Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ва ҳуруфи форсӣ: Тарафдорони гарм ва мухолифони шадид


Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон.
Бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон.

Изҳороти ахири вазорати маорифи Тоҷикистон, ки гуфт, мухолифи табдили расмулхат аст, баҳсҳо пиромуни гузаштан аз хатти сирилик ба хатти форсиро аз нав оташ дод.

Як гурӯҳи зиёиёни тоҷик мӯътақиданд, ки гузаштан ба хтти ниёгон Тоҷикистонро ба ҳавзаҳои илмиву адабии кишварҳои ҳамзабонаш –Эрону Афғонистон – наздик мекунад. Аммо ба бовари мухолифони ин пешниҳод, аз ҷумла вазири маориф Нуриддин Саидов, интихоби ин масир кишварро аз роҳи рушд баръакс ба ақиб хоҳад андохт.

Ҳуруфи ниёгон – луқмае дар даҳони наҳанги ҷаҳонишавӣ

Изҳороти ахири Нуриддин Саидов амалан мавзеъи расмии давлат дар масъалаи табдили расмулхатро такрор мекунад. Яъне касе дар Тоҷикистон мухолифи омӯзиши хатти ниёгон нест ва хуб аст, ки равшанфикрон ба хотири ошноии хубтар ба мероси аҷдодон хатти форсиро бидонанд, вале ин кори шахсии ҳар нафар аст ва саросар аз сирилик ба форсӣ гузаштани кишвар дар ҳоли ҳозир зарур нест.

Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон.
Нуриддин Саидов, вазири маорифи Тоҷикистон.
Нуриддин Саидов дар нишасти хабарии вазораташ, ҳамин тавр, ақидаи дигари роиҷ дар зеҳни мақомот ва мухолифони гузаштан ба хатти форсиро такрор кард ва гуфт, хатти арабиасос Тоҷикистонро аз масири пешрафт канор меандозад: “Бо кадом забонҳо имрӯз иттилоот ворид мешавад, худатон аз ман хубтар медонед ва ман номашонро намегирам. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамон халқе пойдор мемонад, ки аз техникаву технологияи муосир бархӯрдор бошад. Дар ғайри ин, глобализм чун наҳанги бузург зуд фурӯ мебарад миллати моро. Барои ҳамин худатон қазоват кунед, ки чӣ маъно дорад бозгашт ба ин.”

Тоҷикистон соли 1928 ибтидо ба хатти лотинӣ ва соли 1940 ба ҳуруфи сирилик гузашт. Давлати Шӯравӣ, ки сиёсати бехудоиро дунбол мекард, эъмоли сириликро як василаи аз дин дур кардани мардуми мусалмони Осиёи Марказӣ медонист ва ҳамроҳ бо табдили хат, ҳазорон китоби ба хатти арабӣ китобату нашршударо сӯзонд.

Хатти форсӣ пеши роҳи пешрафтро намегирад”

Як гурӯҳи равшанфикрони тоҷик, ки гузаштан ба сириликро латмае бузург ба фарҳанги миллӣ медонанд, тақрибан аз поёни солҳои 80 масъалаи бозгашт ба ҳуруфи ниёгонро матраҳ мекунанд. Ба бовари онҳо, бо суқути Шӯравӣ Тоҷикистон аз ҳавзаи илмиву адабии русӣ канор монд, вале ба далели ҳифзи сирилик то ҳол ба ҳавзаҳои илмиву адабии кишварҳои ҳамзабонаш –Эрону Афғонистон – роҳ наёфтааст. Онҳо мегӯянд, муҳимтарин осори илмиву адабии дунё ба хатти форсӣ тарҷума ва нашр мешавад ва мардуми тоҷик метавонад танҳо бо табдили расмулхат ва омӯхтани ҳамагӣ 32 ҳарфи алифбои форсӣ ба ин маъхази бузург дастрасӣ пайдо кунад. Далели дигари ин тоифа, таноқузоти ҳуруфи русӣ бо вижагиҳои аз ҷумла фонетикии забони тоҷикист.

Умед Ҷайҳунӣ, коршиноси тоҷик муқими Маскав.
Умед Ҷайҳунӣ, коршиноси тоҷик муқими Маскав.
Умеди Ҷайҳонӣ, таҳлилгари тоҷики муқими Маскав ва аз тарафдорони гарми гузаштани Тоҷикистон ба хатти форсӣ бо ишора ба Эрон мегӯяд, инки Тоҷикистон бо табдили расмулхаташ аз масири пешрафт канор меуфтад, даъвое бебунёд аст: “Хатти форсӣ хатти аслии забони форсист. Хатти русӣ гарчӣ хонову гӯёву рӯшан аст, вале боз ҳам дасти Тоҷикистонро аз ҳамбастагӣ бо ҳамзабонҳо ва дастрасӣ ба илму фанноварӣ кӯтоҳ мекунад. Мо чаро русӣ ё инглисӣ биёмӯзем, то ин ҳамаро ба тоҷикӣ тарҷума кунем? Дар ҳоле ки ин корро эрониҳо кардаанд ва мо метавонем ин ҳамаро ройгон аз онҳо бигирем.”

