Як ширкати суғуртаи "Меҳнат" ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади кор ба Русия мераванд, бимаи беҳдоштиро пешниҳод мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки аз соли 2014 доштани суғуртаи тиббӣ барои муҳоҷирони корӣ як амри зарурӣ дониста мешавад.
Дилшод Бойматов, мушовири ҳуқуқии ширкати суғуртаи «Меҳнат» рӯзи 2-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора миёни ширкати суғуртавии «Меҳнат»-и Тоҷикистон ва ширкати саҳомии бима ё суғуртаи «Помощь»-и Русия қарордод ба имзо расидааст.
Ба қавли ӯ, санади мазкур бахусус дар масъалаи таъмини хизматрасонии ҳамаҷонибаи тиббӣ ва беҳдоштӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия мусоидат мекунад. Ҷаноби Бойматов ҳадафи бастани қарордод миёни онҳо ва ширкати русии «Помощь»-ро ҳарчи зудтар пардохт шудани маблағҳои бима барои шаҳрвандони тоҷик дар Русия унвон кард.
Дилшод Бойматов гуфт, бар асоси ин қарордод, ҳар як муҳоҷире, ки ба Русия сафар мекунад, метавонад бо пардохти 75 сомонӣ барои се моҳ худро бима кунад. Бар ивази маблағ ба муҳоҷирон корти бима дода мешавад: «Дар ин се моҳ суғуртаи вай амал мекунад. Ҷавобгарии суғуртакунанда 100 ҳазор рубли русӣ муайян шудааст. Дар ҳолати рух додани ягон ҳодиса ва ё бемор шудани шаҳрванде, ки аз мо корти бима гирифтааст, метавонад ба ширкати суғуравии «Помощь»-и Русия занг занад. Он ҷо рақами корташро мегӯяд, он ҷо ҳам қайд шудааст».
Зеро, ба гуфтаи ин масъули ширкати фароҳамкунандаи бима, феҳристи муҳоҷирони бимашудаи тоҷик барои масъулони ширкати суғуртавии «Помощ»-и Русия низ дастрас хоҳад буд.
Аммо Абдурасул, як муҳоҷири тоҷик, ки тайи 15 соли охир барои кор ба Русия меравад, гуфт, чанон эътимод надорад, ки дар ҳолати зарурат қимати хизматрасонии тиббӣ тавассути бима пардохт мешавад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, дар ҳолати зарурӣ онҳо баҳонаҳои гуногун пеш меоранд ва аз ҷуброн кардани бима саркашӣ мекунанд:
«Ҷояш мешавад, ки онҳо қонунҳои худро нишон медиҳанду мегӯянд, ки инаш бар муқобили қонунҳои мо аст. Хулоса ба онҳо бовар нест.»
Дар ҳамин ҳол Фаридун Камолзода, як масъули нуқтаи бима дар фурудгоҳи Душанбе аз камбуди муштариён шикоят карда гуфт, 80 дарсади муҳоҷироне, ки ба Русия сафар мекунанд, дар бораи чӣ будани бима маълумот надоранд. Ҳамчунин ин ҳамсӯҳбати мо гуфт, ки 75 сомонӣ пардохти бима барои онҳое, ки ба Русия сафар мекунанд, гарон будааст.
Олга Анатолева, раҳбари идораи кор бо муштариёни ширкати саҳҳомии бима ё суғуртаи «Помощь»-и Русия, қароргоҳаш дар шаҳри Санкт-Петербург дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ширкати онҳо хусусӣ буда, давоми 17 сол барои муштариён имкони бимаро фароҳам мекунад. Хонум Анатолева қарордоди ин ширкат миёни ширкати «Меҳнат»-ро тасдиқ карда гуфт, ҳар шаҳрванде, ки бо бимаи ин ширкат вориди Русия мешавад, метавонад дар бемористонҳои ин кишвар ба табобат фаро гирифта шавад.
Ҳамзамон ба гуфтаи хонум Олга дар сурати бардоштани ҷароҳати вазнин, аз ҷумла шикастани устухон, зарб хӯрдани узвҳои дарунии бадан, сӯхтани пӯст, сармозадагӣ, дучори бемориҳои исҳолӣ шудан, дарунравӣ ва ғайра санади мазкур имкон медиҳад, шахси гирифтор, яъне шаҳрванди Тоҷикистон, дар беморхонаҳои Русия ба табобат фаро гирифта шавад ва ба ӯ ёрии таъҷилӣ расонида шавад.
Олга Анатолева ҳамчунин афзуд, ҳарчанд бима дар ширкати онҳо вобаста ба хоҳиши муштариён сурат мегирад, аммо қарордод бо ширкати суғуртавии «Меҳнат»-и Тоҷикистон ба он хотир баста шуд, ки баъд аз 1-уми январи соли 2014 дар Русия шаҳрвандони хориҷие, ки барои кор вориди ин кишвар мешаванд, бояд бимаи тиббӣ дошта бошанд. Вай афзуд: «Тибқи моддаи 27, қисми 5 шахсони хориҷие, ки бидуни бимаи тиббӣ ворид мешаванд, аз ҷониби Хадамоти муҳоҷирати Русия ҷарима ва ё ихроҷ карда мешаванд. Ҳамчунин бар асоси қонун дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия, касе ки чунин бимаи тиббиро надорад, як қатор ҷаримаҳо ҳаст, ки вобаста ба ҳудуди Русия муайян мешавад».
Масъулони ширкати «Меҳнат» мегӯянд, шаҳрвандон метавонанд, дар ширкати онҳо худро дар муҳлати аз 3 моҳ то як сол худро бима кунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар сурати се моҳ амал кардани бимаи муҳоҷир, маблағи ҷавобгарии суғуртакунанда 100 ҳазор рубл ва ё муодили 3 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Зимнан, "Помощь" як гурӯҳи хусусии суғуртавиест, ки дар Москаву Санкт-Петербург ва Краснодар дафтари намояндагӣ дорад.