Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сармояи асосии Тоҷикистон парчаму пахта аст ё одамони он?


Бар пояи гузориши Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ, Тоҷикистон ҳанӯз барои тарбияи садҳо ҳазор нерӯи рақобатпазиру соҳибмалакаву соҳибистеъдоде, ки тавонанд, иқтисодро тараққӣ диҳанд, роҳи дарозе дар пеш дорад.

Шӯҳрат Зокиров мутахассиси варзидаи як ширкати мобилӣ аст, вале аз тарси онки ҷойи корашро ба фарди соҳибмалакаву боистеъдоди дигаре надиҳанд, пайваста меомӯзад. Шӯҳрат мегӯяд, дар соҳаи ӯ «тағобозӣ», ба кор намеравад ва агар бо дониши имрӯза мусаллаҳ набошӣ, ҳазор ришваву «тағо» биёрӣ, ба кор намегиранд.

«Ман медонам, ки бачаҳо бо тағобозиву пул ҷойи кор ёфтанд, баъд бекор ҳам шуданд. Вақти ин чизҳо мегузарад, чунки барои ҳама дар мақомоти давлатӣ ҷойи кор намерасад. Барои ҳамин ҳар касе, ки ба тағову пул умед баста бошад, ин фикри хомро аз сараш дур кунад, чунки дар оянда донишу малакаву истеъдод тағои асосӣ мешавад.»

Айни гапи Шӯҳратро иқтисоддонҳои шинохтаи Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ дар як гузориши тозаи худ гуфтаанд, ки нишон медиҳад, 124 кишвар, ба шумули Тоҷикистон барои босаводу соҳибистеъдод кардани шаҳрвандонашон, ки аксарияташон ҷавонони хун дар ҷӯшанд, чӣ корҳое анҷом додаанд. Ба қавли Шӯҳрат, кӯрнамакӣ мебуд, агар мегуфт, ки аз муаллимони мактабу устодони донишгоҳ ҳеҷ чиз наомӯхтааст, вале гуфт ӯ, агар волидони сахтгиру дарсҳои иловагиаш намебуд, Худо медонад, ки сатҳи таълими мактабу донишгоҳ ба куҷо мерасид:

Шӯҳрат мегӯяд, ки дарси мактабҳои миёна ва олӣ ба ҳама маълум, як рӯз буд, як рӯз набуд, санҷишу имтиҳон дар ивази пул. Агар волидонаш сахт намегирифтанд ва бо ҳамин мактабу дарсҳо қаноат мекарданд, мумкин ҳоло пеши компютер набуд ва дар ягон шаҳри Русия бо таънаву маломат кӯчарӯбӣ мекард ва ё хишт мекашонд.

Бар асоси гузориши Форуми Ҷаҳонии Иқтисодӣ, Тоҷикистон ҳанӯз барои тарбияи садҳо ҳазор Шӯҳрат, яъне нерӯи рақобатпазиру соҳибмалакаву соҳибистеъдоде, ки тавонанд, иқтисодро тараққӣ диҳанд, роҳи дарозе дар пеш дорад. Дар Шохиси Сармояи Инсонӣ дар соли 2014, Тоҷикистон аз назари чунин сармоя, ки маърифату истеъдод ва потенсиали кори инсонро дар бар мегирад, дар мақоми 65-ум қарор дорад. Муаллифон омилҳои зиёде барои ҷой додани Тоҷикистон дар ин зинаро ба инобат гирифтаанд.

Музаффар Олимов
Музаффар Олимов

Масалан, кишвар дар байни мамлакатҳои ҳамсону камдаромад аз назари шумораи кӯдакистонҳо ва омӯзонидани малакаҳои аввалия ба кӯдакон дар зинаҳои поинтарин қарор дорад. Ҳамаи 100 фоизи кӯдакони Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуда бошанд ҳам, вале китобхонии то 31 дар сади кӯдакони синфи 2 суст аст. Бар асоси омори соли 2011, тақрибан 19 дар сади аҳолии Тоҷикистон маълумоти олӣ доштанд, ҳарчанд дар Қирғизистон ҳамсоя ин рақам 40 дар садро ташкил медиҳад.

Донишгоҳҳои Тоҷикистонро солона тақрибан 40 ҳазор нафар аз ҷумла бо ихтисоси муҳандис, меъмору иқтисоддон ва табибу ҳуқуқшинос тамом мекунанд, вале аз байни онҳо пайдо кардани Шӯҳратҳо ва ё ҷавонони мусаллаҳ бо дониши ҳозиразамон сахт шудааст.

Музаффар Олимов, ҷомеашиноси тоҷик, ки масъалаи сармояи инсонӣ дар Тоҷикистонро зиёд таҳқиқ кардааст, заъфи соҳаи маорифро яке аз сабабҳои ақибмондагии сармояи инсонӣ мешуморад. Ба гуфтаи ин ҷомеашиноси тоҷик, пеш аз ҳама таваҷҷӯҳ бояд бештар шавад, зоҳирӣ не, балки сифатӣ. Оқои Олимов мегӯяд, на ба сару либосу омадану шиштану хестан, балки ба сифати таҳсил бояд таваҷҷӯҳ бештар шавад. Зеро сифати дастуру китобҳо ва дониш паст аст ва вақте ба бозори кор медароянд, рақобатпазир нестанд.»

Ба навиштаи Наргис Ҳалимова, ҷомеашиноси тоҷик, таваҷҷӯҳ ба истеъдоду малакаи мардум ва рушду такомул додани онҳо, ки сарвати асосии Тоҷикистон ҳастанд, бояд вазифаи аввалиндараҷаи давлат бошад, дар акси ҳол тамоми талошҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон барои бунёди як ҷомеаи маданӣ ба харҷ додааст, ба нестӣ меравад.

Гулбаҳор Маҳкамова
Гулбаҳор Маҳкамова

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Гулбаҳор Маҳкамова, мудири Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкор, мардуми Тоҷикистон аз амрикоиҳо русҳо ва ё аврупоиҳо фарқе надоранд ва дар сурати фароҳам кардани имконоту шароит нашъунамо мекунанд. Ӯ мегӯяд, истеъдоди ҳар миллат дар сурати мавҷудияти шароити хуб ҳувайдо мешавад. Агар тақозо ба инсонҳои бомаърифат вуҷуд дошта бошад, агар барои сохтани зербунёдҳо ба қадри кофӣ сармоягузорӣ шавад, табиатан инсонҳо малакаашонро ташаккул медиҳанд. Агар ба инкишофи инсон аҳамият диҳанд ва дар воқеъ талабот ба донишу малака вуҷуд дошта бошад, инсон рушду такомул меёбад.

Ба ақидаи Музаффар Олимов, сарватҳои табиӣ, корхонаву бонкҳо ва технологияҳои муосир ҳама сармояи беҳаракату мурда аст ва онҳоро фақат дасти инсон зинда мекунад. Ва фақат мардуми босаводу соҳибистеъдод, ташаббускор, метавонад, ҳама сарвату сармояҳои беҳаракатро ба кор андохта ва Тоҷикистонро пеш барад.

XS
SM
MD
LG