Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қадами дувуми Эрон барои рафъи танишҳо


Ҳектор Тимерман(акс аз бойгонӣ)
Ҳектор Тимерман(акс аз бойгонӣ)

Бино ба хабарҳо, Эрон ба ҳамкорӣ бо Аргентина дар роҳи таҳқиқи бомбгузории соли 1994 алайҳи маркази яҳудиён дар пойтахти он кишвари Амрикои лотинӣ розӣ шудааст

Эрон зоҳиран ба таҳқиқи муштараки бомбгузории соли 1994 алайҳи маркази яҳудиён дар пойтахти Аргентина розӣ шудааст. Бар асари он ҳамлаи 19 соли пеш дар Буэнос-Айрес 85 нафар кушта шуданд ва додгоҳи Аргентина Теҳронро ба таъмини молии ин бомбгузории хунин айбдор мекунад.

Бино ба гузорише, ки Телам - хабаргузории расмии Аргентина - нашр кардааст, вазири хориҷаи ин кишвар Ҳектор Тимерман ва ҳамтои эронии ӯ Муҳамммадҷаводи Зариф дар мавриди таҳқиқи муштараки бомбгузории маркази яҳудиёни Буэнос-Айрес рӯзи шанбе дар дидорашон дар ҳошияи иҷлосияи Маҷмаъи умумии СММ дар Ню-Йорк тавофуқ кардаанд.

Телам аз оқои Зариф нақли қавл мекунад, ки гууфтааст, Эрон ба хотири рӯшан кардани розҳои нуҳуфтаи он ҳамла “ба тамоми нуқоти муомила арҷ хоҳад гузошт.” Бино ба ин гузориш, қарор аст, ду кишвар гурӯҳҳои таҳқиқотие таъсис бидиҳанд, ки моҳи ноябр дар Женева ба манзури таҳияи шароити таҳқиқот ташкили ҷаласа хоҳанд кард.

Аҳмад Ваҳидӣ - яке аз гумонбарон дар ҳамлаи соли 1994
Аҳмад Ваҳидӣ - яке аз гумонбарон дар ҳамлаи соли 1994
Мақомоти Аргентина дар соли 2011 дар иртикоби ин таркиши хунин ҳукми боздошти вазири вақъи дифоъи Эрон Аҳмад Ваҳидӣ, 5 эронии дигар ва як шаҳрванди Лубнонро содир карда буд. Додситони Аргентина Алберто Нисман ба дунбол гуфт, изҳороти Эрон дар бораи омодагияш барои ҳамкорӣ то замоне, ки гумонбаронро дар ихтиёри Аргентина нагузорад, гапҳои хушку холӣ боқӣ хоҳанд монд. Теҳрон ва Ҳизбуллоҳ – созмони тундрави шиъаҳои Лубнон, ки аз сӯи Эрон ҳимоят мешавад - даст доштанашон дар ҳамла ба маркази яҳудиёни Буэнос-Айресро рад мекунанд.

Масъалаи ин бомбгузории хунин дар аввали соли равон замоне дигарбора вирди забонҳо шуд, ки раисиҷумҳури Аргентина Кристина Фернандес гуфт, як “куммиссиюни ҳақиқат” дар робита ба ин ҳамлаи соли 1994 таъсис хоҳад ёфт. Хонум Фернандес гуфт, ин ҳайъат ҳуқуқдонҳои хориҷӣ, ба истиснои атбоъи Эрону Аргентинаро дар бар гирифта, бо таҳлили шавоҳид тавсия хоҳад дод, ки қазия бояд чигуна муҳокима шавад?

Аммо созмонҳои яҳудӣ он замон қасди Аргентинаву Эрон ба ташкили куммиссиюни муштараки таҳқиқи бомбгузории хунини соли 1994 дар Буэнос-Айресро маҳкум карданд. Ҷамъияти яҳудиёни Аргентина гуфт, мухолифи ин муомила аст. Шимон Самуэлс – мудири Маркази Визентал дар Порис, яке аз созмонҳои мӯътабари яҳудиён низ гуфт, “ташкили куммиссиюни муштараки ҳақиқат бо Эрон мисли мазҳака аст.”

Гузориши ахир дар мавриди пешрафти Аргентинаву Эрон дар масъалаи таҳқиқи бомбгузории соли 1994 - яке аз мояҳои таниши Эрон бо ҷомиаи байналмилалӣ - дар ҳоле нашр шуд, ки аломатҳое аз зоҳиран об шудани сардии тӯлонӣ дар равобити Эрону Ғарб далолат мекунанд.


Рӯҳонӣ ва Обама
Рӯҳонӣ ва Обама
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама шоми ҷумъа дар соъоте ки ҳамтои эронии ӯ Ҳасани Рӯҳонӣ меҳмонхонаеро, ки дарт рӯзҳои ширкаташ дар иҷлоси солонаи Маҷмаъи умумии СММ иҷора менишаст, алакай тарк мегуфт, ба ӯ занг зад ва тавре ҳарду раҳбар таъйид карданд, бо ҳамдигар пиромуни барномаи баҳсбарангези ҳастаии Эрон сӯҳбат кардаанд. Ин аввалин тамоси мустақими раҳбарони Амрикову Эрон аз замони инқилоби исломии соли 1979-и Эрон буд.
Ҳасани Рӯҳонӣ баъди бозгашт дар Теҳрон изҳор дошт, ки дар гуфтугӯ бо Обама ба масъалаи ҳастаии Эрон тамаркуз кардааст: “Баҳсе, ки мо бо оқои Обама дар телефон доштем, умдатан масъалаи ҳастаӣ буд. Ман гуфтам, ки масъалаи ҳастаии Эрон на танҳо ҳаққи мардуми Эрон аст ва на танҳо баҳси тавсааи Эрон аст, балки болотар баҳси ғурури миллии миллати Эрон аст. Эшон гуфт, ки мо ҳуқуқи ҳастаии мардуми Эронро азъон дорем (мепазирем).”

Барак Обама низ ин нуктаи ахир дар тавзеҳоти оқои Рӯҳониро тасдиқ мекунад: “Ман бовар дорам, ки замина барои ҳалли масъала вуҷуд дорад. Раҳбари олии Эрон алайҳи сохти таслиҳоти ҳастаӣ фатво додааст. Раисиҷумҳур Рӯҳонӣ ҳам ишора кард, ки Эрон ҳеҷ гоҳ силоҳи ҳастаӣ намесозад. Ман возеҳ кардам, ки дар сурати пойбандии Эрон ба тааҳудоташ мо ба ҳаққи мардуми Эрон ба нерӯи сулҳомези атомӣ эҳтиром мегузорем.”

Баҳси ҳастаӣ умдатарин мояи таниши Эрон бо Ғарб боқӣ мемонад. СММ ба далели саркашии Теҳрон аз қатъи ғанисозии уран 4 дафъа то кунун алайҳи Ҷумҳурии исломӣ таҳримот ҷорӣ кардааст. Дар Ғарб бар ин назаранд, ки Эрон таҳти либоси барномаи тавлиди нирӯи барқи ҳастаӣ дар асл фикри сохтани силоҳҳои ҳастаиро дар сар дорад. Теҳрон инро ҳамеша радд ва ба табиати комилан сулҳомези барномаҳои ҳастаияш таъкид мекунад.
XS
SM
MD
LG