Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имзои даҳҳо қарору фармон. Трамп корро бо чӣ оғоз кард?


Доналд Трамп
Доналд Трамп

Доналд Трамп рӯзи 20-уми январ корро дар мақоми раисҷумҳури Амрико бо имзои чанд қарор ва аз байн бурдани баъзе аз созишҳои пешина оғоз бахшид.

Ӯ дар навбати аввал беш аз якуним ҳазор тарафдорашро, ки бо ҷурми ҳамла ба бинои Конгресс дар соли 2020 зиндонӣ шудаанд, афв кард. Он вақт Доналд Трамп дар интихобот аз Ҷо Байден шикаст хӯрд ва тарафдоронаш даст ба харобкорӣ зада буданд.

Трамп гуфт, дар марз бо Мексика барои пешгирӣ аз муҳоҷирати ғайриқонунӣ ҳолати фавқулода ҷорӣ мекунад ва ба кӯдаконе, ки дар Амрико зода мешаванд, дигар шаҳрвандӣ намедиҳанд.

Вай дар бораи иқтисод ва таваррум изҳороте надод. Ин ду ваъдае буд, ки дар пирӯзии ӯ таъсир доштанд. Доналд Трамп гуфт, ба молу маҳсулоте, ки аз Мексика ва Канада ворид мешаванд, дар ояндаи наздик боҷ мебандад.

"Мо дар бораи боҷи 25-дарсадӣ ба Мексика ва Канада фикр мекунем. Онҳо ба одамони зиёде иҷозаи вуруд медиҳанд. Канада аз ин хеле бад истифода мекунад. Ба одамони зиёде иҷозат медиҳанд, ки бо маводи мухаддир биоянд. Ба фикрам, то якуми феврал ба ин мерасем,” – афзуд ӯ.

Доналд Трамп 78 фармони Ҷо Байден, аз ҷумла, ҷилавгирӣ аз хатари ҳуши маснуӣ, то 50 дарсад бештар кардани мошини барқӣ то соли 2030 ва берун кардани Куба аз феҳрасти кишварҳои ҳомии терроризмро бекор кард.

Чанд қарор дар бораи ҳимоят аз ҳамҷинсгароён ва трансгендерҳо низ лағв шуданд.

Трамп бо имзои фармони дигаре Амрикоро аз созишномаи Порис (Париж) бобати кам кардани хатарҳои тағйирёбии иқлим, ки Ҷо Байден имзо карда буд, берун кард.

Қарори бастани ТикТокро дар Амрико низ барои 75 рӯзи дигар ба таъхир андохт. Ин шабака, ки як рӯз пеш дастнорас буд, дубора дар Амрико фаъол шуд.

Дар давраи Байден аз ТикТок хоста буданд, ки соҳибашро дар Амрико дигар кунад, вагарна баста мешавад. Ин шабакро барои додани маълумоти корбарон ба Чин айбдор карда буданд. Трамп гуфт, умедвор аст, бо ТикТок ба созиш мерасанд ва Чин ҳам ба он розӣ хоҳад шуд.

Трамп қабули коргари навро ба ҳукумати федеролӣ муваққатан манъ кард ва аз кормандонаш хост, ки пурра сари кор шаванд.

Манобеи "Рейтерс" гуфтаанд, ки ҳукумати Трамп аз даҳҳо сафиру кормандони ниҳодҳои дипломатӣ хостааст, аз мақомҳояшон истеъфо диҳанд, то ба ҷояшон одамони нав таъйин шаванд.

Видеоро дар инҷо бинед:

Трамп дар як рӯз даҳҳо фармону қарор имзо кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:46 0:00
XS
SM
MD
LG