Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари Хумайнӣ аз Хоманаӣ даъват кард, ки ба диктотурӣ роҳ надиҳад


Духтари оятуллоҳ Хумайнӣ, бунёдгузори давлати исломии Эрон, дар як номаи бенамуна аз раҳбари рӯҳонии ин кишвар даъват кардааст, ки Ҳошимии Рафсанҷониро ба рӯйхати довталабон баргардонад.

Заҳро Мустафавӣ-Хумайнӣ дар номаи эҳсосотие аз оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, ки дар ҳама масоили давлатӣ ҳарфи ниҳоиро мезанад, даъват кардааст,ки бо барқарор кардани Рафсанҷонӣ, ҳамчун номзад ба раёсати ҷуҳмур, аз қабзи диктаторӣ дар Ҷумҳурии Исломӣ ҷилвгирӣ кунад.

Духтари Хумайнӣ дар номааш, ки дар сомонаи "Ҷаморон" нашр шудааст, мегӯяд: “Ин тасмим дар байни ду дӯсти падари ман (Рафсанҷонӣ ва Хоманаӣ) ҷудоӣ меандозад. Ин ҳамчунин беэҳтиромӣ нисбат ба мардумро нишон медиҳад. Ин ҷудоӣ ба ба инқилоб ва режим осеби бузург мерасонад. Ҳамчунон ки Имом Хумайнӣ ҳамеша мегуфт, “ин беҳтарин замонест, ки шумо ду нафар бо ҳам кор мекунед.”

Шӯрои Нигаҳбони Эрон номи ҳашт нафар аз номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии Эронро эълом кард, аммо номи Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва Исфандиёр Раҳими Машоӣ дар миёни онҳо нест.

Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди
Заҳро Мустафавӣ-Хумайнӣ
Заҳро Мустафавӣ-Хумайнӣ
Аҳмадинажод низ гуфтааст, ки сарнавишти Машоиро аз тариқи Раҳбари Олӣ ҳал хоҳад кард. Ба гузориши телевизиони давлатии Эрон, Алиакбар Вилоятӣ, Саид Ҷалилӣ, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, Мӯҳсин Ризоӣ, Ҳасан Рӯҳонӣ, Муҳаммадризо Ориф, Муҳаммад Ғаразӣ ва Муҳаммадбоқир Қолибоф дар миёни номзадҳои таъйиди салоҳиятшуда мебошанд.


лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:29 0:00
Линки мустақим


Хабаргузории «Меҳр» нахустин хабаргузории дохилии Эрон буд, ки ин хабаррро ба нақл аз як манбаи огоҳ эълом кард. Пас аз он хабаргузории ИСНО дар хабаре монанд, таъкид карда буд, ки номи ин ду нафар дар феҳрист нест.

Дар ҳамин ҳол, Аббосалӣ Кадхудоӣ, сухангӯи Шӯрои Нигаҳбон асри рӯзи сешанбе эълом кард, ки феҳристи номзадҳои салоҳияташон таъйидшуда, ба вазорати умури дохилӣ фиристода шудааст. Бар асоси қонун, вазорати умури дохилии Эрон барои эъломи ниҳоии номзадҳо 48 соат фурсат дошт, аммо аз ин фурсат истифода накард ва шомгоҳи сешанбе ин номҳо аз телевизиони давлатии Ҷумҳурии Исломӣ эълом шуданд.

Коршиноси эронӣ, Алиасғар Рамазонпур радди салоҳият шудани Ҳошимӣ Рафсанҷонӣ ва Машоиро ингуна шарҳ дод: "Ман фикр мекунам, ки ин радди салоҳиятҳо яке аз нишонаҳои озод ва одилона набудани кулли фароянди интихобот дар Ҷумҳурии Исломӣ аст ва ин ки Шӯрои Нигаҳбон ҷойгузини тасмими умумии мардум мешавад. Шӯрои Нигаҳбон зарбаи бисёр баде ба эътибори интихобот дар Эрон зад."

Ба ин тартиб, Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии Исломӣ ва аз наздикони оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ натавонист аз садди Шӯрои Нигаҳбон, ки ниме аз он ба оятуллоҳ Хоманаӣ мансуб мешаванд, убур кунад.
Коршинос Меҳрзод Буруҷердӣ радди салоҳияти оғои Рафсанҷониро "туфи сар ба боло ба рӯи худи ҳукумати Эрон" маънидод кард.

Исфандиёр Раҳими Машо, ки низ салоҳияташ радд шуд, наздиктарин чеҳра ба Маҳмуди Аҳмадинажод аст, ки дар солҳои ахир мавриди ғазаби усулгароён қарор гирифтааст. Вай дар соли 2009 ба мақоми муовини аввали раёсати ҷумҳури Эрон таъйин шуда буд, ки бо мухолифати раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ аз ин симат канор гузошта шуд. Аҳмадинажод пас аз он Машоиро раҳбари Дафтари раёсати ҷумҳурӣ таъйин кард ва ӯ дар ин мақом то соли 2011 кор кард.

Дар ҳоле, ки номзадҳои мавриди иттифоқи ислоҳталабон ва усулгароёни мунтақид ҳозир ба номзадӣ нашуданд ё радди салоҳият шуданд, агар Ҳошимии Рафсанҷонӣ ва номзади наздик ба Маҳмуди Аҳмадинажод, бо амри ҳукумат ба арсаи интихобот боз нагарданд, ин интихобот ба рақобати дарунгурӯҳии усулгароён ва номзадҳои наздик ба Оятуллоҳ Хоманаӣ мубаддал хоҳад шуд.

Пештар дар соли 2005 ду номзади ислоҳталабон, Мустафо Муин ва Мӯҳсин Меҳрализода натавонистанд аз садди Шӯрои Нигаҳбон убур кунанд ва пас аз дархости Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси вақти парлумони Эрон бо ҳукми Оятуллоҳ Хоманаӣ ба арсаи рақобатҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ бозгаштанд.
XS
SM
MD
LG