Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нобовар: "Барои зинда хонданам галстук халал мерасонад"


Нобовар Чаноров, овозхони тоҷик, ки ахиран дар қатори 50 хушсалиқаи Душанбе шомил гардид, меҳмони навбатии радиои "Озодӣ" шуд.

Нобовар Чаноров, аз ҷумлаи овозхонони муваффақи тоҷик аст, ки соли 2013 ба чанд дастовард ноил гардидааст. Сафари вай ба Русия ва Аврупо ва аз ҷумлаи 50 нафар хушсалиҳои Душанбе гардидани ин овозхон, шӯҳрати уро миёни мухлисон бештар кард. Дар оғози сӯҳбат аз Нобовар Чаноров, дар бораи барномаҳои консертиаш дар Маскаву Аврупо ва таҳияи СД-и нави ӯ пурсидем:

Нобовар Чаноров: - Дар соли 2013 ду - се барномаи консертӣ барои шаҳрвандони тоҷики муқими Маскав барпо кардем ва миёни ширкатдорони ин барномаҳо шаҳрвандони русу тотор ва ғайра низ буданд, ки онҳо аз ман давъат карданд, то дар Маркази рассомони Маскав консерт доир кунам. Ин кор ҳам сурат гирифт. Баъдан даъвати дигаре гирифтем ба Осорхонаи ба номи Александр Сергеевич Пушкин, ба Бунёди Марҷонӣ, ки ҳунарнамоии мо миёни аҳли донишмандону зиёиён хуш истиқбол гардид. Дар охир ба Олмон сафар кардем. Пас аз бозгашт ба Тоҷикистон раҳбари Бунёди Марҷонӣ ба ман занг зад ва пешниҳод кард, ки барномаи консертии ман дар Осорхонаи ба номи Пушкинро СД карданӣ аст. Ман низ пазируфтам. Ин бунёд СД-ро нашр кард ва ҳатто ба маросими муаррифии он ман даъват шудам, ки қабл аз Соли Нави милодӣ дар Маскав доир шуд.

Радиои Озодӣ: Пас ҳоло ин СД дар фурӯш аст, бале?

Нобовар Чаноров: - Ин СД-и барои фурӯш дар Маскав аст ва дар бозорҳо ва дӯконҳо фурӯхта мешавад, ки шаҳрвандони мо харидорӣ мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон ба фурӯш гузошта нашудааст. Чун ба ин тарафи масъала таваҷҷуҳ накардам. Танҳо шуморе аз онро бо худ овардам ва ба тамоми дӯстонам тӯҳфа намудам. Аммо аз рӯзе, ки тӯҳфаи ин сидиҳоро ба дӯстонам сар кардам, ба ман занг мезананд ва мегӯянд, ки "Акаи Нобовар ин сидиро копия ё нусха карда намешавад, ку?!" Ман гуфтам, ки ин сидии оригинал ё асл аст ва дар бозори "Корвон" фурӯхта ва копӣ ҳам намешавад. Аммо аллакай 200 - 300 -тои он дар дасти дӯстонам ҳаст, ки аз онҳо нусхабардорӣ карда намешавад. Ин ба маънии он аст, ки як кори ҷиддӣ ва хуб анҷом шуд.

Радиои Озодӣ: Дар ин СД оҳангҳои нави шумо низ ҳаст ё аз қадимиҳо?

Нобовар Чаноров: - Албатта дар ин СД аз оҳангҳои қадимӣ низ ҳаст. Аммо бо таваҷҷуҳ ба ин ки бештари ширкаткунандагони консерт олимону донишмандон ва шарқшиносони муқими Маскав буданд, ба ин далел наҳваи иҷроиши консерт низ орифона ва ором буд. Яъне оҳангҳои қадимӣ бо оҳанги орому нафис ва ҷолиб, аз қабили "Дил ба ин дунё мабанд, дунёи фонӣ бигзарад,..." ва мисли ин. Ҳамзамон сурудҳои наве ҳастанд, ки бо равияи нав суруда шуданд. Умуман сурудҳои рақсӣ дар ин консерт кам буданд. Гарчанде дар се - чор суруди охирӣ мардум ба рақс омада буд, аммо ин таронаҳо рақсӣ ва мусиқии поп набуданд.




Радиои Озодӣ: Ҳар сол шумо ва умуман овозхонон талош мекунанд бо оҳанги наве муаррифӣ шаванд. Оҳангҳои зиёде эҷод кардед, ки воқеан шуниданӣ ҳастанд. Дар як соли ахир чандин оҳанги шумо шуниданӣ ва шод буданд, аз қабили "Ба лолазор". Ҳатто як оҳанги дигаратон бо номи "Шаҳло" низ писанди шунавандагон аст. Мешавад, бигӯед, ки ин оҳангҳо чигуна эҷод шуд?

Нобовар Чаноров: - Аслан суруди "Шаҳло" аз таронаҳоест, ки маъруфият дошт ва шуниданӣ буд. Чун, ки эҷодкори ин суруд - Алидоншоҳ - Лидуш дар Бадахшон хеле маъруф аст. Ҳатто барои ман ҳам зиндагии ӯ як китоби зиндагист. Ин суруд ҳарчанд, ки бо забони бадахшонӣ аст ва барои дигарон, ба хусус хориҷиён нофаҳмо аст, аммо дар Аврупо, ба вижа дар Олмон мавриди истиқболи гарм қарор гирифт. Ҳатто як дастаи мусиқӣ дар Норвегия аз ман хостанд, ки иҷоза бидиҳем то онҳо низ ин сурудро иҷро кунанд. Албатта ман розӣ шудам ва гуфтам, ки бихонед. Манзур ин аст, ки замоне раҳматии Лидуш ин сурудро барои ҳамватанон сароид, Мо ин сурудро ба Аврупо бурдам ва ҳамакнун аврупоиён зимни иҷрои ин суруд метавонанд, онро бештар дар ақсои олам паҳн кунанд. Аслан сароидани ин суруд барои ҳазорон Шаҳлоҳо хушӣ меорад ва ҳадафи мо низ хурсанд ва шод кардани мухлисонамон мебошад.

Радиои Озодӣ: Шумо дар мавриди барномаи консериатон дар Аврупо гуфтед, ширкатдорон бештар аз шумо чигуна сурудро интизор доштанд? Сурудҳои шоду шух ё рому орифона?

Нобовар Чаноров: - Дар Берлин ва Ҳамбурги Олмон ду барномаи консертӣ иҷро кардем. Бо рубоби бадахшӣ, ки кобулӣ ҳам мегӯянд, барои ҳозирон навохтам ва дар миёни оҳанг шеър мегуфтам, аз қабили:

Он қадар мастам, ки бе киштӣ ба дарё меравам,
Ё ба ишқаш мерасам ё ғарқи дарё мешавам.

Дар толор будагон ин лаҳзаҳо аз ҷой бармехестанд ва қарсак мезаданд. Суруди "Лолазор"-ро ҳамеша, ҳатто аз хурдиам месароидам. Аммо дар Бадахшон дар туйю маърака "Дафсоз" мехонанд. Ду - се гурӯҳ, иборат аз 7 - 8 нафар мехонанд. Яъне олист, гоҳ - гоҳ дар пойгаҳ медарояд ва якҷо мехонад ва дар як ҷо ором мегирифт.
Ин манзара ба ман таъсир гузор ва аз он илҳом гирифтам ва суруди "Лолазор" -ро ба ҳамин шева сароидам. Худоро шукр, ки муваффақ ҳам шудем. Ин сурд хеле машҳур шуд ва моро ҳам шӯҳратёр кард. Ҳатто баъзе ситораҳо хостанд, ки ин сурудро ба онҳо бидиҳам.

Радиои Озодӣ: Аммо Шумо ин сурдуро ба онҳо надодед?

Нобовар Чаноров: - Ман нафақат ин сурудро надодам, ҳатто чизе нагуфтам. Чун дар мо ин хел низ ҳаст, ки напурсида, сурудро иҷро мекунанд. Мардум ҳам дигар соҳиби аслии сурудро намедонад.

Радиои Озодӣ: Ахиран шумо ба гурӯҳи 50 нафарии хушсалиқаҳои Душанбе шомил шудед. Шумо инро чигуна қабул кардед?

