Ин маркази таҳлилии Амрико гузориши мазкурро якҷоя бо Wall Street Journal таҳия кардаанд. Дар ин гузориш, ки 177 кишварро дар бар гирифтааст, гуфта мешавад, пешрафт ба сӯи иқтисоди озод дар ҷаҳон кунд шудааст. Дар таҳқиқоти мазкур чанд омил дар назар гирифта шудааст: ҳаққи моликият, эмин будан аз ришвахорӣ, озодии соҳибкориву тиҷорат, сармоягузории озод ва озодии молӣ аз ҷумлаи онҳо мебошад.
Ҳонг-Конгу Сингапур ва Австралияву Зеландияи Нав бо беҳтарин нишондиҳандаҳои озодии иқтисод дар садри ҷадвал қарор гирифтаанд. Вале Эрону Туркманистон ва Венесуэлаву Куриёи Шимолӣ дорои бадтарин шохис ё нишондиҳандаҳо будаанд.
Тоҷикистон бо гирифтани зинаи 131 ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки аслан ғайриозод номида мешаванд. Дар гузориш гуфта мешавад, ришвахории фарогир низоми ҳуқуқӣ ва авлавияти қонун дар Тоҷикистонро ҳамчунон заиф мекунад ва намегузорад, ки дар ин кишвар заминаҳои устувори озодии иқтисодӣ ба вуҷуд ояд. Ба ин омилҳо муносиботи сарди миёни Узбакистону Тоҷикистон, камбуди барқ ва нақзи ҳуқуқи башар дар кишвар низ илова мешавад.
Даромади Тоҷикистон аслан аз алюмину пахта ва пулҳои фиристодаи бештар аз як миллион муҳоҷири кории Тоҷикистон аст, ки 45 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Фирӯз Саидов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, Тоҷикистон дар остонаи вуруд ба узвияти Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат дар баъзе қонунҳои худ тағйирот ворид кард. Вале бо вуҷуди ин, ришвахорӣ яке аз монеаҳои аслӣ дар роҳи рушди соҳибкорӣ боқӣ мондааст ва ҷорӣ шудани ҳуҷҷатгузории электронӣ шояд то андозае ришвахориро кам кунад. “Барои он ки проблемаҳои маҳалгароӣ, хешутаборбозӣ ва ришвахорӣ аз байн равад, ҳукумат лоиҳаи қонунро дар бораи ҳукумати электронӣ қабул кард. Ҳамаи ҳуҷҷатгузорӣ бояд бо системаи электронӣ анҷом гирад. Масалан, ҳоло Шумо метавонед бо почтаи электронӣ андози худро супоред. Ин яке аз роҳҳои мубориза аст”,-мегӯяд Фирӯз Саидов.
Ҷаноби Саидов мӯътақид аст, ки комилан аз байн бурдани ришвахорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон мушкил аст, вале муборизаро бояд бо коре ё тадбире оғоз кард. Ӯ ташкили ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистонро оғози ҳамин мубориза медонад.
Дар гузориши Бунёди Мерос омадааст, ҳангоми таъин ба мақомҳои калидии давлатӣ хешу таборпарастӣ мушоҳида мешавад. Таҳияи ҳуҷҷатҳо барои фаъолиятҳои соҳибкориву тиҷорат шаффоф нест ва чунин раванд озодиҳои иҷтимоиро низ зери суол мебарад. Матлуба Улҷабоева, раиси Анҷумани миллии соҳибкории хурду миёна дар Тоҷикистон, дар таҳияи баъзе қонунҳои марбут ба соҳибкорӣ ва тиҷорат саҳм дорад. Вай мегӯяд, агар соҳибкор ё тоҷир қонунро хуб донад ва ҳамаи ҳуҷҷатҳояшро дуруст таҳия кунад, касе аз вай ришва гирифта наметавонад. Улҷабоева худи соҳибкоронро дар баъзе мавридҳои ришвадиҳӣ гунаҳгор медонад: “Баъзе вақт гуноҳи худи соҳибкорон ҳам ҳаст. Баъзе қоидаҳоро намедонанд. Лекин камбудиҳо ҳастанд. Ришвадиҳӣ ё ришвахӯрӣ аз ду тараф вобаста аст. Агар одам қоидаҳои ба қайдгириро донад, ягон кас аз вай ришва намепурсад.”
Тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон таҳияи аснод барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ 5 рӯз дар назар гирифта шудааст ва он бояд бидуни пардохти маблағи изофӣ анҷом дода шавад. Вале дар ҷараёни таҳияи ҳуҷҷатҳо дар Тоҷикистон суханони “имрӯз раву фардо ё пасфардо биё” хеле маъмул аст ва соҳибкорони “рамузфаҳм” медонанд, ки ин суханон ишора ба чист.
Бунёди амрикоии Мерос мегӯяд, таҳияи ҳуҷҷатҳо ба ҷои 5 рӯз гоҳо то 200 рӯзро дар бар мегирад ва маблағе, ки барои гирифтани ҳуҷҷат ё иҷозаи фаъолият пардохт мекунанд, 6 баробар бештар аз даромади миёнаи солона дар Тоҷикистон аст.