Мақомоти умури дохилии шаҳри Душанбе ба панҷ нафари бе касу кӯй дар пойтахт ҷойи кору хоб доданд.
Унвонаш “бомж” буд. Шахсе бе ҷои муайяни зиндагӣ, овора, бехона ва бекас.
Виталий Павлов ҳеч тасаввур намекард, ки баъди 20 соли оворагардӣ зиндагияш ба куллӣ тағйир меёбад. Ӯ, ки ду даҳсолаи ахир шабашро дар кӯчаҳо рӯз ва нонашро аз дари мардум ва партовгоҳҳо пайдо мекард, акнун соҳиби ҷойи кор ва сарпаноҳи худ шуд.
Падару модарро гум карду ба интернат афтод
Як ҳафта аст, ки субҳи Виталий аз тоза кардани ҷӯйборҳои атрофи биноҳои баландошёна ва бурдани партовҳо дар маҳаллаи “Профсоюз”-и пойтахт шурӯъ мешавад. Нигоҳубини боғчаи идораи коммуналӣ низ бар уҳдаи Виталий аст. Барои анҷоми ин масъулият 800 сомонӣ маош мегирад. Ӯ акнун корманди идораи манзиливу коимуналии ноҳияи Синои пойтахт аст ва кулбаеро ҳам барои истиқомат барояш ҷудо карданд.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Виталий Павлов дар 8-солагӣ аз шаҳри Донетски Украина ба Душанбе омада буд. Он замон падару модараш дар артиши Русия дар Тоҷикистон хидмат мекарданд. Вақте ба Душанбе омад, дар хона волидонро пайдо накард. Ҳамин тавр, чанд муддат бо ҳамсояҳо зист ва ниҳоят ӯро ба хонаи атфоли бепарастор супориданд. “Маро ба интернати рақами 1 дар маҳаллаи “Гипрозем”-и пойтахт бурданд. Чаҳор сол онҷо таҳсил кардаму бас. Аз соли 1994 падару модарро надидам. 20 сол боз ба мисли бомж дар кӯчаҳо зиндагӣ мекардам”, - қисса кард ӯ.
Овора, бехона, бекас
Ҳамсуҳбати мо шунидани калимаи “бомж”-ро хуш надорад, зеро тақрибан 20 соли ахир ӯро бо ҳамин ном садо мекарданд. Унвонаш “бомж”буд. Шахсе бе ҷои муайяни зиндагӣ, овора, бехона ва бекас. Вай мегӯяд, “вақте туро мебинанду масхара мекунанд, бомж мегӯянд, ин аламовар аст”.
Виталий Павлов, ки то ин синну сол танҳо фикри пайдо кардани як пора нон ва маконеро барои шабгузаронӣ мекард, акнун дар андешаи оила ва соҳиби фарзанд шудан аст. Ҳамкорони ӯ дар идораи манзиливу коммуналии рақами 13 барои кумак дар ин кор дасту остин барзаанд ва арӯси муносиб меҷӯянд.
Ниёз ба ҳамсафари зиндагӣ
Фирӯза Муҳаббатова, яке аз ҳамкорони Виталий Павлов, рӯзи 21-уми феврал гуфт, ки ӯ ҷавони бомасъулият ва беозор аст. “Тозакор аст. Муҳимтар аз ҳама, ростқавл аст. Ягон кас ӯро бомж садо намекунад. Соҳиби маоши худаш аст. Баъди 20 соли танҳоӣ ниёз ба ҳамсафари зиндагӣ дорад”, - афзуд ӯ.
Виталий Павлов рӯзҳои оворагардии худро фаромӯш намекунад. Наздиконаш ҳамоно дӯстони замони таҳсил дар хонаи атфоли бепарастор боқӣ мондаанд. Ӯ ҳоло ҳам назди онҳо меравад ва аз замони кӯдакӣ дар хона-интернат ёд мекунанд: “Ду ҷӯра дорам, ки дар интернат бо ман хонда буданд. Дар бозори “Корвон” коргоҳи дӯзандагӣ доранд. Меравам ҳамроҳашон менишинам, суҳбат мекунем, шӯхӣ мекунем, механдем.”
Виталий танҳо афроди бехонаву дар нест, ки дар пайи як иқдоми раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе баъди солҳои зиёди оворагардӣ мавқеи худашро дар зиндагӣ пайдо кард. Аз раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе гуфтанд, кормандони милиса дар ҳафтаи гузашта дар ҳудуди ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури пойтахт 5 нафари бе ҷои истиқомат ё ба истилоҳ "бомж"-ро муайян карда, бо сарпаноҳ ва ҷои кор таъмин карданд.
Чаҳор шарики Виталий низ соҳиби сарпаноҳ шуданд
Мақомоти умури дохилии пойтахт мегӯянд, ин иқдом бар асоси барномаи таблиғотии “одоби шаҳрнишинӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” сурат гирифтааст. Онҳо гуфтанд, афроди бесарпаноҳ дар навбати аввал аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуда, баъдан бо ҷои кору ҷои хоб таъмин мешаванд.
Ҳоло дар баробари Виталий Павлов, чаҳор ҳамтақдири ӯ, Фатҳуддин Файзуллоев, Андрей Бекшниёв, Васфишо Юсуфшоев ва Александр Нуриддинов низ дар қаҳвахонаву идораҳои манзиливу коммуналии пойтахт расман коргар ҳастанд ва барои худ сарпаноҳ ёфтанд. Иқдоми бо ҷои кор ва сарпаноҳ таъмин кардани оворагардон дар Душанбе барои ин гуруҳи бесаробон хабари хуш ва ҳам умедворкунанда аст. Мақомоти шаҳри Душанбе мегӯянд, талош доранд дар доираи барнома афроди бе ҷои зистро ба зиндагии маъмулӣ баргардонанд.
Мақомот мегӯянд, аксари афроди бесарпаноҳ лӯлиён, тоҷикон ва баъдан як теъдод мардуми узбактаборанд, вале теъдоди ками онҳоро русҳо ташкил медиҳанд. Шумораи умумии бесарпаноҳон дар Тоҷикистон як шохиси тағйирёбанда аст. Мақомот мегӯянд, танҳо дар як соли гузашта 864 нафарро ҳамчун афроди бесарпаноҳ ва бекасукӯй сабт карданд.