Додгоҳи вилояти Хатлон 9 кас, аз ҷумла як занро дар робита ба ҳамла ба Салим Сайвализода, раиси дафтари Ҳизби халқӣ-демократӣ дар Кӯлоб, аз панҷ сол зиндон то ҳабси якумрӣ маҳкум кардааст.
Мошини хидматии Салим Сайвализода дар моҳи январи соли 2024 дар шаҳри Кӯлоб таркида, худаш захмӣ шуд. Мақомот ҳодисаро амали террористӣ номида, гумонзадҳоро ба пайравӣ аз ДОИШ муттаҳам карданд, вале бо сабаби махфӣ будани парванда ҷузъиёташ расонаӣ нашуд.
Ҳамзаалӣ Мусофиров, додситони минтақаи Кӯлоб, рӯзи 28-уми январ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ду гумонзад ба ҳабси абад маҳкум шуда, дигарон аз 5 то 23 сол зиндонӣ гардиданд.
Вай аз касе ном нагирифт ва тафсилоти парвандаву ҳукмро нагуфт. Инчунин, маълум нест, ки ҳукми Додгоҳ кай содир шудааст ва оё қувваи қонунӣ гирифта ё не. Мавқеи маҳкумшудаҳо, наздикон ва вакилони мудофеашон низ феълан дастрас нест.
Видеоро дар инҷо бинед:
Радиои Озодӣ рӯзи 28-уми январ ному насаби 9 маҳкумшуда ва иттиҳомҳои зидди онҳоро ба даст овард:
- Бахтиёр Маҷидзода – иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ (моддаи 187, қисми 2); ҷалб ва иштироки шаҳрвандон дар ҷанги давлатҳои дигар (моддаи 401, иловаи 1); ҷалб кардан барои ҷиноятҳои террористӣ (моддаи 179, иловаи 1); сармоягузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта (моддаи 179, иловаи 2); ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳа (моддаи 195); ғайриқонунӣ сохтани силоҳ (моддаи 196); терроризм (моддаи 179); тайёрӣ ба амали террористӣ (моддаи 32 қисми 179); қасди куштор (32-104) ва узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307 иловаи 3). Дар изҳороти пешинаи мақомот Бахтиёр Маҷидзода роҳбари гурӯҳ номбар шуда буд.
- Наврӯзҷон Одинаев – иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ (моддаи 187, қисми 2); маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта (моддаи 179, иловаи 2); ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳа (моддаи 195); ғайриқонунӣ сохтани силоҳ (моддаи 196); терроризм (моддаи 179); тайёрӣ ба амали террористӣ (моддаи 32, қисми 179); қасди куштор (32-104) ва узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307 иловаи 3).
- Қурбоналӣ Воҳидов – иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ (моддаи 187, қисми 2); терроризм (моддаи 179); ғайриқонунӣ соҳиб шудан ба аслиҳа (моддаи 195); ғайриқонунӣ сохтани силоҳ (моддаи 196) ва узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3).
- Аслам Олтиев – иштирок дар иттиҳоди ҷиноӣ (моддаи 187, қисми 2); маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта (моддаи 179, иловаи 2) ва узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3).
- Акмал Шерматов – узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3) ва маблағгузории ҷиноятҳои хусусияти террористидошта (моддаи 179, иловаи 2).
- Саидмаҳмуд Шоев – узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3) ва дузанагӣ ё серзанагӣ (моддаи 170).
- Ҳоким Имомов – узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3).
- Насим Ашӯров – узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3).
- Холисамо Раҳимова – узвият дар созмонҳои мамнуъ (моддаи 307, иловаи 3).
Мақомот Бахтиёр Маҷидзода, сокини деҳаи Тудакафши Кӯлобро раҳбари гурӯҳ меноманд, ки ба ҳукми абад маҳкум шудааст. Ӯ писари Акбари Маҷид, рӯзноманигори собиқи радиои вилояти Хатлон аст. Аслам Олтиев, бародари ӯ низ ҳукми абад гирифтааст.
Акбари Маҷид рӯзи 28-уми январ гуфт, ҳеч гапе дар ин бора гуфта наметавонад.
Ҳукми камтаринро дар ин парванда Холисамо Раҳимова, ҳамсари Бахтиёр Маҷидзода, гирифтааст. Ӯро ба дӯхтани парчами ДОИШ ва хабар надодан аз ҷиноят гунаҳкор донистанд. Раҳимова бинобар тифл доштан "муваққатан дар озодӣ қарор дорад".
Парвандаи нуҳ нафар аз сӯйи муфаттишони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таҳқиқ ва ба Додгоҳи Хатлон фиристода шуд. Муҳокимаро дар моҳи июни соли 2024 шурӯъ карданд.
Парванди гурӯҳии терроризм дар минтақаи Кӯлоб камсобиқа аст ва гуфта мешавад, маҳз он заминаи барканории сарони ниҳодҳои қудратии Хатлон дар соли 2024 шуд. Пойгоҳи таҳлилии “SpecialEurasia” моҳи августи ҳамон сол дар гузорише гуфт, мушкилиҳои дохилие ба монанди саркӯбҳои сиёсӣ, ноустувории иқтисодӣ ва муноқишаҳои қавмӣ вазъро дар Тоҷикистон печидатар мекунанд.
Ҳизби халқӣ-демократӣ, ки додгоҳ нӯҳ касро барои таркондани мошини як раҳбари маҳаллиаш ба ҳабс маҳкум кард, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон аст. Раҳбараш президент Эмомалӣ Раҳмон аст ва аксар мансабдорони тоҷик узви ҳамин ҳизб буда, бештари курсиҳои порлумонро ҳам намояндагонаш дар ихтиёр доранд.