Ҳикматулло Насриддинов, вазири пешини хоҷагии об ва намояндаи халқ дар Шӯрои олии Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки дар пойтахти кишвар ҳайкали раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуда, ӯ барои бори дувум Қаҳрамони миллии Тоҷикистон эълон шавад. Оқои Насриддинов мегӯяд, барои чунин пешниҳодаш, ки ба бовари ӯ метавонад бо вокунишҳои мухталиф рӯ ба рӯ шавад, далелҳои худро дорад.
Хабарнигори Радиои Озодӣ низ дар як сӯҳбат бо Ҳикматулло Насриддинов, аввал аз ӯ пурсид, ки ин пешниҳодҳояш оё шахспарастӣ нест ва чаро ӯ мехоҳад, ки дар пойтахт муҷассамаи президентро бубинад?
Ҳикматулло Насриддинов: "Албатта, гузоштани як муҷассама ба як одами бузург дар кадом вақте набошад, зарур аст. Гузоштани муҷассама ба ин марди бузургу кордон, ки миллати моро дар вақти мушкил муттаҳид карду мардуми парокандаро якҷоя кард, шарт аст. Мо дар замони нооромии кишвар бо ӯ якҷоя кор мекардем, баъдан ҳам дар мақомоти зиёде ҳамроҳ будем. Шароиту мушкилоте, ки он замон буд, воқеан мудҳиш буд. Хунрезии зиёд шуд, гуруснагӣ буд, аммо имрӯз бубинед шароит комилан дигар аст. Ман сари ин пешниҳод зиёд фикр карда ва ба ин хулоса омадам, ки ин корро барвақт кардан лозим буд. Мо бояд ӯро қаҳрамони дубораи Тоҷикистон эълон кунем. Арзанда аст. Албатта, агар худи он кас розӣ бошанд, боз қарори парлумон лозим аст."
Озодӣ: Назаратон ба равандҳои сиёсии имрӯза чӣ аст? Махсусан, дар робита ба вазъи ҳизбҳои сиёсие мисли ҲНИТ ва ҲКТ, ки ба қавли таҳлилгарон бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯянд...
Ҳикматулло Насриддинов: "Ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки ғайр аз ҲХДТ миқдори аъзои ҳизбҳои дигар кам аст ва онҳо наметавонанд, ягон ақидаи худро баён кунанд ва корро пеш баранд. Ҳизби наҳзати исломӣ, ки ҳизби дувуми кишвар ҳисоб мехӯрд, ин ҳам пароканда шуд, ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шуд, ҳоло дигар гуфтани ин ки ин ҳизб мемонад, ё не мушкил аст. Вале дар маҷмӯъ бисёрҳизбӣ, ҳамин хел ҳаст, ки кашмкашаҳои зиёд аз ҷониби ҳизбҳо мешаваду давлат ҳеч вақт обод намешавад. Мо инқилоби кабири сотсиалистии Октябрро дар хотир дорем, ки то 30 ҳизб буд ва ҳар рӯз як ҳизб митинг дошт, билохира ҳамин хел шуд, ки як ҳизби коммунистро монданд. Баъд давлат каме ҷон гирифту рушд ёфт. Барои ҳамин, бисёрҳизбӣ дар давлат наметавонад боис ба тараққиёти он шавад."
Озодӣ: Аммо яккаҳизбӣ барои як ҷомеаи демократӣ то куҷо мувофиқ аст?
Ҳикматулло Насриддинов: "Албатта, аз нуқтаи назари демократия гӯем, яккаҳизбӣ нодуруст аст ва бояд мардум озод бошад. Боз ин фикрҳо ҳам ҳаст, ки агар мухолифин набошанд, давлат тараққӣ карда наметавонад, вале мухолифин дар он вақт нерӯманд аст, ки тавонад дар пешрафти кишвар мусоидат кунад. Яъне, дар баробари танқид роҳҳои пешрафтро пешниҳод кунад, аммо ҳамин хел баромада фақат танқид кардаву кашмакаш кунанд, нодуруст аст."
Озодӣ: Дар робита ба вазъи Ҳизби коммунисти Тоҷикистон назаратон чӣ аст?
Ҳикматулло Насриддинов: "Ҳизби коммунист бештар аз 70 сол ҳукмрони давлати Шӯравӣ буд, бисёр пурқудрату сағирапарвар буд, аммо ҳоло ин ҳизб пир шудааст. Ҳозир дар ҳизб аксаран мардуми нафақагиру барҷомонда мондааст, ки онҳо дигар наметавонанд ҳизбро пеш баранд. Аз сӯи дигар ҳизб ягон даромади молиявӣ ҳам надорад."
Озодӣ: Замоне Шумо низ ҳизби худро бо номи кишоварзӣ доштед, ки баъдан баста шуд. Дар ин солҳо дигар талоши фаъол кардани ин ҳизбро накардед?
Ҳикматулло Насриддинов: "Дар варақаҳои ҳизби мо камбудҳо буданд. Вақтҳои бисёр нозук буд ва мо хостем бо Ҳизби халқӣ-демократӣ муттаҳид шавем, вале ҳизби моро бо қарори Додгоҳи олӣ бастанд. Шароити барқарор кардани ҳизб он давра бисёр мушкил буд. Ҳоло ман узви ягон ҳизб нестам."
Озодӣ: Баъзеҳо бар инанд, ки бо гузашти солҳо назари Шумо ҳам ба сиёсат ва ҳукуматдорӣ дар Тоҷикистон дигар шуд. Мегӯянд, замоне аз вакилоне будед, ки ба ҳар сурат аз мушкили мардум мегуфтед ва ҳоло...
Ҳикматулло Насриддинов: "Албатта, замоне аз камбуд зиёд мегуфтем, зеро роҳбарони он давр, роҳбарии ҳам Ҳизби коммунист, ҳам Шӯрои олӣ фалаҷ шуда буд ва мо дар баромадҳо камбудҳо ва рафтори нодурусти онҳоро мегуфтем, аз нооҳаққиҳое, ки аз сӯи як минтақа ба минтақаи дигар сурат мегирифт, аз тақсимоти ресурсҳои давлатӣ, ки он давр муҳим буд, мегуфтем. Оҳиста - оҳиста решаи онҳо суст шуд ва аз байн рафтанд. Имрӯз ҳам, албатта, камбудҳо ҳастанд, ки ҳалталабанд. Масъалаи озуқаворӣ ва таъмини аҳолӣ бо барқ таъмин кардани мардум. Ин масъалаҳоро ҳал кардан зарур аст, вале инҳо кори якрӯза нестанд."
Озодӣ: Мешаванд ҳолатҳое, ки ба худ фикр мекунед ва аз кадом кори нокардаатон дар замони вазирӣ ё мақомдорӣ пушаймон мешавед? Ва аслан агар имрӯз Шумо сари қудрат ё дар курсии вазирӣ мебудед, дар навбати аввал чӣ кор мекардед?
Ҳикматулло Насриддинов: "Замони вазирии мо талабот сахт буд. То вазирӣ расидан ин кори осон набуд, аз ҳамаи ҷо таҳлил карда мебаромаданд. Ҳар вазире, ки ин мақомро мегирифт, ҳатман шабу рӯз меҳнати софдилона мекард. Ман ҳар коре, ки он давр лозим буд, иҷро кардаам. Ҳоло ҳам фахр мекунам, ки он давра дар ин вазифаҳо кор кардаву аз уҳдааш баромадам."
Озодӣ: Дар ин чанд соле, ки дигар аз сиёсат канор рафтаед, ба чӣ корҳо машғулед?
Ҳикматулло Насриддинов: "Баъди ба нафақа баромадан, дигар кори давлативу ҷамъиятӣ намекунам, вале ҳамчун сиёсатмадор ҳамеша расонаву рӯзномаҳоро мехонаму таҳлил мекунам. Бештари вақтро ҳамроҳи фарзандону набераҳо мегузаронам."
Озодӣ: Баъди нашри китоби "Таркиш" дар бораи ҳодисаҳои оғози солҳои навадуми Тоҷикистон дигар дар фикри таълифи ягон китобе нашудед?
Ҳикматулло Насриддинов: "Китоби “Таркиш 2”- ро омода дорам. Ҳоло дастнавис аст ва таҳлилҳои амиқ лозим барои он. Китоби аввал дар бораи ҷанги шаҳрвандӣ буд, чӣ тавр мо якҷоя шудему вазъ чӣ хел буд. Китоби нав алакай дар бораи тараққиёти замони имрӯз аст."
Озодӣ: Ҳоло писари Шумо ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Австрия фаъолият дорад. Каме дар бораи он кас ҳам мегуфтед. Аз чӣ шурӯъ шуд фаъолияташон?
Ҳикматулло Насриддинов: "Бале, баъзан дар барои мансабҳои фарзандон вазирону сафирон менависанд, вале фарзанди ман замоне ба ин маснад расид, ки ман рӯйи ягон мақом набудам. Вай корро аз соҳаи гумрук шурӯъ кардааст. Як сол кор кардаву гуфт, ин ҷойи ӯ нест ва ифлос аст. Баъд рафт вазорати корҳои хориҷӣ, 17 сол кор кард. Аз корманди одӣ дар ин сохтор шурӯъ кард. Соҳаи дипломатияро хуб хонд ва ҳоло ба ҳайси сафир дар Австрия фаъолият дорад."