Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муомилаи таърихӣ? Имзои созишномаи марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон


Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. Шаҳри Бишкек, 13-уми марти 2025
Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов. Шаҳри Бишкек, 13-уми марти 2025

Дар ҳоле ки чашми ҷаҳониён ба музокироти поён додан ба ҷанги сесолаи Русия дар Украина дӯхта шудааст, ду кишвари Осиёи Марказӣ сокиту хомӯш тавонистанд, то як муноқишаи дароз ва гоҳе хунинро ба гузашта бисупоранд. Ба назар мерасад, ки созишномаи Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи таъйину аломатгузории марзи 1000-километрӣ шоистаи унвони "таърихӣ" аст.

На фақат ба ин далел, ки ихтилоф сари марз ба даврони шӯравии собиқ бармегардад ва ҳарду кишвар таҳти назорати Маскав буданд. Балки азамати ин дастовард дар ин воқеият нуҳуфтааст, ки то се сол пеш нисфи марзи ду кишвар таъйинношудаву ҷанҷолӣ буд ва барои он солҳои 2021 ва 2022 ҷангу хунрезие сар зад, ки аз ҳарду тараф даҳҳо кушта барҷой ва асари баде дар рӯҳияи мардуми Тоҷикистону Қирғизистон гузошт.

Чанд ҳафта пас аз дувумин даргирӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизи ӯ, Содир Ҷабборов, ҳатто дар нишасте, ки бо миёнҷигарии Владимир Путин, президенти Русия ба ҳамдигар даст надоданд.

Аммо рӯзи 12-уми март ҳангоми сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дар фурудгоҳи Бишкек на танҳо дасти якдигарро дурудароз фишурданд, балки ба оғӯш гирифтанду суҳбатҳои зоҳиран самимонае карданд. Раҳмонро ҳам зери рақсу мусиқиҳои суннатии қирғизӣ ва бо шиорҳои “Хуш омадӣ, ҷаноби олӣ” пешвоз гирифтанд.

Рӯзи 13-уми март ҳарду раҳбар созишнома дар бораи таъйину аломатгузории марзро имзо карданд ва марҳилаи баъдӣ тасвиби он дар порлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон аст, ки фақат як расмиёт аст, алорағми он ки дар Қирғизистон нишонаҳое аз норизоиятӣ аз он ба назар мерасад.

Баъди ин масъалаи асосӣ ин хоҳад буд, ки зиндагии мардуми дурудароз ранҷкашида дар деҳоти марзии сераҳоливу камоб ва маҳаллаҳое, ки тақсим мешаванд, чӣ гуна пеш хоҳад рафт.

Тармими робитаҳои шикаста

Пеш аз соли 2021 ҷанҷолҳо дар марз асосан дар сатҳи маҳаллаву деҳот буд. Оташи даргирӣ гоҳе миёни мардумони тоҷику қирғиз сари обу замину чарогоҳ шӯълавар мешуд ва посбонони ҷавони марз аз ҳарду тарафро ба ҷангу хусумат мекашонд. Ҷангу муноқишаҳо ҳам то соли 2021 танҳо пароканда ва тирандозиҳои кӯтоҳмуддат ва ангуштшумор буданд.

Вазъ баъдан тағйир кард. Дар муноқишае дар моҳи майи 2021 аз тӯпхона истифода шуд. Қирғизистон паҳподҳои туркии "Байрақдор" хариду бо таблиғи зиёд онҳоро ба кор бурд ва ба ин тариқ даргириҳои батакрор дар соли 2021 ва 2022 бӯҳронро амиқтар ва талафотро аз ҳарду тараф зиёдтар кард.

Дар гузорише дар бораи ҷанги чаҳорӯзаи моҳи сентябри соли 2022, ки аз ҳарду тараф беш аз 100 кушта бар ҷой гузошт, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфт, ин ҷанг 100 000 нафарро дар Қирғизистон беҷо кард ва ҳарду тараф "қонунҳои ҷангиро ҷиддан поймол кардаанд".

Ба қавли намояндагони созмон, ҳамла ба мошинҳои ғайринизомиёну ёрии таъҷилӣ, истифодаи саросарии бомбҳо, қатлҳои худсарона аз тарафи низомиён, оташ задани хонаву зербунёдҳо аз ҷумлаи ин қонуншиканиҳои ду тараф будаанд.

