Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парчами "Давлати исломӣ" чанд соат бар фарози Тошканд парафшон буд


Парчами "Давлати исломӣ" бар фарози пул дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд
Парчами "Давлати исломӣ" бар фарози пул дар ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд

Барои ҷустуҷӯи онҳое, ки парчами "Давлати исломӣ"-ро бар фарози пуле дар Тошканд барафроштаанд, пулиси Ӯзбакистон даҳҳо нафарро бозпурсӣ мекунад.

Парчами сиёҳи "Давлати исломӣ" бар фарози яке аз калонтарин пулҳои ноҳияи Юнусободи шаҳри Тошканд рӯзи 28-уми август, чанд рӯз пеш аз иди Истиқлолияти Ӯзбакистон барафрошта шудааст. Дар ҳоле ки парчам шабона дар ин пул насб шудааст, полис танҳо субҳи рӯзи 28 август аз он огоҳ шуд ва ливои сиёҳи "Давлати исломӣ"-ро барканд. Пули Юнусобод яке аз пуриздиҳомтарин минтақаҳои Тошканд аст.

Бо шурӯи таҳқиқ пулиси Тошканд ҳоло даҳҳо нафар аз кӯчарӯбон, фурӯшандагони бозори Юнусобод, ронандагони таксӣ ва донишҷӯёни мактаби духтаронаи исломиро, ки дар атрофи и минтақа ҷойгир аст, бозпурсӣ мекунад.

"Давлати исломӣ", ки дар гузашта "Давлати исломии Ироқ ва Шом" ном дошт, дар харитаи худ, ки ояндаи хилофати исломиашро тасвир кардааст, Ӯзбакистон ва ҳамаи Осиёи Марказиро якҷо бо Ҳиндустону Эрон дар устоне бо номи Хуросон нашр кардааст. Ин ҷунбиш ҳоло қисматҳое аз Ироқ ва Сурияро зери назорат дошта, дар яке аз калонтарин минтақаҳои Сурия як шаҳрванди Тоҷикистонро амир таъйин кардааст.

Як шаҳрванди Ӯзбакистон чанде пеш ба бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ занг зада гуфтааст, ки "Давлати исломӣ" амири худро дар Ӯзбакистон низ муайян кардааст, вале ин шахс аз бурдани номи амири Ӯзбакистон худдорӣ намуд.

Аз корманди Бахши ӯзбакии Радиои Озодӣ Шӯҳрат Бобоҷонов пурсидем, чӣ касоне метавонистанд дар ин минтақаи пуриздиҳоми Тошканд парчами "Давлати исломӣ"-ро овезанд. Вай дар посух гуфт:

“Дар ҳоли ҳозир зиёда аз 50 нафар бозҷӯӣ шудаанд, то маълумоте ба даст ояд, ки чӣ касоне онро дар сари пули Юнусобод овехтаанд. Инҳо асосан кӯчарӯбон, гулфурӯшон, ронандагони таксиянд. Иттилое ба даст омадааст, ки гӯё касоне дар скутерҳо ба ин ҷо омада, байрақро овехта, зуд рафтаанд. Аммо дар бораи кӣ будани онҳо алҳол ягон фарзия вуҷуд надорад. Полис ҳамчунин донишҷӯёни мактаби духтаронаи исломиро, ки дар ҳамин наздикӣ ҷойгир аст, бозпурсӣ мекунад. Парчам дастисохт аст, матни он баргардон шуд ва дақиқ гашт, ки ин ливои замони хилофат ва парчами феълии "Давлати исломӣ" аст. Ин чиз ҳам маълум шудааст, ки дар матни парчам, дар калимаи “Оллоҳ” хатои имлоӣ роҳ ёфтааст.”

Одатан, тавре аз расонаҳои ахбори мо медонем, чунин рӯйдодҳо дар Ӯзбакистон беҷавоб намемонанд ва вокуниши сахти ҳукуматро ба миён меоранд. Ҳоло чӣ вокунише дида мешавад?

“Дуруст аст. Агар ба ҳисоб гирем, ки ин воқеа рӯӯзи 28-уми август ба амал омадааст, рӯзи 31-уми август раисиҷумҳури Ӯзбакистон Ислом Каримов нигаронии худро изҳор дошт. Вай гуфт, "Давлати исломӣ" як нерӯи сиёҳ аст ва аз рӯҳониёни кишвари худ хост, коре кунанд, ки таъсири ин ҳаракат ба дохили кишвар роҳ наёбад. Ин нишон медиҳад, ки вай чунин таъсирро ҳис кардааст. Каримов ба овехта шудани парчами "Давлати исломӣ" руирост ишора накард, аммо хеле дақиқу рӯшан аз ин гурӯҳ ном бурд ва хосттори ёфтани роҳҳои пешгирӣ аз таъсири он дар кишвараш шуд. Баъд аз ин паёми ӯ имомҳо ва пешнамозҳо дар масҷидҳои кишвар дар бораи зиддидин ва харобиовар будани ҳаракати "Давлати исломӣ" мавъиза мекунанд, дар мадрасаҳо дар ин бора сухан мешавад. Гуфта мешавад, ки аъзои ДОИШ мусулмон нестанд, хилофат бад аст ва монанди инҳо. Аз сӯе ҳам тафтиши рӯҳияи одамон боз ҳам бештар ва сахттар шудааст.”

Аммо дар бораи ҳузури шаҳрвандони Ӯзбакистон дар ҳайати гурӯҳи "Давлати исломӣ" маълумоте дастрас шудааст?

“Чунин маълумот ҳаст. Бино бар арқоми тахминӣ аз 300 то 3000 шаҳрванди Ӯзбакистон узви ДОИШ шумурда мешавад ва зери фармондеҳии як зодаи Қафқоз дар қаламрави Сурия ва Ироқ меҷанганд. Ба унвони мо як навори видеоӣ омада буд, ки дар он нафар ба узбакӣ гап мезад ва ҳатто мо муайян кардем, ки ӯ аз вилояти Қашқадарёи Ӯзбакистон аст. Ҳамчунин номаҳо низ ба мо расидаанд, ки гӯё "Давлати исломӣ" амири худро дар Ӯзбакистон таъин намуд, аммо номи ӯ махфӣ дошта мешавад. Ва дар Туркия ҳам гурӯҳҳое ҳаст, ки онҳоро қабул карда, ба Сурия мефиристад.”

Ӯзбакистон ва на танҳо он, балки кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ солҳост бо Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон дасту панҷа нарм мекунанд. Оё муносибати ин созмон бо "Давлати исломӣ" чӣ гуна аст?

“Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон то имрӯз дар бораи мунсоибаташ бо "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳеч гуна изҳороти расмӣ надодааст. Ман надидаам. Аммо созмонҳои дигар, аз ҷумла мухолифони сиёсии Ӯзбакистон дар хориҷ аз кишвар ин ҷунбишро танқид ва маҳкум карданд. Барои намуна, Ҳаракати халқии Ӯзбакистон таҳти раҳбарии Муҳаммад Солеҳ ва ҳамчунин гурӯҳи исломии “Таянч” бо сарварии Муҳаммадсолеҳ Абутов низ "Давлати исломӣ"-ро маҳкум карданд. Ин маҳкумкуниҳо дар берун ва дохили Ӯзбакистон қариб як хеланд.”

XS
SM
MD
LG