Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳукумат аз пайи фолбинҳо медавад, мо аз ночорӣ ба муҳоҷират меравем"


Дар пайи амалиёту фишорҳои идомадори мақомот дар Тоҷикистон, садҳо “фолбин” ва “табибони халқӣ” боздошт шудаанд. Раисҷумҳур аз кори маъмурони пулис ситоиш мекунад. Баъзе аз сокинон ба ин боваранд, ки ҳукумат бояд ба ҷойи ин ба масъалаҳои муҳимтар, аз ҷумла бекорӣ ва бебарқӣ, таваҷҷуҳ намояд.

"Ӯ гуфт, ману шавҳарамро ҷоду кардаанд"

Севара баъд аз чор сол зиндагии муштарак ва баҳсҳои зиёд аз шавҳараш, ки ба иддаои ӯ “кори хуб надорад”, ҷудо шуд. Онҳо дигар бо ҳам робита надоранд. Севара барои ҳалли мушкили худ ба фолбине рӯй овард, ки дар Душанбе, дар ҳамсоягии вай зиндагӣ мекунад.

“Ӯ ба ман гуфт, ки як нафар ману шавҳарамро ҷоду кардааст, то издивоҷамон бекор шавад. Ин мантиқӣ ба назар мерасад,” – иддао дорад мураббии 33-солаи кӯдакистон, ки номаш тағйир дода шудааст.

Севара ба ин фолбин эътиқод дорад ва ҳафтае як бор ба назди ӯ мерафт. Ҳар бор барои “буридан” ё “нест кардани ҷоду” маблағе баробар ба 5 доллар медод. Ин зани фолкушо чандест, ки корро бас кардааст. Ба гуфтаи Севара, баъд аз ҳушдори пулис “дигар мизоҷ қабул намекунад”.

Дар моҳҳои охир бо дастури ҳукумат дар Тоҷикистон мубориза бо касоне, ки ба дуохонӣ ё ба иддаои мақомот ба сеҳру ҷоду машғуланд, сахттар ва боздоштҳо бештар шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, раҳбари ин кишвари Осиёи Марказӣ, пештар дар як чорабинӣ гуфт, кормандони ҳифзи ҳуқуқ 1500 “фолбину ҷодугар” ва беш аз 5000 “муллои чалласавод”-ро боздошт кардаанд. Раҳмон гуфт, ин тадбирҳо бо супориши ӯ сурат гирифтанд, аммо рӯшан нагуфт, ки 6500 нафар дар чӣ муддат боздошт шуда, сарнавишти баъдии онҳо чӣ шуд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар гузорише рӯзи 24-уми август гуфта буд, ки танҳо дар ин моҳи соли 2024 беш аз 150 фолбинро боздошт кардаанд. Пулис ва расонаҳои давлатӣ пайваста аксу навори шахсонеро нашр мекунанд, ки дар пайи рейдҳо барои машғул шудан ба “фолбинӣ ва дуохонӣ” боздошт шудаанд. Шабакаҳои телевизионӣ ҳам навори гуё “худиқрорӣ”-и онҳоро нашр мекунанд. Ҳарчанд маълум нест, ин наворҳо таҳти чӣ шароите сабт шудаанд.

Пулиси Тоҷикистон дар як иқдоми бесобиқае эълон кард, ки фолбину табибони халқӣ ва мизоҷони онҳоро сабтином мекунад. Мақомот ҳамзамон ҳушдор доданд, ки ҳар касе ба назди сеҳргарон меравад, аксу маълумоташро ҷамъ меоранд.

Ҷазои сахттар

Фолбинӣ ва ҷодугарӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз дар соли 2008 манъ шудааст. Мақомот дар моҳи июни имсол ҷазоро барои ин кор сахттар карданд.

Бар асоси тағйироти нав, онҳое, ки бори аввал барои соҳирӣ ва фолбинӣ боздошт мешаванд, ҷарима ё то 15 рӯз ба ҳабс гирифта мешаванд, аммо дар сурати такрори ин кор, бино бар Кодекси ҷиноӣ, барои ин афрод то 144 ҳазор сомонӣ ё беш аз 13 ҳазор доллар ҷарима ва ё ду сол зиндонӣ пешбинӣ шудааст.

Дини ислом ҳам, ки беш аз навад дарсади аҳолии 10-миллионнафарии Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, фолбиниро манъ мекунад.

Масҷиди ба номи Шайх Маслиҳатдин дар Хуҷанд. Акс аз соли 2021
Масҷиди ба номи Шайх Маслиҳатдин дар Хуҷанд. Акс аз соли 2021

Ҳазорон нафар дар кишвар чун табиби халқӣ ба дармони сокинон бо усули мардумӣ ва дуохонӣ машғуланд, ҳарчанд ба иттилои пулис аксари онҳо маълумоти дурусти динӣ ё дониши пизишкӣ надоранд.

Қонун ин усули табобатро манъ намекунад, вале даҳҳо нафаре, ки ба ин кор машғул буданд, ба содир кардани ҷиноятҳои дигар, аз ҷумла қаллобӣ айбдор шудаанд.

Чанде аз ин “мулло" ё "табибон"-у "ҷинбаророн” бо иттиҳоми дастдарозӣ ва анҷоми “ҳаракатҳои бадахлоқона” бо заноне, ки барои табобат назди онҳо омада буданд, зиндонӣ шуданд. Мақомот борҳо бо нашри наворҳое, ки гуё бо дурбини пинҳонӣ сабт шудаанд, дар ин бора хабар доданд.

Аксар муштариёни фолбинону табибони халқӣ занон будаанд.

Баъзе аз фолкушоён дар гузашта эътироф карда буданд, ки дар миёни муштариёнашон наздикони мансабдорони баландпояи кишвар ҳам ҳастанд, ки тавассути хешовандони худ аз онҳо мадад мехоҳанд. Радиои Озодӣ ин иттилоъро мустақилона тасдиқ карда наметавонад.

"Қабули мизоҷонро бас кардааст, вале..."

Манъи фолбинӣ ва сеҳру ҷоду дар ҷомеаи муҳофизакори Тоҷикистон шумори муштариёнеро, ки мехоҳанд ояндаи худро бидонанд, кам накардааст.

Ба гуфтаи чанде аз мусоҳибони Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ, муштариён аксаран барои он дари фолбинҳоро мекӯбанд, ки коре кунанд, шавҳарҳояшон онҳоро тарк накунанд ё кору касби ҳамсарашон бобарор бошад ва ё аз хатари зиндон шудани кадом нафари наздикашон пешгирӣ шавад.

Ҳаққи хидмати фолбинҳо вобаста ба маъруфият ва макони зист аз ду то садҳо долларро ташкил медиҳад.

Яке аз фолбинҳои шинохта дар шаҳри Бохтар, ҷануби Тоҷикистон, барои як муддати кӯтоҳ боздошт шуда, ҳушдор гирифта буд, вале ба гуфтаи яке аз сокинон “муштариёни ҳамешагӣ ва боэътимоди ӯ” ҳанӯз ҳам пинҳонӣ ба наздаш мераванд. “Ӯ қабули мизоҷонро бас кардааст, вале ман ва чанд нафари дигар, ҳар гоҳе, ки хостем худро дугона ва хешаш гуфта, ба наздаш меравем,” - афзуд мусоҳиби мо.

Як муштарии дигари фолбинҳо гуфт, ҳангоми ҷанҷол ё буҳрони хонаводагӣ ин кор барои ӯ “ягона роҳи таскинбахш ва идораи эҳсосоташ аст ”

Акс аз навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон
Акс аз навори Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон

Тоҷикистон аввалин кишвари Осиёи Марказӣ аст, ки фолбиниро манъ кардааст. Баъзе аз кишварҳои дигар ҳам барои маҳдуд кардани сеҳргарӣ аз ин таҷриба кор гирифтаанд. Туркманистон ва Қирғизистон таблиғи соҳирону ҷодугаронро дар солҳои 2016 ва 2024 манъ карданд

Маъмурони амниятии Турманистон ба хонаи фолбинҳо рафта, аз онҳо барои кор ва пардохти андоз иҷозатнома талаб карданд.

Афзоиши рейду боздошти фолбинҳову табибони халқӣ ё ба қавли мақомот “муллоҳои чалласавод” дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки аксар сокинони одии кишвар мақомотро барои ин танқид мекунанд ва мегӯянд, беҳтар буд ба мушкилоти ҷиддитаре, мисли бекорӣ ва камбуди нерӯи барқ расидагӣ кунанд.

“Мо рӯзона фақат чанд соат барқ дорем ва барои таъмини хонавода маҷбурем ба муҳоҷират равем, аммо ҳукумати мо аз пайи фолбинҳо медавад. Ба ҷойи ин, бояд барои беҳтар кардани зиндагии мардум талош кунанд,” – гуфт, як сокини шаҳри Хуҷанд, ба шарти фош нашудани номаш.

XS
SM
MD
LG