Нобовар Чаноров: - Он ки қадр карданд, ҷои сухан ҳам нест. Фақат сипосгузорӣ мекунам, ки салиқаи моро эътироф карданд. Боз кӯшишу талош хоҳем кард, то шунавандаи худро дошта бошем ва барои ин ватану миллат эҷод кунам.

Радиои Озодӣ: Яке аз ҷанбаҳои ин озмун, таваҷҷуҳ ба либоспӯшии хушсалиқаҳо аст. Ва мо ҳангоми дар саҳна будани шумо мебинем, ки шумо бо он либосе, ки доред, худро хеле роҳат эҳсос мекунед. Пас аз ин маълум мешавад, ки шумо либоси хосе ё дрескоди муайяне надлоред, оре?

Нобовар Чаноров: - Не, не. Албатта либосе, ки ман ба бар мекунам, бояд қулай ва роҳат бошад, то сурудро бо тамоми ҳастӣ иҷро кунам. Ман ҳатто галстук ҳам намебандам ва ҳатто ин ба фикри ман ҳам намеояд. Шояд ин амр аст, ки ман ҳамеша зинда мехонам. Барои зинда хондани суруд галстук халал ворид мекунад.

Радиои Озодӣ: Баъзеҳо мегӯянд, ки Нобовар соҳиби мошини "воҳима" -нок шудааст, даромадаш низ зиёд гардида ва ҳатто ба тиҷорат машғул аст ва ину он. То куҷо инҳо воқеият доранд?

Нобовар Чаноров: - Ягон тиҷорат надорам. Мошинам "воҳима" низ нест. Як вақтҳо орзу доштам, ки мошин харам. Баъд мошин харидам ва онро фурӯхтам ва каме пул болояш гузоштам ва мошини дигар гирифтам. Ин хел нест, ки ман рафтам бозору дилхоҳ ва озодона мошинеро харидам. Воқеан зиндагӣ ҳамин аст, ё қарз мегирӣ, ё пул ҷамъ мекунӣ ва мошин мехарӣ. Мошини ман тамғаи Тайота Ландкрузер аст, чун ман ин навъи мошинро зиёд дӯст медорам. Ин ҳама дӯстдорӣ аз дӯст доштани Тоҷикистон, ватани маҳбуб аст. Ватани ман бештар кӯҳсор аст ва сафар кардан ба кӯҳистон танҳо бо ин навъи мошинҳо имкон дорад. Аз ин сабаб интихоби ман Тайота Ландкрузер аст. Худоро шукр, шароб наменӯшам ва қонунро ҳамеша риоя мекунам.

Радиои Озодӣ: Пас аз ин маълум мешавад, ки манбаи аслии даромади шумо туйҳо аст, бале?

Нобовар Чаноров: - Бовар кунед, ки намешавад, ҳунарманд туй наравад. Чун касоне маро суроғ меоянд, ҳатман мехоҳанд то дар туйи онҳо ширкат кунам. Ман низ қабул мекунам ва хидматашон ҳастам. Чун ин ҳунару кори мо аст. Мо ки дар дӯкон намешинем ва йогурт намефурӯшем. Ба ростӣ зиндагии мо бештари вақт аз ҳисоби туй аст. Чун консертҳо хеле кам аст. Аммо вақте ба консерт бандам ё аз пеш маъракае супориш мешавад, дигарон меоянд ва пули калон ҳам ваъда мекунанд, қабул намекунам. Зиёд вақт чунин шудааст, аммо ман рад кардам. Зеро мақоле аст, ки "ваъда додӣ вафо кун".

Радиои Озодӣ: Оё дуруст аст, ки дар нақшаатон барпо кардани як консерти зинда аст, ин хабар дуруст аст?

Нобовар Чаноров: - Нақшаҳо зиёд аст. Ба наздикӣ ҷавононе ба наздам омаданд ва дархост карданд, ки бо Нигина Амонқулова консерте барпо кунам. Мо хеле фикр кардем ва розӣ шудем. Ман наметавонам ба мухлисонам ваъда диҳам, ки ин консерт фардо ё пасфардо баргузор мешавад. Чун консерти зинда омодагии зиёд мехоҳад.

Радиои Озодӣ: Ташаккур.
XS
SM
MD
LG