Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати фармондеҳи ҲИУ дар шимоли Афғонистон


Мақомоти афғон мегӯянд, ки яке аз фармондеҳони гурӯҳи "Ҷундуллоҳ" (Ҳаракати исломии Узбакистон) дар шимоли Афғонистон -- ҳаммарз бо Тоҷикистон кушта шудааст.

Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон таъйид мекунад, ки Мулло Шамсиддин, машҳур ба Қорӣ Зубайр, раҳбари гурӯҳи "Ҷундуллоҳ" ҳамроҳ бо яке аз фармондеҳони ин гурӯҳ бар асари як ҳамлаи ҳавоӣ дар Афғонистон кушта шудаанд.

Ҳасиб Сиддиқӣ, сухангӯи Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон рӯзи ҷумъа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "рӯзи гузашта соати панҷу сӣ дақиқаи аср дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ Мулло Шамсиддин валади Абдулҳаким, машҳур ба Қорӣ Зубайр, раҳбари гурӯҳи "Ҷундуллоҳ" бо як тан аз фармондеҳонаш бо номи Қорӣ Асад валади Алиҷон ба ҳалокат расиданд."

Оқои Сиддиқӣ Мулло Шамсиддинро яке аз тарроҳони аслии террори Абдураҳмон Саидхелӣ, фармондеҳи пешини амнияти вилояти Қундуз ва аз шахсиятҳои боризи ҳизби Ҷамъияти исломии Афғонистон дар шимоли Афғонистон хонд. Ба гуфтаи вай, Ҳаракати исломии Узбакистон дар Афғонистон зери номи "Ҷундуллоҳ" фаъолият мекунад.

Ҳарчанд сухангӯи Раёсари амнияти миллии Афғонистон дар мавриди маҳал ва чигунагии амалиёт ҷузъиёт ироа накард, аммо хабарнигори бахши афғонистонии Радиои Озодӣ ба нақл аз Тоҷмуҳаммад, вулусволи Буркаи вилояти Бағлон хабар медиҳад, ки Мулло Шамсиддин дар минтақаи Тангии Мурчи вулусволии Баргаи вилояти Бағлон кушта шудааст. Аз сӯи дигар, тибқи бархе аз гузоришҳо, Мулло Шамсиддин дар вилояти Тахор кушта шудааст.

ҲИУ гурӯҳи мазҳабиест, ки фаъолияташ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон, манъ буда, феълан дар сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ мебарад. Ин гурӯҳ бо Толибон ва бо гурӯҳҳои Ал-Қоида ҳамкорӣ доранд ва ҳамин ҳамкориҳо заминаи мавҷудияти онҳо ва идомаи фаъолияти онҳоро таъмин мекунад.

Шумораи аъзои ин гурӯҳ то 2000 нафар тахмин зада мешавад. Баъзе аз аъзои он боздошт ва ё кушта шудаанд, вале аъзои нав низ ба суфуфи ин ҳаракат сафарбар шудаанд, ки шумораи онҳо номаълум боқӣ мемонад.

Дар Тоҷикистон мақомот дар гузашта аз чанд мавриди боздошт ва маҳкумияти аъзои Ҳаракати Исломии Узбакистон, махсусан дар вилояти Суғд хабар додаанд.

XS
SM
MD
LG