Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Дар 3 сол ду маротиба афзудани шумори корбарони Интернет


Маросими муаррифии натиҷаи пажӯҳиши истифодабарии интернет дар Тоҷикистон.
Маросими муаррифии натиҷаи пажӯҳиши истифодабарии интернет дар Тоҷикистон.

Дар Тоҷикистон шумораи корбарони интернет ҳудудан ба 4 миллион нафар расидааст, ки дар қиёс бо соли 2010 ду баробар зиёдтар будааст.

Ин натиҷаи пажӯҳишест, ки ахиран аз сӯи Бунёди ҷамъиятии «Интернет» ба хотири муайян кардани омодагии электронии Тоҷикистон анҷом шуда, рӯзи 5-уми июл дар Душанбе муаррифӣ гардид.

Асомиддин Атоев, раҳбари Анҷумани фароҳамоварони интернет дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ин таҳлил миёни 5000 сокини шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида шуд ва пешрафтҳои чашмгирро дар самти истифода аз технологияи муосир дар кишвар нишон додааст.


Шумори корбарони Интернет дар Тоҷикистон меафзояд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:09 0:00
Линки мустақим

Ҷаноби Атоев гуфт, корбарони аслии интернет, яъне 58 дарсади онҳоро ҷавонони то 33- сола ташкил мекунад ва онҳо ҳамакнун авлавиятро на ба сомонаҳои тафреoӣ, балки ба махзанҳои иттилоотиву омӯзишӣ медодаанд.

Ҷаноби Атоев мегӯяд, «аз ҷумла контент ва ё мӯҳтавое, ки имрӯз ба корбарони ватанӣ дастрас аст, ба фарқ аз соли 2010 20 ба 80 дарсад шудааст. Яьне корбарон 20 дарсади хостаашонро аз сомонаҳои маҳаллӣ пайдо мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле, ки соли 2010 истифода аз сомонаҳои маҳаллӣ танҳо 10 дарсадро ташкил мекард. Яъне ин нишонаи он аст, ки махзанҳои ватанӣ бештар талаботи истифодабаронро иҷро мекунанд. Ҳоло аз ҳар 10 сомонае, ки корбарони Тоҷикистон бештар ба онҳо муроҷиат мекунанд, дуяш дар асл ватанӣ ҳастанд, яке сомонаи Азия-плюс аст ва дувум - Радиои Озодӣ.»

Ба гуфтаи Асомиддин Атоев, осонтар шудани дастрасӣ ба интернет аз тариқи телефонҳои мобилӣ ва алоқаи Wi-Fi ба афзоиши корбарони “тӯри ҷаҳонӣ” мусоидат кардааст. Дар пажӯҳиш омадааст, ки 6 дарсади пурсидашудагон тариқи телефонҳои мобилӣ, 33 дарсад аз компютер ва 58 фисад бо истифодаи баробар аз ин ҳар ду вориди шабакаи ҷаҳонӣ мешудаанд. Ҳамзамон пажӯҳиши мазкур зиёд шудани истифодабарандагони интернетро дар рустоҳои Тоҷикистон низ нишон додааст. Гуфта мешавад, 72 дарсади пурсидашудагон гуфтандд, ки ҳамарӯза як ва ё якчанд маротиба ба интернет пайваст мешаванд, ки ин шумора дар муқоиса бо 2 соли пеш 23 фисад афзоиш ёфтааст.

Асомиддин Атоев, раҳбари Анҷумани фароҳамоварони интернет дар мавриди арзиши истифодаи интернет дар Тоҷикистон мегӯяд, «агар дар қиёс бо ду соли пеш бигирем, коҳиши нархҳо мушоҳида мешавад. Бештари корбарон омодаанд, ки барои истифодаи як моҳаи интернет аз 10 то 20 доллар пардохт кунанд. Аммо албатта, дар муқоиса бо дигар кишварҳо ин нарх гаронтар аст, зеро контенти мо ниҳоят заиф аст ва бинобар муроҷиат кардан ба сарчашамаҳои глобалӣ, бештари траффик аз берун меояд ва мутаносибан нарх низ гаронтар мешавад.»

Дар ҳамин ҳол, Маҳмудхон Сараев, як масъули шӯъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, натиҷаҳои ин пажӯҳишро барои муайян кардани омодагии электронии кишвар муҳим арзёбӣ намуд ва гуфт, «татбиқи барномаи гузариш ба ҳукумати электронӣ ниёз ба гузаронидни чунин пажӯҳишро дорад. Зеро бе донистани ҳолати воқеъӣ пешравӣ ниҳоят душвор аст. Воқеъан натиҷаи ин тадқиқот барои то ба охир расонидани лоиҳаи барномаи рушди ҳукумати электронӣ ва ташаккули ҷомеаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.»

Маҳмудхон Сараев
Маҳмудхон Сараев
Бояд гуфт, тарҳи «ҳукумати электронӣ» соли 2003-юм оғоз ёфта, қарор аст, то соли 2020 такмил шавад. Мубтакирони ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, сокинони кишвар аллакай барои қабули хадамоти ҳукумати электронӣ омодаанд ва он ниҳодҳову муассисаҳое, ки аҳамияти ин равандро дарк кардаву қобилияти кадрӣ доранд, то андозае дар ин самт пеш рафтаанд. Аз ҷумла Рустам Қосимов, раҳбари Бунёди иҷтимоии «Интернет» мегӯяд, дар баъзе бахшҳо Тоҷикистон дар пешниҳоди хадамоти электронӣ аллакай гомҳои ҷиддӣ гузоштааст, вале дар баъзе соҳаҳо то ҳанӯз дар марҳилаи ибтидоӣ қарор дорад.

Ҷаноби Қосимов афзуд, «ресепти ягонаву дурусти ворид кардани ҳукумати электронӣ вуҷуд надорад. Ҳар як давлат бо роҳи худ меравад ва ин роҳро дар асоси имкониятҳои дар кишвар мавҷуда интихоб мекунад. Мо боварӣ дорем, ки дар сурати самаранок истифода бурдани имкониятҳои мавҷуда,дар солҳои наздик бисёр хидматрасониҳои электронӣ дастрасӣ шаҳрвандони мо мегардад. Масалан, то имрӯз дар Кумитаи андоз ва вазорати маориф чунин хидматрасониҳо ба роҳ монда шудаанд ва алҳол дар вазорати ҳифзи иҷтимоӣ ислоҳоти низоми нафақа амалӣ карда шуда истодааст, ки он низ як қисми ҳукумати электронӣ хоҳад буд.»

Бо ин ҳама, ба гуфтаи коршиносони риштаи мухобирот, бахши умдаи ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон, бо вуҷуди таъмин будан бо компютер, то ҳанӯз вориди ҷаҳони электронӣ нашудаанд ва бисёраш ҳатто саҳифаҳои интернетии худро надоранд.
XS
SM
MD
LG