Чӯпонҳое, ки аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба ноҳияи Файзобод ҳаракат доранд, мегӯянд ҳар ҷое, ки пойи малах расидааст, алаф хароб шудааст. Кишоварзони ботаҷриба мегӯянд, лашкари таҷовузгари малах имсол бузургтар аз гузаштаҳост.
Мақомоти Хатлон ҳам мегӯянд, ки имсол минтақаҳои васеътар аз дасти малах осеб дидаанд, вале масоҳати заминҳои зарардида, ҳоло дақиқ нашудааст. Агар барои маҳви онҳо зудтар даст ба кор нашаванд, ҳашароти зиёновар киштзорҳои васеътарро несту нобуд мекунад. Соли гузашта кишоварзони зиёде аз дасти малах майдонҳои пахтаву дигар зироатҳояшонро аз даст додаанду ҳазорон сомонӣ зарар диданд.
Идимоҳ Шоҳназарова, аз деҳаи Сангтӯдаи ноҳияи Данғара яке аз онҳост. Имсол ҳам метарсад, ки аз балои малах эмин намемонад, барои ҳамин аз мақомот мехоҳад, кӯмак кунанд.
“Малах рехтааст ва як рӯзи сиёҳ аст, - мегӯяд ӯ. -Бачаҳо рафта пул дода, бо дорузанак мекушанд, вале намешавад. Намешавад кумак кунанд? Як моҳ пас биёед шояд ин дарахтҳои сабзро наёбед, ҳамаро мехӯрад. Ба худи ман то 500-600 малах дар як вақт мечаспид. Нашуд. Пахтаро дубора коридем.”
Дар чарогоҳҳои ноҳияи Кӯшониён заҳр мепошанд, то малахро аз байн баранд. Мақомот мегӯянд, малах ба дигар навоҳӣ мисли Панҷу Фархор, Данғараю Балхӣ ва дигар ноҳияҳои Хатлон низ ҳамла кардааст ва ситоди мубориза бар зидди малах табдир меандешад. Тадбирҳои нокофӣ сабаби бозгашти артиши вайронгар ва зарар дидани кишоварзон дониста мешавад.
“Сабаби ҳарсола зиёд шудани малах ин аст, ки дар марҳилаи аввалашро мекушем, дуюмашро мекушем, вале сеюмашро кам аҳамият медиҳем, дар ин ҳолат калон шуда, парвоз мекунад ва тухм мегузорад, аз як ноҳия ба ноҳияи дигар мегузарад.”
Малахи марокашӣ ҳар баҳор “меҳмон”-и нохондаи Хатлон мешавад. Мақомоти вилоят агарчӣ медонанд, ки лашкари вайронгар ҳуҷум мекунад, аммо зоҳиран дуруст омода намешаванд, ки ҳар сол аз он шикаст мехӯранд.
Гуфтугӯ