шуданд.

Дар гузашта масъулони баъзе аз бонкҳои муфилсшуда мегуфтанд, сабаби пурра пардохт нашудани қарзи амонатгузорон он аст, ки теъдоди дигар аз муштариён аз бонк пул гирифта, онро барнамегардонанд.

Пас аз муфлис эълон шудани бонкҳо, барои баргардондани маблағи муштариён мудирияти муваққат дар бонкҳо ба фурӯши дороиҳо сар карданд, вале то ҳол сарнавишти пули садҳо муштарӣ норӯшан аст.

Як нигаронии аслии амонатгузорон ба мисли Солеҳамоҳ Самадова ин аст, ки раванди ба фурӯш гузоштани дороиҳои бонкҳо сусту ношаффоф буда, талоши ҷиддӣ барои бозпас додани маблағи онҳо сурат намегирад. Онҳо мегӯянд, нисбаташон беадолатии бузурге шудааст.

XS
SM
MD
LG