Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон барои мубориза бо вируси нав 125 миллион доллар кумак хост


Бодканд, Қирғизистон. 21-уми марти 2020
Бодканд, Қирғизистон. 21-уми марти 2020

Қарор аст, дар поёни ин ҳафта Шӯрои иҷроияи Сандуқи Байналмилалии Пул (СБП) дархости Қирғизистонро барои кумаки молиявӣ дар амри мубориза бо коронавирус дар ин кишвар ба баррасӣ гирад. Дар Қирғизистон то 24-уми март 42 мавриди сироят ёфтани сокинон ба вируси нав сабт шудааст.

Гуфта мешавад, эҳтимол Қирғизистон нахустин кишвари Осиёи Марказӣ шавад, ки баъди паҳншавии коронавирус дар дунё аз СБП ёрӣ мегирад. Пештар Сандуқи Байналмилалии Пул изҳор дошта буд, ки омода аст барои кишварҳои мухталиф то 1 триллион доллар кумакро барои муқобила бо пайомадҳои иқтисодии коронавирус пешниҳод кунад.

Сандуқи Байналмилалии Пул дар як блогаш навишт, ки дархости ҳукумати Қирғизистонро барои дарёфти ёрии изтирории молӣ барои муқобила бо вируси фарогири Ковид-19 баррасӣ хоҳад кард. Дар блоги СБП дар бораи маблағи хостаи Қирғизистон чизе гуфта намешавад.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати Қирғизистон рӯзи 24-уми март гуфт, гап сари 125 миллион доллар меравад, ки буҷаи кишвар ҳангоми коҳиши даромадҳо дар замони коронавирус ва баста шудани марзҳову пойин омадани фаъолиятҳои тиҷоратӣ ниёз дорад. Дар сурати тасдиқи ин дархост, маблағҳо ба буҷаи Қирғизистон ворид шуда, дар ихтиёри Вазорати молия қарор мегиранд ва вобаста ба вазъ харҷ хоҳанд шуд.

Коршиноси қирғиз Денис Бердаков мегӯяд, кишвар дар ҳоли ҳозир дар қадами аввал ба дастгоҳҳои нафасгирии сунъӣ ниёз дорад, зеро танҳо тавассути онҳо имкон дорад ба беморони вазнин ёрӣ расонида шавад.

"Ҳамчунин ниёз ба василаҳои муҳофизатӣ ҳаст, ба хилъатҳои махсус ва ниқобҳое, ки рӯйро мепӯшонанд. Эҳтимол зарур шавад, ки барои бархе хонаводаҳои камбизоат хӯрокворӣ низ бихаранд”, - мегӯяд Бердаков.

Зимнан дар Қирғизистон 26 мавриди нави сироят ёфтан ба коронавирус сабт шудааст. Дар ин бора муовини вазири тандурустии ин кишвар Толо Исҳоқов дар ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявӣ хабар дод.

Дар миёни сироятёфтагон ду кӯдаки то яксола, як кӯдаки 6-сола, навраси 14-сола ва боқимонда аз 16 то 86-сола мебошанд.

Ҳамаи онҳо дар муассисаҳои тиббӣ: беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар Бишкек, беморхонаи вилояти Ӯш, беморхонаи Навкат ва беморхонаҳои вилоятии Ҷалолободу Бодканд бистарӣ шудаанд.

Аз 25 март то 15-уми апрел дар се шаҳр – Бишкек, Ӯш, Ҷалолобод ва се ноҳия – Навкат, Қара-Сой ва Сӯзак реҷаи Ҳолати фавқулода роҳандозӣ шудааст. Барои назорат ба реҷа президент ва порлумон ниҳоди вижаи муваққатӣ таъсис медиҳанд. Муқарраротро на танҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки қувваҳои мусаллаҳ низ назорат мекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG