Беҳрӯз Зеваров, мудири ширкати “Топ-Медиа” ва муҳаққиқи шоу-бизнеси тоҷик, ки то кунун барои рӯи саҳнаи ҳунар омадан ва шӯҳратёр шудани овозхонҳо талош мекард, ҳоло бо таронаи нахустинаш “Оиша” (Аиша) худ вориди ин саҳна мешавад. Таронаи аввалини Беҳрӯз бо забони русӣ ба бозор ироа шудааст ва муаррифии расмияш 15 июл дар Душанбе сурат хоҳад гирифт.
Аммо, ба гуфтаи Беҳрӯз Зеваров, тарона алакай чанд рӯз боз дар беш аз 40 радиову расонаҳои Русия, Алмаато ва Бишкек пахш мешавад. Матни “Оиша” ё “Аиша”-ро Роберт Мирзоян ва Фирӯз Абдуллоев махсус барои Беҳрӯз навиштаанд ва дар ин тарона асосан аз ҷудоиву фироқ шиква мешавад.
Худи Зеваров ҳам мегӯяд, “душвортарин марҳила дар зиндагии инсонҳо ва муносибатҳо ин вақтест, ки кас дар фироқ ба сар мебарад, аммо бо ин ҳам ишқ дар дилаш зинда асту ба ояндаи хубу хушбахтӣ бовар дорад.” Ӯ мегӯяд, дар зиндагии худ ин эҳсосотро таҷруба кардааст. “Ман ҳам дар зиндагӣ ин марҳиларо пушти сар кардам, вақте дӯстдоштаат аз наздат меравад ва медонӣ, ки дигар барои баргардондани ӯ коре карда наметавонӣ, хеле мушкил аст,” - гуфтааст Беҳрӯз Зеваров зимни муаррифии ин таронааш дар расонаҳои Русия.
Зеваров 15 июл дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, овозхонӣ барояш бегона набуд ва барои таҳияи таронаи “Аиша” аз моҳи декабри соли гузашта то кунун заҳмат кашидааст. Вай барои таҳияи ин суруд аз Таҳмина Рамазонова, овозхони гурӯҳи “Авасто”, сипосгузор аст, ки вақту фурсати худро барои комилтар кардани овозхонии Беҳрӯз дареғ надоштааст. Беҳрӯз чанд моҳе назди Таҳмина дарси вокал ҳам хондааст.
“Дар дили ман орзуву ҳаваси овозхонӣ кайҳо буд. Ҳамеша фикр мекардам, ки аз ӯҳдааш ба хубӣ баромада метавонам ё не. Дар ниҳоят чунин бовар дар вуҷудам ҳосил шуд ва, хушбахтона, мутахассисони соҳа аз ин тасмими ман истиқбол карданд ва барои рушди овозхониии ман муосидат мекунанд,” – шарҳ дод ӯ.
Дар посух ба ин суол, ки чаро тарона ба забони русӣ суруда шудааст, Беҳрӯз Зеваров гуфт, пеш аз ҳама мехоҳад нерӯи худро дар шоу-бизнеси кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бисанҷад. “Мо мехоҳем фарҳанги худро барои кишварҳои русзабон муаррифӣ кунем. Аз сӯйи дигар бояд дар ин замони рушди технологӣ ба ҳама масъалаҳо, аз ҷумла ҳунар нигоҳи васеътар дошта бошем. Ин тарона алакай дар шаҳрҳои Маскав ва Алмаато ва Бишкек пахш мешавад,” – гуфт ӯ.
Беҳрӯз Зеваров гуфт, бо шурӯи овозхонӣ ба карйераи продюсериаш хотима нахоҳад дод, вале гуфт, теъдоди овозхонҳои ҳамкорашро камтар хоҳад кард. Ҳоло вақти зиёди худро ӯ ба таҳияи сурудҳо сарф мекунад. Ӯ гуфт, “вақт кам аст, барои ҳамин, шумораи овозхонҳои ҳамкорамонро камтар кунем.”
Мудири ширкати “Топ-Медиа” мегӯяд, баъд аз таронаи “Аиша” боз се сурудаш омодаи пахшанд, ки ҳамагӣ дар шакли дуэт ва бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ иҷро шудаанд.
Беҳрӯз Зеваров то кунун ба ҳайси продюсери овозхонҳои маъруфи тоҷик фаъолият дошт. Ӯ дар гузашта китоби худро бо номи “Асрори шоу-бизнеси тоҷик” низ чоп карда буд, ки дар он аз зиндагӣ ва кори овозхонони тоҷик қисса мешавад.