Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО: Боздошти аъзои Ҳаракати исломӣ бо 255 шиноснома дар Маскав


Акс аз видеои сомонаи "Комсомолская правда"
Акс аз видеои сомонаи "Комсомолская правда"

Пулиси Русия мегӯяд, дар натиҷаи як амалиёт дар шаҳри Маскав аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон (ҲИУ)-ро бо беш аз 200 шиносномаи дохиливу 15 шиносномаи хориҷӣ ва беш аз 40 шиносномаи кишварҳои дигар дастгир кардааст.

Вазорати умури дохилаи Русия рӯзи 3 сентябр дар сомонаи расмиаш аз боздошти гурӯҳе аз зодагони Осиёи Марказӣ бо гумони тақаллуби аснод ва пайравӣ аз созмони мазҳабии мамнӯъ хабар дод. Бино бар ин манбаъ, дар ҷараёни “табдирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ”-и маъмурони раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии вазорати умури дохилаи Русия ва пулиси пойтахт дар ноҳияи Ясеневои шаҳри Маскав манзилеро пайдо кардаанд, ки дар он аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон ба сар мебурданд.

Дар хабар боздоштшудагон зодагони Осиёи Марказӣ ва пайрави равияҳои тунди исломӣ номбар шуда, шаҳрванди кадом кишвари минтақа будани онҳо гуфта намешавад. Вале таъкид шудааст, ки Ҳаракати исломии Узбакистон як созмони мамнӯъ дар ...Тоҷикистон аст.

Пулиси Русия мегӯяд, ин афрод дар пойтахти ин кишвар ба тақаллуби аснод, аз ҷумла таҳияи шиносномаҳову ҳуҷҷатҳои ронандагии қалбакӣ ва асноди дигари низ ҷаълӣ машғул буданд. Аз манзили онҳо, бино ба гузориши сомонаи расмии вазорати умури дохилии Русия, беш аз 200 шиносномаи дохилӣ ва 15 шиносномаи хориҷии Русия ва беш аз 40 шиносномаи атбои кишварҳои хориҷиро пайдо кардаанд.

Нашрияи "Комсомолская правда"-и чопи Маскав дар сомонааш навори кӯтоҳеро нашр кардааст, ки лаҳзаи боздошти ин гурӯҳро намоиш медиҳад.

Боздошти аъзои ҲИУ дар Маскав

Ин аввалин мавриди боздошти аъзои Ҳаракати исломии Узбакистон дар Русия нест. Дар моҳи май вазорати корҳои дохилии Русия аз боздошти як марди 27-сола бо шиносномаи тақаллубии Тоҷикистон дар шаҳри Ногински вилояти Маскав хабар дод. Исми ин шаҳрванд нашр нашуд, вале гуфта мешуд, ки ӯ раҳбарии як гурӯҳи ҷиноӣ ва ҳам шӯъбаи маҳаллии Ҳаракати исломии Узбакистонро бар ӯҳда доштааст.

Раҳбари дар Ногинск боздоштшудаир ҲИУ
Раҳбари дар Ногинск боздоштшудаир ҲИУ

Пулиси Русия гуфт, аъзои гурӯҳи ҷиноии қавмие, ки аз зодагони Тоҷикистон иборат буду дар қаламрави шаҳру вилояти Маскав амал мекард, дар соли 2012 ба раҳбарии ин мард ба яке аз ширкатҳои Маскав ҳамла оварда, менеҷерашро захмӣ карданд ва 900 000 рублро, ки бо қурби он замон 30 000 доллари амрикоиро ташкил медод, ба ғорат бурданд.

Пулис мегӯяд, аъзои ин гурӯҳ бо автомати Калашников, туфангчаи травматикӣ ва васоили тирандозии бесадо мусаллаҳ буд. Дар пайи он ҳамлаи ғоратгарона 3 узви гурӯҳи ҷиноӣ дастгир ва маҳкум ба зиндон шуданд, вале раҳбари гурӯҳ тавонист фирор кунад.

