Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошту ихроҷ. Идомаи амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия


Новосибирск, 15-уми октябри 2024
Новосибирск, 15-уми октябри 2024

Нерӯҳои вижаи Русия дар ҷустуҷӯйи муҳоҷирон ба як анбори шаҳри Самара даромадаанд. Дар ин амалиёт, ки рӯзи 20-уми октябр сурат гирифт, ба иттилои расмӣ, чордаҳ мавриди қонуншиканӣ аз сӯйи хориҷиён ошкор шуд.

Раёсати корҳои дохилӣ дар Самара бо нашри навор аз ронда шудани панҷ муҳоҷир хабар дод, аммо шаҳрванди кадом кишвар будани онҳоро нагуфт.

Як муҳоҷири тоҷик аз Самара ба Радиои Озодӣ навишт, ки амалиёт дар анбори ширкати “Пятерочка” сурат гирифт ва дар он ҷо аксаран тоҷикон кор мекарданд. Ба гуфтаи вай, маъмурони пулис тақрибан даҳ шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардаанд.

Муҳоҷирон дар шаҳру вилоятҳои дигар ҳам вазъи ба ин монанд доранд. Амалиёти "Нелегал-2024" дар Русия идома дорад. Мақомоти ин кишвар пайваста аз боздошт ва рондани муҳоҷирон гузориш медиҳанд.

Дар натиҷаи як рейд дар ҷумҳурии Адигей ҳам 200 муҳоҷир ба қоидашиканӣ айбдор шуданд. Пулиси ин минтақа аз оғози моҳи октябр барои тафтишу ҷустуҷӯй ба маҳалли кору зиндагии муҳоҷирон рафтааст. Онҳо хабар доданд, ки 100 муҳоҷир қоидаи вурудро ба Русия вайрон карданд ва 40 нафар дигар ҳаққи даромадан ба кишварро нахоҳанд дошт.

Назари худи муҳоҷирон маълум нест, аммо аксари онҳое, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, мегӯянд, ҳоло бесабаб ва бо вуҷуди дуруст будани санадҳои будубош дастгиру бозпурсӣ ва дар баъзе маврид аз Русия ронда мешаванд.

Дар ним соли охир қариб 86 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ аз Русия берун карда шудаанд. Ин оморро, ки хеле бештар аз солҳои пеш аст, сомонаи "Важние истории" баъд аз омӯзиши маълумоти додгоҳҳои Русия пахш кард.

Ба навиштаи "Важние истории", бештари шаҳрвандони хориҷӣ барои вайрон кардани қоидаи вуруд ба Русия, нақзи қонунҳои будубош ва фаъолияти ғайриқонунӣ ихроҷ шуданд. "Дар нимаи аввали соли равон барои ин намуд қонуншиканиҳо қариб 100 ҳазор парванда боз шудааст," – навишт манбаъ.

Ҳамчунин тайи ин муддат ҷаримаи муҳоҷирон афзудааст. Дар 6 моҳ муҳоҷирон 590 миллион рубл ҷарима супурдаанд, ки ин баробар ба нишондоди як соли пеш аст.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан гуфта буданд, ки дар нимаи аввали соли равон зиёда аз 17 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ронда шудаанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Боздошти қариб 40 муҳоҷир дар Красноярск
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:33 0:00
XS
SM
MD
LG