Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳомиёни ҳуқуқ аз Белгия хостаанд, Ситораморо ба Тоҷикистон надиҳад


Пойгоҳи "The Insider" рӯзи 13-уми августи имсол дар бораи Ситорамо Иброҳимова ва наздиконаш гузориши муфассале навишт. Ин акси Нигора Саидова, хоҳари Ситорамо аст.
Пойгоҳи "The Insider" рӯзи 13-уми августи имсол дар бораи Ситорамо Иброҳимова ва наздиконаш гузориши муфассале навишт. Ин акси Нигора Саидова, хоҳари Ситорамо аст.

Намояндагони баъзе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқ аз Белгия хостаанд, ки зодаи 37-солаи Тоҷикистон Ситорамо Иброҳимоваро ба Душанбе нафиристад, чун эҳтимоли шиканҷаву зиндонӣ шуданаш ҳаст. Ӯ ҳамсари Муродалӣ Ҳалимов аст, ки дар Тоҷикистон ба иттиҳоми “зархаридӣ” ва “терроризм” 23 сол зиндонӣ шудааст.

Лайло Нозгул Сейитбек, мудири созмони “Freedom for Eurasia”, марказаш дар Вена, рӯзи 3-юми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, бахши зиёди ҳуҷҷатҳо ва далелҳои пешниҳодии мақомоти Тоҷикистонро омӯхта, ба хулосае расиданд, ки “асос надоранд”.

“Аз ин рӯ, аз мақомоти Белгия хостем, ки Ситорамо Иброҳимоваро ба Душанбе истирдод накунанд,” – афзуд ӯ.

Лайло Нозгул Сейитбек
Лайло Нозгул Сейитбек

Ин ҳомии ҳуқуқ бештар ба ихтилоф ё ноҳамоҳангӣ дар маълумоти пешниҳодии ҷониби Тоҷикистон ва санаду баёноти Ситорамо ишора кард. Лайло Нозгул Сейитбек гуфт: “Ба иттилои мақомоти Тоҷикистон гуё ин зан узви ДОИШ аст ва дар амалиёти низомӣ ширкат кардааст. Шавҳараш, Муродалӣ Ҳалимов, ҳамчун узви “Ҷамоати Ансоруллоҳ” дар зиндони Тоҷикистон аст. Имкон надорад, ки зану шавҳар узви фаъоли ду созмон бошанд.”

Дигар ин ки, ба қавли ӯ, “санаи ба Сурия рафтани Ситорамо, тавре мақомоти Тоҷикистон зикр кардаанд, ба воқеият мувофиқат намекунад. Дар он замон Ситорамо дар Тоҷикистон буда, шаҳодатномаи таваллуди кӯдакашро гирифтааст. Ҳукумати Тоҷикистон санадеро нишон медиҳад, ки вай ба Сурия фирор кардааст. Дар ҳоле ки ҳамон рӯзҳо вай кӯдаки сеюмашро дар беморхонае дар Туркия ба дунё овард.”

Пештар, 13-уми августи имсол, пойгоҳи интернетии “The Insider” дар гузориши муфассале дар бораи Ситорамо Иброҳимова ва наздиконаш навишт, ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ӯро "бо парвандаҳои сохта ва ба воситаи Интерпол (пулиси байнулмилалӣ) истирдод кунад".

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз ба муроҷиатҳои мо дар мавриди Ситорамо Иброҳимова посухе надодаанд. Номи ӯ дар рӯйхати шахсони моил ба терроризму ифротгароӣ ҷой дорад, ки Бонки Миллии Тоҷикистон соли 2018 нашр карда, дертар ба он тағйрот дароварда буд.

Ситорамо Иброҳимова феълан дар боздоштгоҳ аст. Додгоҳе дар Белгия масъалаи истирдоди ӯро ба Тоҷикистон баррасӣ дорад.

Муродалӣ Ҳалимов, шавҳари Ситорамо Иброҳимова. Акс аз бойгонӣ
Муродалӣ Ҳалимов, шавҳари Ситорамо Иброҳимова. Акс аз бойгонӣ

Ӯ чаҳор фарзанд дорад. Бар илова ду духтари хоҳараш, Нигора Саидова, низ таҳти парасторияш аст. Нигора Саидоваи 27-сола аз Лаҳистон (Полша) ба Душанбе истирдод ва дар онҷо ба гуноҳи “мусоидат ба терроризм” ҳафт сол зиндонӣ шуд. Ҷузъёити ҳукм ва мавқеи худаш дар ҷараёни мурофиа маълум нест.

Баъд аз соли 2015 гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели мухолифат бо режими ҳоким ва маҳдудиятҳои вобаста ба дину озодии баён дар Аврупо, бахусус Лаҳистону Олмон, паноҳанда шуданд.

Мақомоти аврупоӣ дар солҳои охир баъзе аз онҳо, аз ҷумла Абдуллоҳи Шамсиддин, Билол Қурбоналиев ва Фаррух Икромовро бо иттиҳомҳои гуногун ба Тоҷикистон ронданд.

Абдуллоҳи Шамсиддин, писари Шамсиддин Саидов, яке аз фаъолони ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ба 7 сол ва Билол Қурбоналиев, узви ҷунбиши сиёсии "Гурӯҳи 24" ба 10 сол зиндон маҳкум шуд. Пайвандону ҳамсафони ҳарду ҳукмҳоро сиёсӣ ва ғайриқонунӣ хонданд.

XS
SM
MD
LG