Пулиси вилояти Маскав ахиран ин нафарро дар шаҳри Ногинск дастгир кардааст. Дар гузориши вазорати дохилаи Русия гуфта мешавад, ки амалиёти боздошти ин нафар, ки бо худ шиносномаи қалбакии шаҳрванди Тоҷикистонро дошт, бо кумаки ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия - сурат гирифтааст. Мақомот мегӯянд, ки ӯ ҳамзамон бо раҳбарии гурӯҳи ҷиноии қавмӣ “амир”-и яке аз шӯъбаҳои Ҳаракати исломии Узбакистон буда, "ба сурати фаъолона зодагони Осиёи Марказиро ба ҳамкорӣ бо ин созмони тундрав ҷалб мекард."

ТАЪРИХЧА

Ҳаракати исломии Узбакистон як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки барои таъсиси хилофати воҳиди исломӣ дар Осиёи Марказӣ меҷангад. Аъзо ва пайравони ин ҷунбишро, ки ҳанӯз дар поёни солҳои 80 дар водии Фарғонаи Узбакистон зуҳур карда буд, дар оғози солҳои 90 аз он кишвар танг карданд. Онҳо дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми Тоҷикистон аз тарафи мухолифин алайҳи ҳукумати ин кишвар ҷангиданд. Баъди имзои созишномаи сулҳи соли 1997 ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон таҳти фармондеҳии Ҷумъаи Намагонӣ ду дафъа – дар солҳои 1999 ва 2000 – талош карданд, то бори якум аз самти вилояти Сурхондарё ва бори дуюм аз тариқи ҷануби Қирғизистон ба Узбакистон баргарданд, вале ноком шуданд.

Баъди ин бар асоси тавофуқи байни ҳукумати Тоҷикистон ва мухолифинаш аъзо ва пайравони Ҳаракати исломии Узбакистон ба Афғонистон паноҳ бурданд. Баъди оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор дар он кишвар дар поёни соли 2001 ва кушта шудани фармондеҳи низомиаш Ҷумъаи Намангонӣ аъзои боқимондаи Ҳаракати исломии Узбакистон ба раҳбарии Тоҳири Юлдош ба сарзаминҳои қабиланишини шимоли Покистон паноҳ оварданд.

Ин созмон дар Покистон низ ёру муттаҳиди гурӯҳҳои тундрави мазҳабие, чун Толибону Ал-Қоида боқӣ монд ва баъди анҷоми чандин ҳамлаҳои пурсарусадо, аз ҷумла ҳамлаи хунин ба фурудгоҳи Карочӣ, ҳукумати Покистон ҳатто маҷбур шуд алайҳи ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон амалиёти алоҳидае ба роҳ андозад.

Бо ин ҳол, гузоришҳои расида аз Афғонистону Покистон ва афзоиши мавридҳои боздошту ҳалокати ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон дар ҷангҳо дар шимоли Афғонистон ҳокист, ки аъзои ин ҷунбиш хаёли бозгашт ба саҳнаи Осиёи Марказиро то ҳол дар сар доранд.

Алимурод Маханов
Алимурод Маханов

Ҳамин тавр, дар моҳи сентябри соли 2013 дар Душанбе аъзои гурӯҳи Алимурод Махановро дастгир карданд, ки ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, қасди таркондани чанд иншооти муҳими пойтахти Тоҷикистон дар арафаи интихоботи раёсати ин ҷумҳуриро дар сар дошт. Аъзои ин угрӯҳ асосан узбактаборҳои Тоҷикистон буданд ва гуфта мешуд, ки ин гурӯҳ аз тарафи Ҳаракати исломии Узбакистон барои анҷоми амалиёти тахрибкорӣ ба Тоҷикистон эъзом шудааст.

XS
SM
MD
LG