Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши бемории "дастони ифлос". Вазорат: Чандон хатарбор нест


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, теъдоди гирифторони бемории зардпарвин (гепатити А), ки ба истилоҳи пизишкӣ "дастони ифлос" низ номида мешавад, дар кишвар 40 дарсад афзоиш ёфтааст. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ, рӯзи 22 октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин беморӣ ҳар сол дар айёми баҳору тирамоҳ хуруҷ мекунад, вале имсол сафи мубталоёнаш бештар шудааст.

Ин бемории ниҳоят хатарбор нест ва ба "бемориҳои рӯда" шомил мешавад. На дар ҳамаи минтақаҳо, балки дар минтақаҳои алоҳида зардпарвин бештар шудааст.
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон

Ба қавли муовини вазири тандурустӣ, теъдоди гирифторони зардпарвин дар Тоҷикистон ҳоло ба 10 ҳазор нафар расидааст ва 85 дарсади онҳо кӯдакони то 14-солаанд. Ин рақам дар ду соли пеш ба 7500 баробар буд.

Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, шумораи гирифторони ин беморӣ ҳар ҳафта тағйир меёбад ва тибқи ҳисоби онҳо аксаран бо сабаби истифода аз обҳои олуда ба зардпарвин мубтало шудаанд. Ба бовари мутахассисон, омили дигари афзоиши бемории зардпарвин дар ин авохир зиёд шудани партовҳо дар макони бозии кӯдакон дар Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон будааст.

Наврӯз Ҷаъфаров
Наврӯз Ҷаъфаров

Арафамоҳ Сироҷова, пизишки бемориҳои сироятӣ, макони дигари олудашавӣ ба ин бемориро мактабу боғча номид. Ӯ гуфт, “бояд ҳамаи мактабу бинои боғчаҳо дар ин фасл бо хлор тоза карда шаванд.”

Дар ҳамин ҳол, Мӯниса – сокини ноҳияи Ёвон – мегуяд, духтари ҳафтсолааш баъди як ҳафтаи таҳсил дар мактаб ба ин беморӣ гирифтор шуд ва ҳоло бо гузашти як моҳ дар хона табобатро идома медиҳад. Ӯ гуфт, “бо онки духтарам дар хона оби ҷӯшида менӯшад, ба эҳтимоли зиёд дар мактаб аз нафари гирифтори ин беморӣ олуда ба зардпарвин шудааст.”

Дар як ҳафтаи охир корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон низ аз афзоиши ин беморӣ ва адами ҷой дар бемористонҳо нигаронӣ карда ва гуфтанд, мақомоти масъул бояд барои пешгирии ин беморӣ дар мактабу боғчаҳо “карантин” эълон кунанд. Аммо Наврӯз Ҷаъфаров гуфт, “ин бемории ниҳоят хатарбор нест ва ба “бемориҳои рӯда” шомил мешавад. На дар ҳамаи минтақаҳо, балки дар минтақаҳои алоҳида зардпарвин бештар аст. Ин бемориро мегӯянд, бемории “дастони ифлос”, яъне аз ифлосиҳо сироят меёбад.”

Ҳоло теъдоди умумии гирифторони зардпарвин дар Тоҷикистон ба 10 ҳазор нафар баробар шудааст
Ҳоло теъдоди умумии гирифторони зардпарвин дар Тоҷикистон ба 10 ҳазор нафар баробар шудааст

Ҳарчанд масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон омори фавтидагон аз бемории зардпарвинро дар даст надоранд, вале мегӯянд, чунин ҳолатҳо ками андар каманд. Ба гуфтаи пизишкон, табобати сад дарсади мубталоён ба гепатити "А", "Б" ва "С" дар Тоҷикистон ройгон нест, аммо масъулони Вазорати тандурустӣ мегӯянд, нафароне, ки аз имтиёзҳои вижае бархӯрдоранд, бепул табобат мешаванд.

Мақомоти беҳдоштӣ эътироф мекунанд, ки тавони ба сурати мутамарказ эм кардаин мардум аз зардпарвинро надоранд. Онҳо покиза нигаҳ доштани обро як василаи ҷилавгирӣ аз густариши бемории зардпарвин ва ё гепатити "А" дар Тоҷикистон меноманд. Зеро, мегӯянд мақомот, шумори гирифторони зардпарвин дар минтақаҳое, ки шабакаҳои хубтари обрасонӣ доранд, хеле камтар будааст.

Зимнан, муолиҷаи бемори гирифтори зардпарвин то 20 рӯз идома дошта ва муддати парҳези ин мараз 6 моҳ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG