Суқути ҳукумати Башор Асад ва тағйири қудрат дар Сурия яке аз таҳаввулоти муҳими байнулмилалӣ дар соли 2024 буд.
Вақте ҷангҷӯён рӯзи 8-уми декабр Димишқро ишғол карданд, ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон онҳоро табрик намуд ва бовар дошт, ки “Таҳрир аш-Шом” ва гурӯҳҳои ҳамроҳаш “давлати мустақили исломӣ” бунёд мекунанд. Бо гузашти чанд ҳафта “Таҳрир аш-Шом” (Амрикову Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд) нишон доданӣ аст, ки шеваи ҳукуматдорияш аз тарзи мудирияти “Толибон” дар Афғонистон фарқ мекунад.
Абубакр Сиддиқӣ, Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ
Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммади Ҷулонӣ), раҳбари гурӯҳи “Таҳрир аш-Шом”, эълон кард, ки ба фарқ аз бархӯрди ифротгароёнаи “Толибон” аз сиёсати муътадил ва мусолиҳаи миллӣ кор мегирад ва бо ҷомеаи ҷаҳонӣ робита барқарор мекунад. “Байни Сурия ва “Толибон” тафовут зиёд аст. Усули идоракунии мо дигар аст,” – гуфт ӯ дар мусоҳибааш бо Би-би-сӣ.
Ҳуқуқи занон
Шаръ гуфт, ҳукуматаш ба занон дар Сурия имкон медиҳад, ки таҳсил кунанд. Ба нақли ӯ, дар шаҳри Идлиб (шимолу шарқи Сурия), ки ҳашт соли охир аз сӯйи “Таҳрир аш-Шом” идора мешуд, 60 дарсади донишҷӯён занону духтарон ҳастанд. Вай ҳамчунин ваъда дод, ки занони масеҳиро ба пӯшидани ҳиҷоб маҷбур нахоҳанд кард.
“Толибон” дар соли 2021, пас аз ишғоли Кобул, пойтахти Афғонистон, таҳсили духтарони аз синфи шашум болоро манъ карданд. Онҳо иҷоза намедиҳанд, ки духтарон дар донишгоҳҳо, аз ҷумла бахши пизишкӣ, таҳсил кунанд ва соҳиби маълумот шаванд.
Ин гурӯҳ дар соли 1996 ҳам Афғонистонро ғасб ва ҳукуматеро бар пояи қонунҳои исломӣ ташкил карда буд. Эътилофи байнулмилалӣ ба раҳбарии Амрико соли 2001 онро сарнагун кард. Баъд аз рафтани нерӯҳои Эътилоф аз Афғонистон, “Толибон” дубора ба қудрат баргашт.
“Таҳрир аш-Шом” ҳам озодии пурраи занонро ҷонибдорӣ намекунад ва манъу маҳдудиятҳои гуногунро барои онҳо дар назар гирифтааст. “Қабули занон ба мақомоти додгоҳӣ бояд аз сӯйи коршиносон омӯхта шавад,” – гуфт сухангӯйи маъмурияти муваққатӣ дар Сурия. Мавқеи вай дар бораи кори занон дар порлумон ва ҳукумат низ чунин аст.
“Иттиҳод ва мусолиҳа”
Гурӯҳи исломии “Таҳрир аш-Шом” раҳбарони давлати интиқолӣ ё ҳукумати муваққатиро аз ҳисоби аъзои худ таъйин кард. Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммади Ҷулонӣ) ваъда дод, ки оштии миллӣ ва ниҳодҳои фарогири ҳукуматро таъмин мекунад.
“Сурия барои ҳама аст ва мо метавонем якҷо зиндагӣ кунем,” -- гуфт ӯ рӯзи 22-юми декабр ба хабарнигорон. Раҳбари “Таҳрир аш-Шом” яке аз мақомдорони баландпояи “Баас”, ҳизби пешини ҳоким ва муовини собиқи президентро низ барои ширкат дар ҳамоиши муколамаи миллӣ ба пойтахт хонд. Вай чанд дафъа ваъда дод, ки барои таҳияи Қонуни асосии мутобиқ ба ҳама талош хоҳад кард.
Аз ин назар, ин гурӯҳ ба “Толибон”-е, ки аз соли 2021 қудратро инҳисор (монополия) кардаанд, монанд нест. Ҳукумати теократӣ ё динӣ бо раҳбарии рӯҳониёни толиб аз афғонҳое, ки толиб нестанд, канорагирӣ мекунанд ва аз таҳияи Сарқонун худдорӣ менамоянд. Бо вуҷуди таъйини ҳукумати муваққатӣ аз сӯйи “Толибон” дар моҳи сентябри соли 2021, умеде ба ташкили ҳукумати фарогиру қобили қабул барои ҳамаи афғонҳо вуҷуд надорад.
Робитаҳои байнулмилалӣ
Ҷомеаи ҷаҳонӣ таҳаввулотро дар Сурия ва вокуниши “Таҳрир аш-Шом”-ро ба орзуву ормонҳои суриҳо (суриягиҳо) бодиққат пайгирӣ дорад. Бино ба гузоришҳо, Аҳмад Шаръ (Абумуҳаммади Ҷулонӣ) таваҷҷӯҳи дипломатҳо ва мақомдорони аршади байнулмилалиро, ки бо ӯ дар Димишқ дидор ва дар масъалаи идораи ояндаи ҳукумат ва мубориза бо терроризму сиёсати хориҷӣ мулоқот карданд, ба худ ҷалб намудааст.
Зоҳиран ин мулоқот натиҷаи хуб додааст. Вашингтон рӯзи 20-уми декабр эълони 10 миллион доллар ҷоиза барои боздошти Аҳмад Шаръ ё Абумуҳаммади Ҷулониро бекор кард.
Ҳоло раҳбари Сурия барои ҳарчи зудтар бекор шудани таҳримҳои ҷаҳонӣ нисбат ба кишвараш пойфишорӣ дорад. Ӯ рӯзи 22-юми декабр дар нишасти якҷоя бо вазири корҳои хориҷии Туркия ба хабарнигорон гуфт: “Таҳримҳо бояд фавран бекор шаванд, то мо тавонем кишварамонро ба пеш барем.”
Аксар раҳбарони “Толибон”-и Афғонистон ҳамоно дар рӯйхати таҳримшудаҳои Созмони Милал ва Амрико қарор доранд. Баъзе аз онҳо барои манъи таҳсили духтарон ва нақзи ҳуқуқи дигари одамон ба таҳримҳои нав дучор шудаанд.
Дар ҳоле, ки “Таҳрир аш-Шом” ба таҳкими ҳукумат дар Сурия идома медиҳад, мақомдорону дипломатҳои ғарбӣ барои эътимод ба гуфтаҳои ин гурӯҳ чандон шитоб надоранд ва аз эҳтиёт кор мегиранд.
“Толибон чеҳраи муътадилеро нишон медоданд ё ҳадди ақал талош мекарданд, ки нишон диҳанд, вале баъд аз ишғоли Афғонистон чеҳраи асосиашон ошкор шуд. Дар ниҳоят, онҳо дар инзивои байнулмилалӣ қарор гирифтанд,” – гуфт Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 18-уми декабр дар Ню Йорк. Блинкен ба ҳокимони нав дар Сурия тавсия дод, ки ба “пешрафти кишвар” тамаркуз кунанд, то дар инзивои байнулмилалӣ намонанд.