Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пулдорҳо ба супермаркет, нодорҳо ба бозор?


Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд дар Тоҷикистон беш аз 70 дарсади додугирифти молу коло дар бозорҳо сурат мегирад.

Фирӯз Саидов, таҳлилгари масоили иҷтимоӣ, ки бевосита дар ин пажӯҳиши Бонки ҷаҳонӣ ширкат кардааст, таъйид намуд, ки аксаран мардуми одӣ ба бозор таваҷҷӯҳ доранд ва нархҳоро низ дар кишвар бозорҳо муайян мекунанд:

«Як сабабаш ин аст, ки дар супермаркетҳо молҳо асосан аз хориҷи кишвар оварда мешаванд ва аз маҳсулоти дохилӣ, ба ҷузъ ширу шириниҳо ва ҳасиб чизи дигаре нест. Аз тарафи дигар нарху наво дар бозор ба маротиб арзон аст.»

Фирӯз Саидов мегӯяд, арзиши маҳсулот дар бозор назар ба супермаркетҳо 30 ва ё 50 дарсад арзонтар аст. Ӯ далели гарон будани арзиши маҳсулот дар марказҳои тиҷоратиро, баланд будани андоз ва дигар хароҷот гуфт: "Мисол, ҳаққи иҷораи як метри мурабаъ дар бозорҳои пойтахт ҳудуди 4 долларро ташкил мекунад. Ҳамин масоҳат дар марказҳои савдои пойтахт тақрибан 60 доллар арзиш дорад."

Шоира, як сокини пойтахт, мегӯяд, ҳеҷ гоҳ ба худ иҷозаи аз супермаркет харидорӣ карданро намедиҳад. Ӯ гуфт, ба ин нуқтаҳои фурӯш онҳое, мераванд, ки пули зиёд доранд: «Масалан, ман омӯзгорам ва баробари маош гирифтан аз бозор харидорӣ мекунам. Агар 1 дона тухм дар бозор 55 дирам бошад, дар супермаркетҳо 70 дирам аст. Дар сурати харидории 30 дона тухм, ман дар супермаркат 4 сомонӣ зиёдтар медиҳам. Агар меваҷотро гирем, як кило себ дар бозор 4 сомонӣ, аммо дар супермаркет 6 сомонист.»

Аммо мусоҳиби дигарамон, Муҳайё, танҳо барои харидории либос ба бозор меравад. Барои ӯ нархи мағозаву супремаркетҳо чандон гаронӣ намекунад. Муҳайё итминон дорад, ки дар супермаркетҳо маҳсулоти босифат пешниҳод шудааст: «Ҳангоми харид дар марказҳои савдо имкон аст, ки ба сифат ва санаи маҳсулот аҳмият дода шавад. Бисёре аз одамон ба он хотир ба бозорҳо рӯ меоранд, ки маҳсулоти рӯзгорро дар ҳаҷми калон харидорӣ мекунанд. Аммо агар оила чандон калон набошад ва онҳо барои як ё ду рӯз маҳсулот хариданӣ бошанд, беҳтараш ба супермаркет бираванд.»

Коршиносони масоили иқтисодӣ низ бар онанд, ки харидории маҳсулот дар супемаркетҳо аз ҷиҳати экологӣ ва беҳдоштӣ нисбати бозорҳо ба маротиб беҳтар аст. Яъне дар ин марказҳо ба харидорон сифати мол кафолат дода мешавад ва ҳамчунин ҳама муомилот аз роҳи қонунӣ анҷом мегирад.

Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, муштариёни асосии супермаркетҳо хориҷиёну афроди сарватманданд ва ин марказҳои тиҷоратӣ низ бо истифода аз заъфи рақобат барои ба даст овардани фоидаи бештар, нархҳои маҳсулотро боло мебаранд. Вай мегӯяд, дар Тоҷикисон қонуниятҳои бозору супермаркатеҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад: "Дар бозор имкониятҳои пасту баланд кардани нарх зиёд аст. "

Зимнан, дар Душанбе ҳудуди 10 супермаркет фаъол аст ва нозирони умур мегӯянд дар сурати афзоиши ин гуна марказҳои тиҷоратии муосир рақобат бештар шуда, боиси пойин рафтани қимати маҳсулот хоҳад шуд. Дар ин сурат роҳ барои мардуми одӣ ба супермаркетҳо боз хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG