Афсарони полис алайҳи эътирозгароне, ки парчами мухолифонро дар даст доштанд, гази ашковар, тирҳои резинӣ ва обро истифода карданд. Гузоришҳо аз даргириҳои миёни эътирозгарон ва полис нашр мешаванд.
Акрам Имомоғлу, шаҳрдори Истанбулро рӯзи 23 март барои иштирок дар интихоботи президентии Туркия аз номи Ҳизби ҷумҳурихоҳи мардумӣ номзад интихоб кардаанд. Интихобот соли 2028 бояд барпо шавад. Вале Имомоғлуи 54-сола ва даҳҳо дигар, аз ҷумла хабарнигорону сиёсатмадорон дар доираи як парвандаи иттиҳоми фасод рӯзи 19 март боздошт шуданд.
Додгоҳ Имомоғлуро рӯзи 23 март расман ба ҳабс гирифт ва гуфт, иттиҳомаш ин аст, ки “созмони ҷиноиеро таъсис ва раҳбарӣ карда даст ба пораву тамаъҷӯӣ задааст”. Худи шаҳрдор ин иттиҳомҳоро рад карда айбнорома “гӯшношунид” номидааст. Имомғлу дар саҳифааш дар Х навишт: “Ман ҳеҷ гоҳ сар хам намекунам”.
Ҳабси Имомоғлуро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд ва мегӯянд, ки ҳадафаш берун кардани ӯ аз сабқати президентӣ аст. Вале мақомот пойфишорӣ мекунанд, ки додгоҳ дар Туркия мустақил ва бетарафона қарор қабул мекунад.
Ҳамсари Имомоғлу Дилак Каё Имомоғлу дар муроҷиат ба эътирозгарон дар Истанбул рӯзи 23 март гуфт, ноадолатие, ки ҳамсараш бо он рӯбарӯ шудааст, “ҳар тори виҷдони мардумро халалдор кард”.
Эътирозҳо ба тарфдорӣ аз шаҳрдори Истанбул 55 вилоятро фаро гирифтааст.
Полис гуфт, 1133 кас боздошт шудааст. “Мо ҳеҷ касеро, ки тартиботи ҷамъиятиро халалдор ва ба сулҳу амният таҳдид карда дар фикри эҷоди беназмиву бетартибӣ аст, таҳаммул нахоҳем кард” ва аз шаҳрҳои Истанбул, Анкара, Измир, Адана, Анталия ва дигарҳо ном бурд.
Вале шаҳрдори Анкара Мансур Явош, ки ҳамчунин узви Ҳизби ҷумҳурихоҳи мардумӣ аст, ба матбуот гуфт, ки ҳабси ҳамкораш барои низоми додгустарии Туркия як шармандагӣ аст.
Чандин давлати аврупоӣ аз таҳаввулоти ахири Истанбул изҳори нигаронӣ карда гуфтанд, ки аз оқибатҳои ин ҳодисаҳо барои демократияи Туркия нигарон мебошанд.
Урсула Вон Дер Леен, президенти комиссиюни Аврупо ба хабарнигорон дар Брюссел гуфт: “Туркия бояд арзишҳои демократӣ, бахусус ҳуқуқи мақомоти интихобшударо риоя кунад”.
Бар асоси бархе пурсишҳои афкори умум, Имомоғлу назар ба Эрдуғон пешсаф аст. Эрдуғон, ки дар гузашта чун нахуствазири Туркия кор кардааст, мӯҳлати дудафъаинаи раёсатҷумҳуриашро ба охир расонидааст. Агар ӯ бори дигар ба интихорот равад, ё бояд интихоботи пеш аз мӯҳлат барпо кунад ваё конститутсияро тағйир диҳад.
Гуфтугӯ