Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи шикоятҳо аз бебарқӣ ҳамроҳ бо идомаи сохтмони "умеди халосӣ аз бебарқӣ"


Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун
Маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун

Дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикояти мардум аз норасоии нерӯи барқу хонаҳои торику сард, сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома дорад. Нерӯгоҳе, ки онро масъалаи ҳаёту мамоти кишвар номидаанд. Хабаргузории Франс Пресс дар бораи ин мушкилоту ҷараёни сохтмони Роғун гузорише омода кардааст.

Муслиҳиддин Маҳмудзода, дар яке аз деҳаҳои зебои наздикии Роғун зиндагӣ мекунад. Дар наздикии азимтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон, ки сохтмонаш идома дорад. “Моҳи сентябр об кам мешавад. Об кам мешавад, баъд аз ҳамон вақт мушкилотамон сар мешавад, нерӯи барқ намеояд. Аз соати 5 саҳар то 8 саҳар ҳаст. Бегоҳ аз 5 то 11 шаб.”

Муслиҳиддину хонаводааш бояд ду соли дигар сабр кунанд, то аз бебарқӣ халос шаванд, чун нерӯгоҳи Роғун ҳам ҳоло хонаи онҳоро рӯшан карда наметавонад. Муслиҳиддин Маҳмудзода, сокини Роғун
“Мушкили асосӣ ҳамин аст. Нерӯи барқ нест, интернет нест, антенна нест, ки як касро занг занӣ дар инҷо. Баъд ба мушкили асосӣ, як зан бемор мешавад, як кӯдак бемор мешавад, чизе нест, ки падару модаратро занг занӣ, ёру рафиқатро занг занӣ омада, баранд.”

Норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон як мушкили аслӣ барои мардум ба ҳисоб меравад ва ҳар сол мояи ҳиҷолати ҳукумат шудааст. Мардум аз ночорӣ ҳезум ва ангишт месӯзанд ва оилаҳои комил ҳам аз дуди ангишт ҳалок шудаанд. Ягон умед нерӯгоҳи Роғун аст, ки сохтмонаш солҳои шӯравӣ оғоз ёфт ва ҳоло дуртар аз хонаи нимасохтаи Муслиҳиддин идома дорад.

Нерӯгоҳе, ки бо иқтидори 3600 мегават азимтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ мешавад. Зафар Бӯриев: “Дар ин шабу рӯз зиёда аз 17 ҳазор мардум, кормандон дар ин сохтмони азими аср кору фаъолият карда истодаанд.”

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон чанде пеш гуфт, ки то ду сол баъд аз ҳисоби нерӯгоҳи Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои мавҷуд мардуми кишвар муназзам бо нерӯи барқ таъмин мешаванд.

Зафар Бӯриев, муовини сардори Идораи назорат бар сифати кор дар Роғун: “Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун орзуи деринаи миллати тоҷик мебошад, чунки баъди ба итмом расидани ин сохтмон миллати тоҷик аз бӯҳрони энергетикӣ мебарояд.”

Роғун кай хонаҳои сарду торикро гарм мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:25 0:00

Ҳоло ду чархаи нерӯгоҳ ба кор андохта шудаанд, чаҳортои дигар бояд насб шавад ва он гоҳ нерӯгоҳ бо тамоми тавоноиаш нерӯи барқ истеҳсол мекунад. Барои ин сарбанди азимро бояд сохт, то оби бештар дар обанбор ҷамъ шавад. Зафар Бӯриев мегӯяд: “Сохтмони сарбанди нерӯгоҳ марҳила ба марҳила сурат мегирад. Дар пеши мо ҳукумати Тоҷикистон вазифа гузоштааст, ки мо то моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр бароем.”

Дар сурати такмил сарбанди Роғун 335 метр ва баландтарин дар ҷаҳон мешавад ва ба қавли ҳукумат аз он на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳра хоҳанд бурд.

Мурод Саъдуллоев, мудири техникии сохтмони “Роғун”: “Сохтмони нерӯгоҳи Роғун даврони шӯравӣ солҳои 1980-ум шурӯъ шуда буд. Мақсади нерӯгоҳ ин таъмини Тоҷикистон бо нерӯи барқ ва на танҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки минтақаи Осиёи Миёна ва инчунин танзими об дар минтақа буд.”

Солҳои ахир хароҷот барои сохтмони нерӯгоҳи Роғунро зиёд танқид мекунанд, ки арзиши он ҳоло ба 6 миллиард доллар расидааст. Ҳукумат ҳам маҷбур аст, аз созмонҳои молии байналмилалӣ барои он қарзҳои зиёде бигирад.

XS
SM
MD
LG