Акс аз сомонаи Human Rights Watch
Акс аз сомонаи Human Rights Watch

Вайронӣ дар маҳаллаҳои зиёд, эҳтимоли рақобати мусаллаҳшавии бе пирӯзии қатъӣ барои ҳеч тараф шояд ангезаро барои музокирот байни ду кишвари камбизоати минтақа зиёд кард. Аммо ин музокирот ба ҳеч ваҷҳ осон набуд, бахусус бо назардошти сарҳади печидаи бозмонда аз Шӯравие, ки ҳаргиз гумон надошт, ин кишварҳо комилан мустақил шаванд.

То кунун иттилоъ дар бораи созишномаи марзӣ асосан аз Қирғизистон меомад, ки онҷо мақомоташон бештар ошкоро гап мезананд. Моҳи гузашта зимни суханронӣ дар порлумон Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, музокирот дар бораи санади ниҳоии марзӣ бо ҳамтои тоҷикаш Саймумин Ятимов дар рӯзи 21-уми феврал “бисёр сахт” буд.

Ба гуфтаи ӯ, масъалаи ҳаҷми чарогоҳе, ки бояд ба Ворух дода шавад, яке аз нуктаҳои асосии баҳс буд. Яке дигар таъйини сарнавишти пули муҳими стратегии 20-метрие будааст, ки ҳаракати бемамониати ду деҳа дар вилояти Бодканди ҳаммарз бо Суғдро таъмин мекунад. Ба қавли Тошиев, ним сол лозим шуд, ки ин масъала ба манфиати Қирғистон ҳал шавад.

Рустое бо номи “Дӯстӣ”

Ба қавли Қамчибек Тошиев, Қирғизистон ҳамчунин тавонистааст Тоҷикистонро мутақоид кунад, ки аз харита ва ё нақшаҳои солҳои 1920 истифода накунад, ки боқимонда аз замони Сталин ва барои тақсими Осиёи Марказӣ таҳия шудаанд. Айни замон Қирғизистон ҳам ба Тоҷикистон гузаштҳои бузурге кардааст.

Аз ҷумла, дар таъйини сарнавишти рустои “Достук”, ки маъниаш “дӯстӣ” аст. Бар асоси созишнома, ин деҳа тамоман ба қаламрави Тоҷикистон мегузарад.

Султонбой Ойҷигитов, вакили мардумии Қирғизистон, гуфт, ки додани деҳкадаи Достук Тоҷикистонро як қадам ба ҳадафи деринаи худ, яъне пайвастан ба Ворухе наздик мекунад, ки дар гузашта саҳнаҳои бисёре аз даргириҳо буд. Тоҷикистон ҳаргиз Ворухро ҷазирақаламрав нашумурда, роҳи онро низ ҳудуди худ медонад.

Достук
Достук

Ойҷигитов бо ишора ба ин гузашти кишвараш гуфт, “агар роҳ бетараф мешуд ва замин ба мо мемонд, чизи дигар буд” ва ба гузашти дигаре ишора кард, ки ба қавли вай ба нафъи Ворух ва аҳолии 40-ҳазорнафарии он мешавад.

Ӯ афзуд: “Дар инҷо роҳ ва замин ҳам бетараф мешавад ва заминро касе мегирад, ки қавитар аст.” Пас аз ин баёния Ойҷигитовро аз ҳизби Йиман нуру берун карданд ва Динора Ҳошимова, раиси ҳизб гуфт, суханони Ойҷигитов мавқеи расмии ҳизби онҳо нест. Содир Ҷабборов, президенти шӯҳратталаби Қирғизистон, Ойҷигитовро дар суҳбат дар расонаҳои давлатӣ ба авомфиребӣ муттаҳам кард.

Аммо бо 70 хонаводае, ки дар Достук зиндагӣ мекунанд, чӣ хоҳад шуд? Дар даргирии соли 2021 ҳудуди 12 хона дар русто вайрон шуд. Соли 2022 аҳволашро бадтар карданд, вале хонаҳову зербунёдҳои ҳаётии он баъдан тармиму бозсозӣ шуд.

Ойбек Шаменов
Ойбек Шаменов

Гуфтугӯҳои байни сокинон ва Ойбек Шаменов, раиси вилояти Бодканд пуртаниш буд, бахусус баъди онки Шаменов ба дархости сокинон барои додани замини бештар дар маҳаллаи Бужум, ки бояд ба онҷо бикӯчанд, бо асабоният ҷавоб дод. Баъди ин Содир Ҷабборов, ба раиси вилоят танбеҳ дод ва ваъда дод, ки ба мардуми Достук заминҳои калонтар медиҳанд.