Тарафдорони табдили хатт эътироф мекунанд, ки ин кор пулу ҳам вақти зиёд мехоҳад, вале ба ақидаи онҳо, давлат бояд аз имрӯз иродаи сиёсӣ нишон дода, барномаи фарогиреро ба иҷро бидарорад, то ҳадди ақал баъди 20 ё 30 соли дигар шароити бозгашт ба хатти ниёгон фароҳам шавад. Донишманди тоҷик Зафари Мирзоиён хатти сириликро як мониаи бузург дар роҳи рушди забони тоҷикӣ ва як иллати ба забони модарии худ хуб балад набудани ҳатто академикҳои тоҷик хонда, мегӯяд, мутаассифона, то ҳол дар кишвар ягон донишгоҳ машғули тарбияи устодони забони форсӣ нест: “Мо бояд пеш аз ҳама устодони забони форсиро омода кунем. Дар донишгоҳҳо факултаҳо ё бахшҳое бошанд, ки устодони форсиро омода созанд. Дар расонаҳо ҳам бояд омӯзиши хатти ниёгонро ба роҳ монанд. Ин ҷараён бояд дар байни ягон 20 сол сурат бигирад, вале бояд аз имрӯз шурӯъ кард.”

Банди покшудаи қонуни забон

Нахустин қонуни забони Тоҷикистон соли 1989, вақте ки Шӯравӣ ҳанӯз побарҷо буд, тасвиб шуд ва ба форсии тоҷикӣ мақоми забони давлатӣ дод. Дар ин қонун барои табдили расмулхат низ 10 сол таъйин шуда буд, вале соли 1996 ин бандро аз қонуни забон ҳамроҳ бо пасванди форсӣ аз исми забони давлатӣ бардоштанд. Дар қонуни нави забон, ки соли 2009 қабул шуд, мавзӯъи табдили расмулхат аслан матраҳ нест ва танҳо дар банди севуми моддаи нӯҳумаш ин ҷумла омадааст, ки “Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши хати арабиасос ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароит фароҳам оварда мешавад.”

Маҳмудхон Шоев – сухангӯи вазорати маорифи Тоҷикистон гуфт, феълан хатти форсиро дар макотиби миёнаи кишвар аз синфи 4 то 7 ҳафтае як соат дарс медиҳанд: “Китобҳои дарсӣ чоп шудаанд, мактабҳо таъминанд. Ба ғайр аз ин, дар ҳамкорӣ бо Эрон китоби “Баёзи адабиёт”-ро бо ҳуруфи форсӣ чоп кардем барои синфҳои 8-11, ки бачаҳо канда нашаванд аз омӯзиш. Акнун муаллими боҳунаре даркор аст, ки аз ин китобҳо истифода барад ва ақалан барои хониши мустақилона ба бачаҳо супориш диҳад, ки ҳамин чизро ҳам хонед.”

Аммо ҳатто вазири маориф Нуриддин Саидов мегӯяд, аз сифати тадриси хатти ниёгон дар мактабҳо зиёд розӣ нест: “Тибқи нақшаи таълимӣ, ба роҳ монда шудааст, вале сифаташ чандон хуб нест. Дар ин масъала ҷиддӣ кор кардан даркор аст. Хусусан дар низоми аспирантураву докторантура, дар риштаҳои гуманитарӣ ва ҳатто табиатшиносӣ, онҳое ки таҳсилу таҳқиқоти илмӣ мекунанд, бояд ин хатро донанд, чунки аз бобоҳои мо мондааст.”

Таъсири сирилик ба вазни шеър

Мухолифони табдили расмулхат мегӯянд, танҳо зиёни хатти сирилик дар ин 70 сол нуқсест, ки гоҳо дар вазни шеъри шоирони тоҷик мушоҳида мешавад, вале танҳо ба ин далел набояд 7,5 миллион аҳолии Тоҷикистонро маҷбур ба омӯхтани хатти форсӣ кунанд. Аммо тарафдорони гузариш ба хатти форсӣ мӯътақиданд, ки масъала бештар решаҳои сиёсӣ дорад ва бармегардад ба иродаи мақомоти сиёсии то ҳол умдатан маскавгарои Тоҷикистон, ки бозгашт ба хатти форсӣ ё ҳатто зикри сифати форсӣ дар исми забони давлатиро аломати сар боло кардани гурӯҳҳои эронгаро мешуморанд ва метарсанд, ки мабодо ин ҳама аз сӯи шарики стротегии Душанбе ҳамчун қасди ҷустани қаробати бештар бо Теҳрон талаққӣ шавад. Зафари Мирзоиён мегӯяд, як мояи дигари тарси мақомот аз табдили хат шояд эҳтимоли афзудани гароиши мардум ба Исломи сиёсист.
XS
SM
MD
LG