Тақсими обу тақвияти тиҷорат

Фурӯ нишондани норизоиятиҳо дар Қирғизистон яке аз авлавиятҳои кори ҳукумат пеш аз тасвиби созишнома дар порлумон хоҳад буд. Аммо ҳукумати Содир Ҷабборов дар ин самт андаке таҷриба дорад ва озмуда шудааст.

Соли 2022 мухолифатҳо ба созишномаи начандон мураккаби марзӣ бо Узбекистон, як чолиши воқеӣ барои ҳукумати Ҷабборов шуд. Маҳз пас аз ҳамин ӯ роҳи худкомагиро дар кишвараш пеша кард. Даҳҳо нафарро барои эътироз боздошт карданду ба мухолифон нишон доданд, ки “ҳадди худро бидонанд”.

Дар Тоҷикистон ибрози норизоиятӣ ва ба чолиш кашидани созишномаи марзӣ тақрибан номумкин аст, зеро дар даҳаи гузашта мухолифони сиёсӣ дар кишвар ба тамом аз байн рафтанд. Аммо дар ҳоле ки худкомагӣ дар Осиёи Марказӣ дар ҳоли афзоиш аст, таъкиди бештар ба ҳамкорӣ миёни кишварҳои минтақа раванди мусбате аст, ки маъмулан бидуни ёрии хориҷӣ сурат гирифтааст.

Илова бар “роҳҳои бетараф” дар манотиқи бетараф, созишномаи марзӣ чаҳорчӯбаеро барои мудирияти муштарак аз дарғоти “Головной” фароҳам кард, ки оби рӯдхонаи Оқсу дар Қирғизистон ва Исфара дар Тоҷикистонро барои баҳрабардории ду тараф тақсим мекунад.

Тоҷикистону Қирғизистон таҷрибаи истифодаи муштарак аз ин дарғотро доранд, ки як маркази ҷанҷолӣ буд ва ду тараф онро аз худ шумурда ҷангу даъво ҳам кардаанд. Бар асоси созиш, ҳарду тараф як дарғотӣ дар ин марказ хоҳанд дошт ва саввумиро муштаракан истифода хоҳанд бурд. Ҳоло инҷову зербунёдҳои дигар чӣ гуна мудирият мешаванд, бояд мунтазир монду дид.

Аммо ният муҳим ҳаст ва акнун ба фаромӯшӣ супурдани душманиву таҳкими дӯстии ду тараф ғолибан дар нишасти сеҷонибаи сарони ду кишвар бо Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон дар шаҳри Хуҷанд ва дар рӯзи 31-уми март бештар ҳувайдо хоҳад шуд.

Узбекистон як замон рӯзҳои сиёҳеро ҳам ба сари Тоҷикистон ва ҳам ба сари Қирғизистон оварда буд ва дар замони Ислом Каримов, раиси ҷумҳури собиқи он кишвар. Баъди фавти ӯ ва омадани Шавкат Мирзиёев ба ҳукумат вазъ ба куллӣ тағйир кард.

Дар нишасти сеҷониба ва таҷлили Наврӯз дар Хуҷанд дар рӯзи 31-уми март раҳбарони се кишвар ба тақвияти ҳамкории минтақаӣ таъкид хоҳанд кард. Одил Байсалов, муовини нахуствазири Қирғизистон дар як нишаст дар Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милали Муттаҳид ин созишро “пирӯзии таърихии иродаи сиёсӣ ва дипломатия” номид. Тавсифе, ки дар забони дипломатияи минтақаӣ муболиғаомез ҳам нест.

  • Акси 16x9

    Крис Риклтон

    Рӯзноманигор Крис Риклтон дар Алмато зиндагӣ мекунад. Қабл аз шомил шуданаш ба Радиои Озодӣ, раиси Бюрои Осиёи Марказӣ дар хабаргузории "Франс Пресс" буд ва гузоришҳояш мунтазам аз ҷониби нашрияҳои бузурге чун MSN, Euronews, Yahoo News ва The Guardian бознашр мешуданд. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи Сент Эндрюс дар Шотландия аст.

XS
SM
MD
LG